“Дар асл он тазоҳуроте, ки шуд, худи мардуми Брюлево ширкат надоштанд. Ширкаткунандагон гурӯҳҳое мисли ДПНИ (Движения против нелегални иммиграция) мебошанд, ки ба қавле, сенарияи тарҳрезишударо мебозанд. Созмоне ба номи ДПНИ вуҷуд дорад, ки сарварии ин созмонро сардори гурӯҳе аз миллатгароён ба номи Поткин ё Белов, ки ин нафар бо ду насаб муаррифӣ мешавад, ба уҳда дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар Русия на танҳо худи русҳо миллатгаро мебошанд, балки худи Белов, ки аз ӯ ёд кардем, яҳудитабор аст. Ӯ ба мусулмонҳо нафрат дорад. Ин роҳбари миллигарои яҳудитабор ҳамеша мадумро даъват ба латукӯби муҳоҷирин мекунад. Дар ҳаводиси Брюлево ин шахс даст дошт.”
Таври маълум пас аз куштори як шаҳрванди рустабор дар шаҳри Брюлевои Маскав вазъи бе ин ҳам мушкили муҳоҷирини меҳнатӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии федератсияи Русия мушкилтар шуд. ВАО-и русӣ пайваста дар бораи тасмимгириҳои нави мақомоти русӣ нисбати муҳоҷирини меҳнатӣ хабару гузоршиҳо пахш мекунад. Барои ошно шудан бо вазъ, тасмим гирифтем бо Ҳамид Фаридунов, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз муҳоҷири меҳнатӣ, ки таи ин рӯзҳо аз Маскав баргаштааст, дар ин робита суҳбате анҷом диҳем.
– Аввалан Шуморо ба Ватани азизамон хайрамақдам мегӯем ва сониян фишорҳо болои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ва тасимгириҳо ва “таҳдидҳо”-и мақомоти рус оиди таомули шадидтар бо муҳоҷирон албатта ҷомеъаи Тоҷикистонро, ки беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатии мо он ҷост,нигарон кардааст. Лутфан бигӯед,ки вазъи дар он ҷо чӣ гуна аст?
– Қаблан бо арзи ташаккур салому паёми хешро барои барои ҳамаи ҳамватанони дохили ва бурунмарзӣ мерасонам.
Сипас қобили зикр аст, ки Русия дар ҳоли кунун дар як ҳолати дигаргуншавӣ ва ё таҳаввулот қарор дорад. Бешак метавон гуфт, ҳодисаи ахире, ки дар Брюлево рӯх дод, барои ҷомеъаи Русия таъсири сахт расонид ва бахусус мардуми Маскав ва мақомоти қудратии Русияро такони сахт дод. Аслан метавон гуфт, куштори як нафар аз ҷониби дигар кас ҳодисаи беназир ва ё камназире нест, чунин ҳаводис қариб, ки дар тамоми дунё – чӣ дар гузашта ва ё дар ҳоли ҳозир арзи вуҷуд дошт. Вале ба андешаи ин ҷониб чӣ ҳукумати Русия ва мухолифини он аз ин ҳодиса мехоҳанд ба манфиати хеш коре анҷом диҳанд.
Дар Маскав таҳти унвони миллатгаро гуруҳҳое вуҷуд доранд, ки пас аз се рӯзи ин куштор мардумро алайҳи муҳоҷирини меҳнатӣ водор ба қиём намуданд. Ҳукумат дар қазияи ба амал омада нахост, ки худро дар канор бигузорад. Метавон гуфт ҳукумат тазоҳуркунандагонро тақвият дод, ба ҷои ин ки мардумро ба оромиш даъват кунад. Ҳатто гурӯҳҳои махсусе, ки дар дохили ҳукумат ҳастанд, идаъои он карданд то низоми раводидро бо кишварҳои ИДМ ҷорӣ намоянд.
Дар бораи ин ки қиёми густардае алайҳи муҳоҷирин рӯх медиҳад, ҳеҷ ҳақиқате надорад.
– Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, кимуомила миёни мардуми бумии Маскав ва муҳоҷирин дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Муомила миёни мардуми бумии Маскав ва муҳоҷирин дар сатҳи мухталиф қарор дорад, зеро муҳоҷирин дар он ҷо танҳо аз як халқ ва як миллат нестанд. Таври ба ҳамагон маълум, аз кишварҳои мухталифи дунё он ҷо муҳоҷирин машғули дарёфти ризқу рӯзӣ мераванд.
