Сафари ҳайати ҲНИТ ба Исломобод

«Баъди он ки даъват ба ин конфронс ба мо расид, ба суйи Исломобод роҳсипор шудем. Ин конфронс номи зебое «Ваҳдати уммати исломӣ: Чолишҳо ва имкониятҳо ва накшаи роҳ» дорад. Аммо баъди роҳи дарозе ки барои расидан ба Исломобод паймудем, фаҳмидем, ки чолишҳо аз имкониятҳо зиёдтар ва бештар мебошанд. Дар ҳоле, ки масофа байни Душанбе ва Исломобод бо ҳавопаймо беш аз ду соат намебошад, вале кутоҳтарин роҳ аз Душанбе ба Исломободро дар хатсайрҳои Душанбе – Машҳад – Теҳрон – Абудабӣ – Исломобод пайдо кардем. Оё муносиб аст, ки дар бораи «нақшаи роҳ» суҳбат кунам, дар ҳоле ки барои аз Душанбе ба Исломобод расидан, 3 рӯз ва чор ҳавопайморо дарбар гирифт? Ин аст бузургии чолишҳо ва камии имкониёт.»– ин нуқтаро роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳамоиши «Ваҳдати уммати исломӣ», ки рӯзи 11 ва 12-уми ноябри соли 2012 дар пойтахти Покистон, Исломобод баргузор гардид, гуфт.

Ӯ афзуд: «Пас барои мо муҳим он аст, ки бояд дар бораи ин мафоҳим ва вожаҳо фаротар аз он чӣ одат кардаем, фикр кунем. Мо бояд зиёдтар дар бораи ҳамкории кишварҳои исломӣ дар рушди иқтисод, фарҳанг, комуникатсия ва ғайра сӯҳбат кунем.»

Дар ин конфронс ҳайати ХНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб ва вакили МН, ва намояндагони ҳаракатҳои исломӣ аз Туркия, Малайзия, Ирон, Афғонистон ва ғайра ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории ин хамоишро наздик кардани созмонҳо ва мазоҳиби динии Покистон ва ҷаҳони Ислом бо гароишҳо ва дидгоҳҳои мухталиф унвон карданд.

Раиси ҲНИТ инчунин пешниҳод намуд, ки “як иттиҳоди байналмиллалии ҳизбу ҳаракатҳои дорои платформаи исломӣ ташкил гардад, то ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ тавонанд аз таҷрибаи якдигар барои хидмати беҳтар ба миллатҳояшон истифода баранд. Вақти он расидааст, ки нерӯҳои муътадили исломӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ибтикорро ба даст бигиранд ва нагузоранд, ки ислому мусалмононро танҳо гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ё дунявӣ муаррифӣ намоянд. Яке аз сабабҳои асосии фаъол шудани ифротгароҳои динӣ ва дунявӣ дар ҷаҳони ислом ва ба низоъ кашидани ҷомеъаҳо, ин ақибнишинии нерӯҳои муътадили динӣ ва дунявӣ мебошад, ки бо ҳам ҳамкорӣ надоранд ва майдонро ба ифротгароҳо додаанд.

Дар ҳошияи ҳамоиши ду рӯза, ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ бо роҳбарон ва намояндагони харакатҳои исломии Туркия, Малайзия, Афғонистон, Покистон ва шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳони ислом мулоқот анҷом доданд.

Инчунин, ҳайати ҳизб бо донишҷуёни тоҷик, ки аз Исломободу Лоҳур омада буданд, дидор намуд.

Вохӯриҳои ҳайати ҲНИТ дар Исломобод идома дорад ва баъдтар тафсилоти бештарро нашр хоҳем кард.

More From Author

You May Also Like