Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфтааст, ки Душанбе алоқаманди густариш ва афзоиши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф бо Эрон аст.
Неъматуллоҳ Эмомзода дар дидор бо шаҳрдории Қазвин афзудааст, ки шароити лозим ба мақсади тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон фароҳам аст.
Ба гузориши як хабаргузорӣ, вай сатҳи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва бозаргонӣ миёни фаъолони иқтисодии ду кишварро боло хонда ва бо ишора ба сафари ахири раисҷумҳури Эрон ба Душанбе гуфт, ки дар ин сафар тавофуқномаҳое дар бахшҳои мухталиф байни мақомоти ду кишвар ба имзо расид, ки ин мавзуъ метавонад ба густариши ҳар чи бештари ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон кӯмак кунад.