“Даъвои Раҳматулло Зоиров бепоя аст ва метавонад ҳар куҷое, ки мехоҳад шикоят барад, мо бо далелу рақамҳо исбот мекунем, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, тибқи қонунгузориҳои кишвар баргузор шуд,” – ин нуктаро Абдуманнон Додоев раиси дастгоҳи КМИР дар суҳбат бо хабарнигори “Озодоӣ” иброз намудааст.
Ин дарҳолест, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни баёнияе интихоботи президентии кишварро “баргузор нашуда” хонда, гуфтааст, ки ин ҳизб баъди эълони расмии натоиҷи интихобот аз тарафи КМИР ба Суди Олӣ муроҷиат хоҳад кард.
Сабаби “баргузор нашудан”-и интихоботро дармедидааст, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 2013 каме беш аз се-яки ҳамаи интихобкунандагони кишвар, яъне камтар аз 33% иштирок намуданд.
Тибқи қисми якуми моддаи 66-и Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Интихоботи Президент дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд.”