Categories Uncategorized

Саидумар Ҳусайнӣ: Мо таҳаммули шунавидани мунтақидони худ, аз ҷумла Бозор Собирро дорем Вижа

«Мо таҳаммули шунидани идеаҳо ва назарҳои мунтақидон ва рақибони худ, аз ҷумла Бозор Собирро дорем. Ба назари мо, муколама ва шунидани якдигар беҳтарин роҳ барои шинохти якдигар буда, шояд он нофаҳмиҳо ва суйтафоҳуме, ки ба сабаби дурӣ ва набудани муколамаи бевосита рух медиҳанд, коҳиш ёбанд.»- ин нуктаро Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили МН, дар робита ба даъвати Бозор Собир, шоири шинохтаи кишвар, ба нишасти фарҳангӣ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзат гуфт.

Муовини раиси ҲНИТ афзуд: «Ҳизби мо барномаи фарҳангие ба номи «Адабиёт ва андеша» дорад, ки ба он зиёиён, аз ҷумла чандин шоирони маъруфи кишварро даъват кард ва дар оянда ҳам даъват хоҳад кард. Мо тасмим гирифтем, ки дар барномаи навбатӣ устод Бозор Собирро даъват кунем, то назарҳои ишонро аз худи ӯ бевосита бишунавем, зеро худи ӯ гуфтааст, ки адабиёт худ сиёсат аст. Бовар дорем, ки нишаст бо ӯ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.»

Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз вохӯриҳои ҷолибу пурмуҳтаво бо шоирони маъруфи кишвар мисли устод Муъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Барзуи Абдураззоқ ва Рустами Ваҳҳоб дар қароргоҳи марказии ҳизб гузаштанд.

Шуъбаи фарҳанги Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар садади даъвати ишон барои ширкат дар ин нишасти фарҳангӣ аст ва ҷузъиёти бештар дар ин мавзуъро баъдтар нашр хоҳем кард.

More From Author

You May Also Like