Categories Uncategorized

Саъид ибни Зайд – Саҳобие, ки Умар (р) дар хонааш мусалмон шуд

Ҳувайдои Абдуллоҳ

26.04.2012, 09:22

Падари Саъид (р) аз ҷумлаи яктопарастон дар ҷоҳилият

Қабули Ислом дар «Дорул арқам»

Нақши Саъид дар ислом овардани Умар ибни Хаттоб (р)

Соҳиби ҳаё ва ақли беназир

Мубориз ва ходими дини Ислом

Вафот

Падари Саъид (р) аз ҷумлаи яктопарастон дар ҷоҳилият

Ҳангоме ки Саъид (р) хабари рисолат ва даъвати Муҳаммад (с)– ро шунид, дини Исломро қабул кард. Ҳамсараш Фотима бинти Хаттоб (р) низ мусалмон шуд. Чун онҳо мусалмон шуданд, аз Хубоб, ки яке аз муҳоҷирин буд, хостанд то ба онҳо таълими Қуръон бидиҳад…

Саъид (р) 22 сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад. Ӯ писари Зайд писари Амр писари Навфали Адавии Қурайшӣ буда, модараш Фотима духтари Наъҷаӣ мебошад. Модараш ҳам, бинобар бархе сарчашмаҳо, аз ҷумлаи занҳое ба шумор мерафт, ки дар оғози таъсисёбии Ислом рӯ ба ин дин овард.

Дар таърихи дини Ислом падари вай Зайд ибни Амр мақоми вижа дорад. Хусусан, ӯ бархе хислатҳое пеш аз бурузи дини Ислом дошт, ки мухолифи рафтор ва кирдори аҳли Қурайш буданд. Ба қавли таърихнигорон, қабл аз биъсати Паёмбар (с), Зайд пайрави дини ҳанифи Иброҳим (а) буд ва дар ибодату маросим мардуми Қурайшро пайравӣ намекард. Аз ҷумла, ӯ барои бутҳо қурбонӣ наменамуд, гӯшти ҳарому хун намехӯрд.

Зайд аз баъзе уламои динӣ, ки пайрави дини Иброҳим (а) буданд, шунида буд, ки ҳазрати Иброҳим (а) дар ибодат ва зиндагии худ танҳо Худованди якторо ибодат мекард ва ҳар қурбоние ки анҷом медод, танҳо барои ризои Аллоҳ мекард. Дар баробари ин бо Худованд касеро дар қудрат ва бузургӣ шарик намеовард. Баъд аз шунидани ин суханҳо, Зайд ҳамеша тибқи онҳо рафтор мекард. Ҳар вақте ки Қурайш гӯсфандонро ба қасди ибодат ба бутҳо сар мебурид, амали онҳоро маҳкум намуда мегуфт: «Гӯсфандонро Худо офарида ва аз осмон барояш борон мефиристад ва дар замин барояш гиёҳ мерӯёнад, вале шумо гӯсфандонро дар ғайрихудо сар мебуред.» Ин ривоят ба таври муфассал дар китоби “Бухорӣ”, боби ҳадиси Зайд ривоят шудааст. Ҳамчунин дар боби “Забҳ” низ ин ҳадис оварда шудааст.

Дар нақли дигаре овардаанд, ки Асмоа бинти Абубакр (р) гуфт, ки Зайд инби Амрро дар ҳоле дидам, ки ба хонаи Каъба такя дода буд ва мегуфт, “Ай гурӯҳи Қурайш, ба Худо, он чиро ки ба ғайри номи Аллоҳ забҳ шудааст, намехӯрам. Ба Худо қасам, ки касе ғайр аз ман пайрави дини Иброҳим (а) нест”.

Ҳамин тариқ, Зайдро дар яке аз сафарҳояш арабҳои роҳзан ба қатл расониданд. Вай ҳамеша умедвор буд, ки биъсати Расулуллоҳ (с) – ро бубинад ва дар охирин лаҳзаҳои зиндагияш гуфт: «Худоё, агар маро аз ин хайр маҳрум сохтӣ, фарзандам Саъидро аз он маҳрум нагардон.»

Қабули Ислом дар «Дорул арқам»

Дуои Зайд ибни Амр дар ҳаққи писараш иҷобат шуд. Писараш Саъид (р) аз ҷумлаи пешгомони аввал дар Ислом гашт. Дар солҳои аввал, қабл аз ин ки Паёмбар (с) дар хонаи Аларқам, ки дар доманаи кӯҳи Сафо дар Макка буд, дохил шавад ва дар он ҷо паноҳгоҳ гузинад, ӯ мусалмон шуд. Тавре Зайд барои наҷоти писараш Саъид (р) ҳарис буд, Саъид низ барои наҷоти падараш ҳарис буд. Саъид (р) ба назди Расулуллоҳ (с) омада ва арз кард: “Ай Расули Худо, Зайд чунон шахсе буд, ки худи Шумо медонед ва ба Шумо хабар расида, барои ӯ талаби мағфират бикунед.” Паёмбар (с) гуфт: “Бале, барои ӯ талаби истиғфор мекунам, ӯ дар рӯзи қиёмат ба танҳоӣ ба унвони як уммат ҳашр мешавад”.

