Акмалиддин Эҳсон Уғлу, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба ҳамроҳи ҳафт узви доимии ин созмон байни рӯзҳои 14 то 15 ноябр аз Миянмор дидан хоҳанд кард.
Аҳмад Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия ба намояндагӣ аз Туркия дар ин дидори дурӯза ширкат хоҳад кард.
Тибиқи хабаргузориҳо, ҳадаф аз ин дидор пайдоиши як роҳи ҳалли решадор барои масоили мусалмонони муқим дар Миянмор эълом гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ба гузориши хабаргузориҳо тайи чанд рӯзи охир мусалмонон дар ин кишвар дар як вазъи баде ба сар мебурданд, ки ҳатто аз бемористон беморҳои мусалмонро берун карда буданд.
Дар баробари ин, мусалмонон дар ин кишвар аз ҳеҷ як ҳуқуқҳои озодии шаҳрвандӣ ва инсонӣ бархӯрдор нестанд. Аммо мутаассифона имрӯзҳо давлатҳои исломӣ таваҷҷуҳи хосе нисбати ҳолату вазъи мусалмонони ин кишвар надоранд.