З. Исмоилиён мегӯяд: «Дар ягон кишвари дунё ширкати фурӯшандаи барқ муфлис нест, аммо «Барқи тоҷик»-и мо сол то сол қарзаш афзоиш меёбад, ки ин ҳодисаи нодир танҳо дар Тоҷикистон рух медиҳад. Бо ин ҳама мушкилот мардум хомӯшанду сабаби қарздор будани «Барқи тоҷик»-ро ба чолиш намекашанд, ҳатто маҷоли пурсишро ҳам аз даст додаанд. Ҳамин аст, ки барқи мо ба Афғонистон қочоқ мешавад, яъне ин дуздии ошкор аст ва пули он на ба давлат ё ширкати мазкур, балки ба ҷайби баъзеҳо андохта мешавад. Аз мардум пул мегиранд, вале ними он ҳам ба давлат, ними дигар ба кисаи нокасон меравад…».
Нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1”, ки 15%-и нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, ҳушдор аз қатъи фаъолияташ медиҳад ва дар ин сурат аз шиддат ёфтани буҳрони барқ ва сабаби бекор мондани коргарон ишора мекунад.
Тавре Павел Лавров, мудири кулли нерӯгоҳи мазкур гуфтааст, агар мушкили молӣ идома ёбад, раёсати нерӯгоҳ бештари кормандони худро, ки 95%и онҳо тоҷиконанд, ба мураххасӣ фиристода мешаванд, ки ин амр паёмадҳои ногувори иҷтимоъиеро ба дунбол хоҳад дошт. Масъулини «Сангтӯда – 1», ки он аслан моли Русия ба ҳисоб меравад, мегӯянд, кумитаи андоз ҳамаи ҳисобҳои бонкии ин нерӯгоҳро мутаваққиф сохта, эҳтимол фаъолияти нерӯгоҳ то ҳафтаи дигар боздошта шавад.
Ниҳодҳои расмии Русия дар Тоҷикистон роҳи ҳалли мушкилоти «Сангтӯда – 1»ро дар ин маврид дар заминаи қарзҳои «Барқи тоҷик» мебинанд, ки имкони пардохти андозро аз байн бурдааст. Аммо Рустам Солиев, роҳбари раёсати андозситонии Кумитаи андоз дар суҳбат ба яке пойгоҳи хабарӣ гуфтааст, онҳо борҳо маъмурияти «Сангтӯда – 1»- ро
барои афзун шудани қарз огоҳ кардаанд, ки дар сурати таъхири пардохти андоз он маҷбуран ситонида мешавад ва «новобаста аз вобастагии объект, ки стротежист ё не, дар назди кумита андозсупоранда аст. Дигар масъала, бо дарназардошти ширкати монополистӣ будани «Барқи тоҷик» ва харидори ягонаи барқ будани он, барои роҳбарияти «Сангтӯда – 1» чанд маротиба муҳлат додем, аммо пардохт накарданд».
Дар навбати худ Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» тазаккур дод, ки «Барқи тоҷик» дар масъалаи қатъи эҳтимолии «Сангтӯда – 1» ягон робита надорад. Ишон ҳамчунин ишора бар он кард, ки гӯё миёни «Барқи тоҷик» ва «Сангтӯда – 1» кадом сӯитафоҳуме нест ва «Барқи тоҷик» аз рӯи ҷадвали ба мувофиқа расида миёни якдигар, ҳаққи нерӯи барқро барои «Сангтӯда – 1» пардохт карда истодааст.
Барқ маҳсулотест, ки маблағи он баъд аз интиқол ёфтанаш ба истеъмолкунанда пардохт мегардад. Яъне мардум маблағи истеъмоли барқро ба «Барқи тоҷик» месупоранд ва танҳо баъди ин ин ширкати монополистӣ қарзи хешро дар назди «Сангтуда – 1» соф мекардааст. Ин печидагии масъала хеле аҷиб аст ва суоле дар худ дорад, ки оё вақте «Барқи тоҷик»-ро ширкати монполистӣ, яъне харидори ягонаи барқ медонем, чаро он имкони пардохти барқи харидашударо надорад? Дар ҳоле ки муассиса ва ширкатҳои дигари истифодабарандаи барқ дар назди «Барқи тоҷик» қарздоранд, на мардуми бечора.
Ин ҳарфҳои Ёдгорӣ дар ҳоле нисбати масъулони “Сангтӯда – 1” гуфта мешаванд, ҳисоби бонкии ин нерӯгоҳ аз сӯи мақомоти андоз баста шудаву ин ширкат кори худро эҳтимол боз медорад.
