Мақомоти Маскав барои кӯмаки Бишкеку Киев ҷиҳати иҷрои фармони Путин, президенти Федератсиюни Русия дар бораи вуруди шаҳрвандони ҷамоҳири ИДМ танҳо бо шиносномаи хориҷӣ омодагии худро эълон доштааст.
Евгений Иванов, директори бахши консулии Вазорати корҳои хориҷии Русия нуқтаи болоро тасдиқ карда гуфтааст, «шояд шарикони хориҷии мо ба кӯмаки техникӣ барои гузаштан ба ин системаи нави ҳуҷҷатгузорӣ ба кӯмак ниёз дошта бошанд. Феълан барои кӯмак танҳо Қирғизистон муроҷиат кардааст, Тоҷикистон бошад, ҷиҳати гузаштанаш ба ин шакли нав моро расман огаҳ кардааст».
Бояд гуфт, гузаштан ба шакли нави вуруд ба хоки Русия бар мабнои супориши Путин аст, ки гуфта буд, сар аз соли 2015 шаҳрвандони ҷамоҳири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ метавонанд вориди Русия шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Украина, тибқи як созишномаи байналмилалӣ бо ҳамроҳ доштани танҳо шиносноми дохилӣ низ метавонистанд ба Русия раванд.
Categories
Ахбори рӯз