Инсон
499) Суол: Ассалому алайкум.
Агар муқтадӣ фавқуллода пеш аз имом ният кард, намозаш дуруст мешавад?
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Бародари гиромӣ, суоли матраҳнамудаи шумо, аз ду ҳолат холӣ нест.
Яке ин ки муқтадӣ пеш аз имом ният намояд ва ҳамроҳи имом ва ё баъд аз имом такбири таҳрима гуфта ба намоз шурӯъ кунад.
Ҳолати дуюм ин ки пеш аз имом такбири таҳримаро гуфта, ба намоз шурӯъ намояд.
Дар сурати аввал намозаш дуруст мешавад, вале дар сурати дуюм намозаш саҳеҳ нест.
(Ниг: Абдулҳамид Маҳмуди Таҳмоз, Ал-фиқҳул-ҳанафӣ фӣ савбиҳил-ҷадид, 1/202)