Таври маълум, мақомоти “Сангтӯда – 1” борҳо аз сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки қарзи андози нерӯгоҳ аз ҳисоби қарзии “Барқи тоҷик” бекор гардад, вале ин пешниҳод аз чӣ бошад, ки мавр иди қабули масъулини марбута қарор намегирад. Дар ҳоле ки захираҳои мавҷудаи ин нерӯгоҳ танҳо барои як ҳафтаи корӣ басандагӣ мекунанду бас ва эҳтимол қатъи фаъолияти нерӯгоҳи мазкур вуҷуд дорад. Агар кор ба ин дараҷа бирасад, нерӯгоҳ танҳо баъди 56 моҳ метавонад фаъолияти хешро аз сар бигирад. Ин ҳарфҳоро Виктория Наумова, сухангӯи «Сангтӯда 1» рӯзи 5уми декабр дар сӯҳбат бо «Озодӣ» ҳам як ба як шарҳу тавзеҳ додааст, ки мушкил дар куҷост.
Ҳукумати Тоҷикистон то ба ҳол ба изҳороти расмии раҳбарияти «Сангтӯда – 1» вокуниш зоҳир накардааст, дар ҳоле ки дар изҳорот кушоду рушан арз дошта мешавад, ки агар то чанд рӯзи дигар тағйироте сурат нагирад, қубурҳои обгузар кушода мешаванду оби обанбор ба дарё ҳамроҳ мешавад, ҳамчунин агрегатҳои истеҳсоли нерӯи барқ хомӯш карда мешаванд. Дар мавриди мушкилоти дигар баъди чунин ранг гирифтани кор дар боло ишора кардем.
Ҷои тазаккур аст, ки дар сурати аз кор мондани «Сангтӯда – 1», меъёри истифодаи барқ барои аҳолӣ боз ҳам шадидтар мегардад ва эҳтимол дар баъзе аз навоҳӣ комилан қатъ карда шавад.
Аммо масъулони Кумитаи андоз дар ин маврид худро гунаҳкор ҳисоб намекунанд ва ҳамаи амалкарди хешро қонунӣ медонанд. Онҳо гӯё дар бастани суратҳисоби бонкии ҳар гуна андозсупоранда ҳақ ҳам доранд. Агарчи дар умум, ҳақ ҳам ҳастанд, вале дар роҳи ҳал пайдо кардани печидагии масъала низ масъул мебошанд, чунки манфиати сокинони кишвар дар миён аст.
Дар ин маврид иқтисодшинос Аюб Эгамов печидагиҳои масъаларо шарҳу тавзеҳ дода мегӯяд, фикр мекунам, пурра бастани «Сангтӯда – 1» аз мантиқ дур аст ва «дар масъалаи напардохтани қарз бошад ҳар ду тараф, ҳам роҳбарияти нерӯгоҳ ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон тавассути мақомоти андоз якдигарро метарсонанд. Вале ин ҳама кашмакашҳо танҳо ба имиҷи сармоягузорӣ дар соҳаи энержӣ латмаи сангин ворид месозад.
Зеро дар намунаи неругоҳи «Сангтуда – 1» ҳукумати Тоҷикистон муносибати хешро ба намоиш гузошт, ки барномаҳои энержии дутарафа дар дурнамо мувоҷҷеҳи чӣ паёмадҳоест. Дар навбати аввал, ин зарбаест ба маблағгузории ояндаи нерӯгоҳи «Роғун», ки лоиҳаи азим ба шумор меравад ва ҷалби бештари сармоягузориро тақозо дорад. Фикр мекунам, баъди ин ҳама корнамоиҳои ҳукумати Тоҷикистон ягон ташкилоти байналмилалии молиявӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика бо кишвари мо ҷуръат намекунад ва ҳукумат шарики боэътимод будани худро зери суол мебарад.
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ҳам ин мушкилот танҳо болои миллати тоҷик мебинаду бас, «барои масъулини «Сангтӯда – 1» ин тарзи шакл гирифтани масъала кадом мушкиле надорад. Онҳо фақат кори агрегатҳоро боз медоранду маҷрои обро мекушоянд, танҳо дар минбаъд асароти инро боз ҳам миллат мушоҳида мекунад. Яъне меъёри истифодаи барқ маҳдуд мешавад, коргарони ин нерӯгоҳ, ки аксаран тоҷиконанд, бекор мемонанд. Бо ҳамин раванд масъулин дар шаҳрҳо ҳам барқро хомӯш мекунанд».
Бале, тавре Зулфиқори Исмоилиён ҳам таъкид мекунад, пули барқ бояд пардохт шавад. Мутаассифона ин масъала чандин сол боз ҳалли худро пайдо карда наметавонад, зеро худи масъулони «Барқи тоҷик» пули пардохтшудаи барқро медузданд, ҳамчунин барқро ба Афғонистон мефурӯшаду фоида мебинанд, вале маблағи қарзи барқро пардохт карданӣ нестанд.
З. Исмоилиён мегӯяд: «Дар ягон кишвари дунё ширкати фурӯшандаи барқ муфлис нест, аммо «Барқи тоҷик»-и мо сол то сол қарзаш афзоиш меёбад, ки ин ҳодисаи нодир танҳо дар Тоҷикистон рух медиҳад. Бо ин ҳама мушкилот мардум хомӯшанду сабаби қарздор будани «Барқи тоҷик»-ро ба чолиш намекашанд, ҳатто маҷоли пурсишро ҳам аз даст додаанд. Ҳамин аст, ки барқи мо ба Афғонистон қочоқ мешавад, яъне ин дуздии ошкор аст ва пули он на ба давлат ё ширкати мазкур, балки ба ҷайби баъзеҳо андохта мешавад. Аз мардум пул мегиранд, вале ними он ҳам ба давлат, ними дигар ба кисаи нокасон меравад…».
Тавре таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар ин бора қаблан ба роҳбарони ин ширкат суол кардаанд, ки чаро шумо ҳисобу китоби муайяне надоред ва ё чӣ қадар барқ мефурӯшед? Дар посух онҳо хомӯш мондаанд ва З. Исмоилиён ба ин бовар аст, ки ин ширкат як ширкати бесоҳиб аст. Ҳамзамон ҳисобкунакҳои насбкардаи ин ширкат ҳам ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд ва ҳисобкунакҳо ҳудуди 20%и барқро барзиёд мезанад. Ин масъаларо ҳама медонанд, вале ин ҷо ҳам хомӯширо пеша намудаанд.
Дар умум, масъала бармегардад ба ҳукумати кишвар, ки оё масъулини марбутаи кишварро ҷавобгӯи ин мушкилот медониста бошад? «Барқи тоҷик» худро қарздор намедонад, пас ин масъалаи печидаро бояд кӣ ҳал намояд? Чун маълум аст, ки сокинони кишвар, ки аксаран нодоранд, имкони харидории дигар сӯзишвориро надоранд. Пас танҳо барқ аст, ки барои рӯзгузаронии онҳо мусоидат мерасонад. Чаро ҳукумат аз Кумитаи андози хеш намепурсад, оё роҳи ҳалли масъала дар куҷост: боз ҳам бахшидани қарзи чандсолаи «Барқи тоҷик» ё таҷдиди комили он?
Қазияи қарздорӣ солҳост, ки идома дорад, аммо «Барқи тоҷик» мушкилоти хешро болои аҳолӣ таҳмил кардаасту бас. Вақте «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки корхонаҳои Тоҷикистон пули истифодаи барқро саривақтӣ намесупоранд, чаро ҳукумат хомуш меистад, оё дар хидмати мардум будан ҳамин аст? Бори аввал нест, ки «Сангтӯда – 1» дар мавриди қарзи «Барқи тоҷик» садо баланд мекунад, ҳатто аз соли 2009 ба ин сӯ, вале ҳиҷ нест, ки ин масъала ҳал шавад. Агар масъалаи «Сангтӯда – 1» ҳам ба печидагиҳои сиёсӣ миёни Русия ва Тоҷикистон табдил ёфта бошад, гуноҳи мардум чист?
Мардумро пайваста миннат мегузоранд, ки Тоҷикистон аз манобеъи бузурги энержии об бархурдор аст, вале тӯли беш аз 20 сол ин миллат дар фасли сармо азоб мекашад. Пас пайдо кардани роҳи ҳалли масъала дар масъулияти кист? Мо ба ин фикрем, ки ҳукумати Тоҷикистон, вақте мегӯяд, танҳо баъд аз анҷоми сохтмони “Роғун” мушкили барқ аз миён меравад, боз ҳам ҷуз хокпошие ба чашми мардум чизи дигаре нест. Намунаи инро дар роҳандозии ду «Сангтӯда» шоҳид гаштем. Бо умеди канор рафтани масъулини бемасъул.
Умед Сиддиқшоҳ