Як хонуми покистонӣ дар ҳангоми адои маносики Ҳаҷ, дар вақти маросими вуқуф дар Мино ду фарзанд (дугоник), ки ҳар ду духтар мебошанд ба дунё овард.
Ба гузориши “Аларабия”, ин модари покистонӣ фарзандони худро ба муносибати ҳаҷҷи имсол Сафо ва Марва номидааст.
Аз тарафи дигар ба гуфтаи манбаъ, дар Ҳаҷҷи имсола аз тарафи мусофирон ва шаҳрвандони гуногуни дунё қонунвайронкуниҳое ба назар расидааст, ки аз ҷумла нерӯҳое ки дар истгоҳҳои бозрасӣ дар шаҳри Мадина қарор доранд, 20 мошинро мавриди тафтиш қарор додаанд, ки дар онҳо мусофирони зиёде бидуни доштани иҷозаи сафари Ҳаҷ мехостаанд вориди Мадина шаванд.
Нерӯҳои мазкур мусофирони ғайрирасмиро, ки тариқи қочоқ мехостанд вориди Мадина гарданд, боздошт карда ва аз марз берун намуданд.
Ба гузориши рӯзномаи “Алмадина”, ин афрод барои расидан ба Мадинаи Мунаввара бештар аз 300 риёли саъудӣ ба қочоқчиён пардохт кардаанд. Ба гуфтаи сарҳанг Бадр Алмолик, сухангӯи идораи гузарнома, аз оғози маносики Ҳаҷ то кунун 90 ҳазор мусофир бидуни иҷоза ба кишварҳояшон баргардонида шудаанд.