Ба унвони мисол, муҳоҷирине, ки аз Белорусия ва ё аз Украина он ҷо ҳузур доранд, бо русҳо муштаракоти зиёде аз қабили динию фарҳангиро доро мебошанд, аммо муҳоҷирине, ки аз Осиёи Миёна он ҷо машғули коранд, умдатан мусалмонҳо ҳасатанд. Ин ихтилофоти зикргардида албатта ба раванди муомила ва муносибат таъсири амиқи хешро дорад.
Аз нуқта назари худам, ин муносибатҳоро дар умум мусбат разёбӣ мекунам. Вале ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки бо сӯи истифода аз муҳоҷирин даст ба корҳое номатлуб мезананд.
– Чанде қабл шаҳрдори Маскав Собянин зимни мусоҳибаи худ дар бораи эҳтимоли қабули низоми махсусе нисбат ба муҳоҷирини Осиёи Марказӣ изҳори назар намуда буд, чӣ омилҳо сабабгори чунин тасимимгириҳо шуданд?
– То он ҳадде, ки аз воқеъияти Русия огоҳӣ дорам, ягон ҳаракат ва ё бархурд тасодуфан рӯх намедиҳад. Ҳар як мансабдоре, ки наздик ба президенти кишвари Русия мебошад, аз ҷумла Собянин сиёсати худро дорад, албатта дар бисёр мавридҳо бо раиси ҷумҳур ва ё дастгоҳи он робита дорад, то ки ҳамоҳангие миёни онҳо вуҷуд дошта бошад.
То он ҷо, ки ман аз ВАО-и Русия хабардорам ва инчунин гуфтугузоре, ки миёни мардум ба гуш мерасад, Собянин як инсони бегона аст. Ӯро ҷаноби Путин ба Маскав овардааст, чун медонад мардуми Маскав нисбати муҳоҷирин чандон хушбин нестанд, бо истифода аз ин вазъ мехоҳад худро назди мардум ширин нишон диҳад. Чун Собянин дид, ки мухолифаш Навалнӣ шиори зидди муҳоҷирин дошт ва мехостанд бо истифода аз назари мардуми Маскав ба сари қудрат биёянд ва миллатпарастӣ ва ё миллатгароӣ як курпача ва ё болиштест, ки гоҳ Навалнӣ ба сӯи худ мекашаду гоҳҳо Собянин.
Дар ҳодисаи Брюлево метавон гуфт Собянин бурд кард, чун аз қудрат бархурдор аст, ӯ тавонист сохторҳои қудратиро ба макони ҳодиса ҷалб намояд.
Дар асл он тазоҳуроте, ки шуд, худи мардуми Брюлево ширкат надоштанд. Ширкаткунандагон гурӯҳҳое мисли ДПНИ (Движения против нелегални иммиграция) мебошанд, ки ба қавле, сенарияи тарҳрезишударо мебозанд.
Созмоне ба номи ДПНИ вуҷуд дорад, ки сарварии ин созмонро сардори гурӯҳе аз миллатгароён ба номи Поткин ё Белов, ки ин нафар бо ду насаб муаррифӣ мешавад, ба уҳда дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар Русия на танҳо худи русҳо миллатгаро мебошанд, балки худи Белов, ки аз ӯ ёд кардем, яҳудитабор аст. Ӯ ба мусулмонҳо нафрат дорад.
Ин роҳбари миллигарои яҳудитабор ҳамеша мадумро даъват ба лату кӯби муҳоҷирин мекунад. Дар ҳаводиси Брюлево ин шахс даст дошт.
– Муомилаи мақомот ва ё сохторҳои қудратӣ дар ҳоли ҳозир, ба вижа дар Маскавро чӣ гуна метавон шарҳ дод?
– Муомилаи мақомот вобаста ба манфиаташон гуногун аст. Чун бештари тоҷикҳо ба кори сохтмонӣ ва ронандагӣ машғуланд, бархурд бо онҳоро метвон мусбат арзёбӣ кард.
Аммо дар умум тафтишот дар тамоми нуқоти Маскав ҷиддист.
– Оё ин ҳама мушкилоте, ки нигаронкунанда ба назар мерасад, танҳо дар Маскав ва шаҳрҳои атрофи он доман паҳн кардаааст ва ё дар тамоми қаламрави Русия вазъ чунин аст?
