Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
«Наҷот»
10.03.2012
Қабл аз ҷаласаи «шукӯҳманд» бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 10-уми март баргузор мегардад, иддае аз шабакаҳои интернетӣ санадеро интишор карданд, ки гӯё махфӣ бошад, яъне протоколи «ҷаласаи машваратӣ»- и назди Президенти ҶТ-ро, ки бо ширкати маҳдуди мақомоти аршади кишвар зери номи «Баррасии вазъи иҷтимоии кишвар ва вазифаҳои мақомоти масъул дар ин самт» баргузор гардидааст. Банда омодагӣ доштам, сармақолаи ҳафтаинаи хешро ба «Рӯзи матбуоти тоҷик», иди ҳамкасбони хеш ва заҳматҳои шабонарӯзии онҳо бубахшам. Қишре, ки дар воқеъ тамоми мушкилоти ҷомеаро ошкор намуда, ба риштаи таҳлил кашидаанд ва мекашанд, вале мақомот кадом таваҷҷӯҳи лозиме дар ин самт зоҳир намекунанд ва эҳтироме низ қоил нестанд, баръакс бесалоҳиятии хешро ба «гуноҳ»- и онҳо бастагӣ медонанд.
Ба ҳар ҳол, сармақолаи имрӯза боз ҳам рабте дорад ба заҳмати хабарнигорон. Агар «кашфиёт»-и онҳо ҳақиқат дошта бошад, пас заҳмату иродаи касбии онҳо буд, ки аз мавҷудият ва мӯҳтавои ин санади «махфӣ», ки мустақим ба ҲНИТ ва дар умум ҷомеаи мусалмонони кишвар дахл дорад ва хеле такондиҳанда ҳам ҳаст, иттилоъ пайдо кардем. Санаде, ки аз он бӯи солҳои 37- уми даврони «барқарорсозии низоми бединӣ»- и Шӯравӣ меояд. Ҳоло суоли аввали пеши рӯ ин аст, ки чаро ҷанобони ширкаткунандаи ин ҷаласа, такрор мекунам, агар санад ҳақиқат дорад, ба ҳайси нозири олии риъояи ҳуқуқи инсон ва иҷрои талаботи қонунҳои кишвар дар таҳияи он мухолифат накарданд? Дар ҳоле ки банд – банди он натанҳо ба қонунҳо, ҳатто ба Сарқонуни кишвар мухолифат доранд.
Дар ин «ҷаласаи машваратӣ» гӯё мақомот таҳлили ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи «вазъи иҷтимоъӣ» шунида, ҳарф ба ҳарфи «протоколи махфӣ»- ро ба санади иҷроии худ кучонидаанд, ба хусус мақоми аршади ВКД дар ин кор хеле саҳим будааст. Эҳтимол маҳз зимни «таҳия»- и санади иҷроии ВКД мӯҳтавои протоколи «махфӣ» ҳам ошкор шуда бошад. Чунки ҳарду санад банд – банд шабоҳати якдигаранд, фақат бо тағйири ном, яъне санади ВКД «ҷиҳати иҷрои Протоколи машваратӣ-корӣ дар ҳузури Президенти ҶТ» номгузорӣ шудааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки протоколи «машваратӣ ва махфӣ»- и назди Президенти ҶТ- ро кӣ ифшо карда бошад ва бо чӣ василае он ба матбуоти электронӣ, он ҳам русӣ роҳ ёфтааст?
Дар воқеъ, агар ин ду санад асл бошанд (нусха аз хабаргузориҳо дарёфт шудааст), оё кадом таҳдиде ба амнияти кишвар эҳсос мешавад ё ҳадаф чизи дигарест? Оё ин санад, ба ҳамин маънӣ ягона аст ё санадҳои дигари мушобиҳе низ буданд? Оё ҳамин аст асл ва тарзи корбурд бо рақиби сиёсӣ ва шарики стротегӣ? Бале, ҳамон шарики аслие, ки як ҷониби сулҳ аст ва то ба имрӯз дар аҳди хеш пойбарҷост ва боз ҳам рушди бемайлони миллат ва кишварро дар муколамаи созанда мебинад.
Аҷиб аст, вақте дар мӯҳтавои «санади махфӣ»- и идораи олии кишвар, тавре ишора рафт, на танҳо мухолифат ба қонунҳои мавҷуд, балки ба талаботи Сарқонуни кишвар дида мешавад. «…харитаи сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти ҲНИТ, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дод…», омадааст дар протоколи мазкур, ки онро бояд КДАМ, ВКД ва Кумита оид ба корҳои дин иҷро намоянд.
Аммо аҷобати дигар ин ҷост, ки маҳз ҳамин ниҳодҳо бояд «ҳамкориро бо сохторҳои ҲХДТ дар тамоми қаламрави мамлакат пурзӯр намуда, барои ба узвияти ҳизб тавсия ва ташвиқ кардани одамони обрӯманд, занону духтарони бо маърифату боғайрат ва афсарони ба нафақа баромада, мунтазам чораҷӯӣ намоянд» ва «доир ба муаяйн кардани рӯйхати пурраи аъзои ҲНИТ ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғотии ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд».
Ҳоло интизори мо ин аст, ки дастгоҳи Президенти ҶТ дар мавриди воқеият доштани ин «санади махфӣ» чӣ вокуниш нишон медиҳад?! Оё ин фитнаи навбатии мухолифони субот ва оромии кишвар аст ё чизе дигар? Агар амри бастани сайтҳои алоҳида, бахусус Фейсбук ба хотири ошкор шудани ҳамин санад бошад, онро аллакай ҳама дар даст доранд. Асл будани ин санад рад шавад ҳам, ҳукумат ва кишвар аз бӯҳрони ба вуҷудомада, ба зудӣ берун нахоҳанд шуд, агар фишор ва «чорабинӣ»- ҳо алайҳи ҲНИТ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қатъ нагарданд.
Бо умеди пирӯзии Ҳақ алайҳи ботил.