Дар ҷараёни ҷаласаи шаҳрдорӣ масъалаи фаъолияти ғайриқонунии «Аҷинабозор» мавриди муҳокима қарор гирифта, тасмим гирифта шудааст, ки фаъолияти он қатъ карда шавад.
Ҳарф сари бозоре меравад, ки дар кучаи Б.Ғафуров дар паҳлуи роҳи оҳан роҳандозӣ шудааст ва «тоҷир»-они он моли хешро аз дохили қатора пайдо мекунанд, яъне иддае аз мардумони Турсунзода ва Ҳисор аз хоҷагиҳои шахсӣ тавассути қатора моли хешро то ба ин макон меоварданд ва «тоҷир»-они «Аҷинабозор» ин молро ба нархи арзон харидорӣ карда, ба дигарон мефурӯхтанд.
Гуфта мешавад, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе ба ниҳодҳои зирабт супориш дода, ки дар дурнамо аз пайдо шудани ин гуна бозорҳо дар маҳдудаи пойтахт пешгирӣ намоянд. Ҳамчунин аз рањбарияти ширкати «Роҳи оҳан» талаб кардааст, ки кормандонаш аз корҳои худсарона даст бардоранд.
Дар ҳамин ҳол, аммо аз Кулоб хабар расид, ки бозори «Саховат»-и ин шаҳр соъати яки шаб бори дувум оташ гирифтааст.
nahzat.tj