– Пеш аз воқеаи Брюлево чандин тазоҳурот алайҳи муҳоҷирин дар Маскав ва шаҳроҳои аторофи он алайҳи муҳоҷирин рӯх дод. Вақте бо мардум ҳамсӯҳбат мешавӣ, онҳо ин шайтанат ва ин сиёсатбозиро хуб дарк мекунанд. Пеш аз ин ҳис мекардам як сардии шадиде миёни мардуми бумии Русия ва муҳоҷирин вуҷуд дорад, аммо вақте аз наздик ошно шудам, аз ҷониби мардум як навъ дилгармиро эҳсос кардам.
Мардуми бумии Русия мегуянд, мо хуб дарк мекунем, ки барои «моҳӣ доштан, кӣ обро лой мекунад».
Дар бораи дигар шаҳрҳо метавон гуфт, Санк Петербург яке аз шаҳрҳоест, ки вазъиятро он ҷо метавон нигаронкунанда арзёбӣ кард. Чун он ҷо қувваҳои алоҳида ва тундрав вуҷуд доранд.
Дар умум дар чеҳраи мардум бадбиниеро мушоҳида намекунӣ, вале гурӯҳҳои тундгарое вуҷуд доранд, ки бо дастгирии баъзе доираҳои манфиатхоҳ даст ба куштор ва латукуби бераҳмонаи муҳоҷирин мезананд.
Аз ҷумла, метвон ёдовар шуд, ки чанд соли қабл духтараки 5-солаи тоҷик Хуршедаро тавассути корд чӣ гуна бераҳмона кушта буданд. Пас аз воқеаи Брюлево ин гуруҳи ба ном миллатгаро ё фашист нафареро куштанд ва дигареро захмӣ карданд ва худи онҳо ин хабарро тавассути интернет пахш карданд.
– Оё ин ҳама мушкилот ва бераҳмӣ танҳо болои мардуми Осиёи Марказист ва ё хайр?
– Ин воқеъият аст, ки аксар таъқибу фишор рӯи муҳоҷирини Осиёи Марказист. Сарфи назар аз ин ки тоҷиканд ё қирғизу узбак. Муҳоҷирине, ки бо мардуми рус ҳамбастагии динӣ ва нажодӣ доранд ба монанди Украинҳо ва Русҳо нисбатан хеле роҳат машғули кори хешанд. Ҳатто агар вазъи сиёсӣ миёни он кишварҳо ва Русия тағйир ёбад ҳам, муносибат тағйир намеёбад. Ин дар ҳолест, ки тибқи баъзе оморҳо 6 милион муҳоҷири меҳнатӣ аз Украина дар Русия машғули коранд.
– Оё пас аз ҳаводиси Брюлево, ки қотил тавре расонаҳо хабар доданд, озаритабор буд, чӣ мушкилот болои муҳоҷири озарӣ воқеъ шуд?
– Бояд донист, ки ҳар як халқ ба истилоҳи русҳо дар дохили сохторҳои қудратии Русия “лоббӣ” дорад ва лоббист касест, ки манофеъи халқу кишварашро дар дохили ҳукумати Русия ҳифз мекунад.
Бо камоли таассуф Тоҷикистон аз чунин қувва дар ҳукумати Русия бархурдор нест. Танҳо дар дохили Маскав бештар аз як миллион муҳоҷири озарӣ машғули коранд, ки аз ҳимоят бархурдоранд. Муҳоҷири озарӣ барои манфиатҳои ҳамдигар мунсаҷимтар ба назар мерасанд.
– Дар масъалаи раводид ҳукумати Русия чӣ тасмимеродар назар дорад?
– Аслан хостори раводид боз ҳамон оқои Навалнӣ мебошад ва ба хотири ҳадафҳои сиёсии хеш ин пешниҳодро борҳо эълон карданд. Вале дар сатҳи ҳукумат пеш аз ин касе ин чизҳоро нагуфта буд.
Аммо пас аз пешниҳод дар думаи Русия бисёриҳо ин пешниҳодоро ҷонибдорӣ карданд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин сахт зидди ҷорӣ кардани раводид аст. Аз тариқи ВАО, Путин изҳор намуд, ки мо ҳеҷгоҳ ин корро намекунем.
– Ташаккур, барои суҳбат.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат