Ду муҳоҷире, ки дар як таркиши террористӣ дар шаҳри Волгогради Русия ба ҳалокат расида буданд, субҳи имрӯз 3-юми январ ҷасадҳои онҳо ба Ватан оварда шуд. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират наздикони фавтидаҳо Тошпулод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар фурӯдгоҳ ҳузур доштанд.
Бояд гуфт, ки Тошпулод Назаров, ки 54-сол дошту сокини шаҳри Турсунзуда буд, 29-уми декабр дар пайи ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград ба ҳалокат расид. Ва дар ҳамин таркиш Раҳмоналӣ Ғозиев, муҳоҷири дигари тоҷик, ки 42-сол дошт сахт ҷароҳат бардошта, дар бемохонаи шаҳри мазкур фавтид.
Ҳамчунин зарари маънавӣ, ба хонаводаҳои фавтидагон дар ҳаҷми 2 миллион рубли русӣ пардохта мешавад, ки 1 миллиони он аз ҷониби ҳукумати федералӣ, 1 миллиони дигар аз тарафи ҳукумати минтақа, 50 ҳазор аз сӯи ҳукумати шаҳри Волгоград ва 18 ҳазор рубл ёрдампулии ҳукумати федералӣ барои гузаронидани маросими ҷаноза мебошад.
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки дардовар аст, ки дар чунин амалҳо ҳамватанони мо вафтидаву осеб мебинанд.
Оқои Эгамзод аз боздошти гунаҳкорони ин амалҳои фоҷеабор умед карда, гуфтааст тибқи қонун онҳо муҷозот хоҳанд шуд.
Воқеан имрӯз мушкилоти асосии ҷомеаи мо ин ҳам маргу мири ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар хориҷи кишвар, бахусус дар Русия мебошад. Аз ин рӯ бояд сади роҳи ин вабо гирифта шавад!