Categories ҶОМЕА

“Санъат”-и наве дар Тоҷикистон

Масъулони ВУД мегӯянд, Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Аштро ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон боздошт кардаанд.
Ин ниҳоди интизомӣ шоми 3 июл дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон эълон кард, Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муаррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло” Бурҳониддин соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.
Ин бори аввалу дуюм нест, ки дар шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ чунин филмҳои фаҳш ба намоиш гузошта мешаванд. Қаблан филмҳое зери номи “Муллои ҷодугар”, “Нури наҳзат 1”, “Нури Наҳзат 2”, “Муллои ҳисорӣ”, “Муллои панҷакентӣ” ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд, ки аксари онҳо дар худ саҳнаҳои ғайриахлоқӣ дош­танд ва забон аз шарҳи он оҷиз аст.
Дар ин филм ва наворҳои қаблӣ ҳам аз як тараф “муҷримон”, ки ҳамаи онҳо “мулло”-янд, дастдарозӣ ба номус мекунанд, аз дигар сӯ, тамоми амалкарди ғайриахлоқии онҳо ошкоро нишон дода мешавад.
Бояд таъкид кард, ки ин гуна филмҳои телевизиониро метавон ба филмҳои порнографӣ монанд кард. Аммо таҳия ва пахши онҳо дар Тоҷикистон дар ҳаргуна сайту макон мамнуъ буда, ҷавобгарӣ ҳам дорад. Бо вуҷуд, дида мешавад, ки телевизионҳои ҳукуматӣ хоставу нохоста ин филмҳои порнографиро, албатта бо навъи “тоҷикӣ”-аш ба намоиш мегузоранд.
Бубинед, дар Амрико ва кишварҳои ғарбӣ таҳияву пахши филмҳои порнографӣ озод асту инро ҳамчун санъат пазируфтаанд, монанди дигар филмҳои ваҳшатноку ҷангии худ.
Дар кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бошад, тарвиҷи ин гуна филмҳо ҷуз хароб сохтани ахлоқ чизи дигаре надорад. Бо ин вуҷуд, тавре мушоҳида мешавад, таи як соли ахир телевизионҳои кишвар пои хешро фаротар аз кӯрпа дароз намуда, ба намоиши доимии “мулло”-ҳои зинокор, ки маълум нест бо дурбини чӣ касоне сабт шудаанд, машғуланд. Аммо хеле аҷиб ба назар мерасад, ки аксари онҳоро аъзои ҲНИТ муаррифӣ менамоянд ва ин амр беғараз будани наворҳоро зери савол бурда, ошкор месозад, ки ҳадаф сиёсист.
Таҳқиру тавҳин аст, вақте дар ин наворҳо ҳарфҳое бо садои гӯяндаи филм шунида мешаванд, ки ин наворҳо бо ҳамкории бахши “амният”-и ҲНИТ омода шудаанд, то суфуфи ҳизбро аз фосиқон пок кунанд. Дар ҷои дигар ҳам гуфта мешавад, ки ҳарчанд амали ин “мулло” нангину фаҳш аст, вале чораи дигаре ҷуз пахши он нест.
Дар ҳар сурат, пахши наворҳои “муллоҳо” новобаста аз узви кадом ҳизб будани онҳо аз тарафи ҷомеъа маҳкум карда мешавад, зеро дар ҷомеъаи 97%-и мусалмонӣ мулло ва масҷид маҳбубияти хос доранд. Таҳлилҳо аз он далолат медиҳанд, ки пахши чунин наворҳои филммонанд бо саҳнаҳои бадахлоқӣ, новобаста ба “тоҷикӣ” ё ғайритоҷикӣ будани онҳо, ҳадаф беобрӯ сохтани домуллоҳо, қишри соҳибмаърифати ин ҷомеъа, ҳадди ақал коҳиш додани ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеъаи кишвар аст. Дигаре аз ҷанбаҳои ин ҳадаф мафкураи ҷавононро нисбат ба мафҳуми мулло ва домулло ба шиддат тағйир додан мебошад, коре, ки тӯли 80 сол низоми лодинии Шӯравӣ тамоми имкониятҳоро истофода бурду натиҷаи лозимеро барои худ касб карда натавонист.
Манфиатхоҳони имрӯза ҳам бо истифода аз ҳамин услуб тамоми имкониятҳоро истифода бурда, дар сояи амалҳои ҷиноии инсонҳои алоҳида, натанҳо ҷойгоҳ, ҳатто номи маъруфу соҳибеҳтироми МУЛЛО-ро дар зеҳни сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон бад ҷилва доданианд. Онҳо наворҳои мазкурро ҳадафмандона таҳия ва қабл аз ҳукми додгоҳии ҷинояти ин инсонҳои бадахлоқ пахш месозанд, ки оқибаташ ногувор ва даҳшатнок хоҳад буд.

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like