Саъид (р) замоне ки камтар аз 20 сол дошт, мусалмон шуд ва ҳамсараш Фотима (р) бинти Хаттоб низ мусалмон шуд. Ҳарду дар даврони ранҷу шиканҷаи Қурайш ба мусалмонон аз ҷумлаи касоне буданд, ки алайҳи шиканҷаи мушрикини Макка сабрро пеша карданд.

Нақши Саъид дар ислом овардани Умар ибни Хаттоб (р)

Умар ибни Хаттоб (р) бо шамшер аз хона хориҷ шуд. Марде аз қабилаи Бани Зуҳра бо ӯ рӯ ба рӯ шуд ва ба Умар (р) гуфт: “Ай Умар, қасди куҷоро дорӣ?” Гуфт: «Мехоҳам Муҳаммадро ба қатл бирасонам.» Мард гуфт, ки вақте Муҳаммадро ба қатл бирасонӣ, чӣ тавр аз Банӣ Ҳошим ва Банӣ Зуҳра, авлоди Паёмбар (с) дар амон хоҳӣ монд?” Умар гуфт, ки “мисли ин ки ту бедин шудаӣ ва дини қаблии худатро тарк кардаӣ?” Мард ҷавоб дод: “Оё туро чизе аҷибтар аз ин роҳнамоӣ накунам?” Гуфт, он чист? Мард гуфт, ки “хоҳару домоди ту тағйиру дини туро тарк кардаанд.” Ӯ бо ин ҳарф мехост Умарро аз тасмими қатли Паёмбар (с) боз дорад. Умар (р) бо шунидани ин сухан ба роҳ афтод, то ба назди хоҳар ва домодаш расид. Дар он ҷо марде аз муҳоҷирин бо номи Хубоб буд, ки барои онҳо Қуръонро тиловат мекард.

Ҳангоме ки Хубоб садои Умар (р) – ро шунид, пинҳон шуд. Умар (р) ба хона ворид шуд ва гуфт: “Ин чӣ овозе буд, ки назди шумо шунидам?” Дар ин замон онҳо сураи “Тоҳо” – ро мехонданд. Гуфтанд, ки “бо ҳам сӯҳбат мекардем.” Умар (р) гуфт, ки “шояд шумо бедин шудаед?” Саъид гуфт: “Ай Умар (р), агар ҳақ ғайр аз дини ту бошад, чӣ фикр мекунӣ?” Умар (р) баъд аз шунидани ин сухан домодашро зери лагад гирифт, хоҳараш наздик омад ва ӯро аз шавҳараш дур кард. Умар (р) ӯро ҳам зад ва рӯяшро хунолуд кард. Хоҳараш дар ҳоле ки хашмгин буд, гуфт, ки “гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ба ҷуз Аллоҳ нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) фиристодаи бар ҳаққи Худованд аст”.

Чун Умар (р) аз онҳо ноумед шуд ва ба ақидаи худ содиқ будани онҳоро дид, гуфт, китобе ки назди шумост, ба ман бидиҳед, то онро бихонам. Дар чунин ҳол, хоҳараш гуфт: «Ту палидӣ ва ин китобро ба ҷуз инсонҳои покиза даст намезананд. Бирав ва ғусл кун.» Умар (р) аз ҷой бархост ва ғусл кард ва сураеро аз Қуръон хонд, ки сураи “Тоҳо” буд.

Пас аз тиловати чанде аз ин сура Умар (р) мутаассир шуд ва гуфт, ки “маро назди Паёмбар (с) бибаред”. Чун Хубоб сухани Умар (р) – ро шунид аз махфигоҳаш берун омад ва гуфт, ки “эй Умар (р), умедворам, ки дуъои Паёмбар (с), ки дар шаби панҷшанбе дуъо кард: (Худоё Исломро бо Умар писари Хаттоб ё Умар писари Ҳишом иззату сарбаландӣ иноят фармо) дар ҳаққи ту қабул шудааст”.

Пас аз ин, ӯро ба хонаи Аларқам, ки Паёмбар (с) дар он ҷо ҳузур дошт, роҳнамоӣ кард. Умар (р) ба он ҷо рафт ва бо Паёмбар (с) вохӯрд. Ҳамин тариқ, Саъид ва ҳамсари ӯ сабаб гаштанд то Умар (р) роҳи ҳақиқиро дар зиндагӣ интихоб намояд.

Соҳиби ҳаё ва ақли беназир

Саъид (р) қомати баланд дошт ва чеҳраи муборакаш гандумгун буд. Ӯ аз ҷумлаи бузургон ва саҳоба ба шумор мерафт. Саъид (р) аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба биҳишт башорат дода шудаанд. Ӯ шахсияте буд, ки дини Исломро аз даврони ҷавонӣ пазируфт ва дар партави суннат ва Қуръон рушд кард. Ӯ соҳиби ҳаё ва ақли беназире байни саҳобаҳо (р) буд. Аз ҷумлаи ҷавонмусалмононе буд, ки хидмати Исломро бар дӯш гирифт. Вақте аз эшон дар бораи коре машварат гирифта мешуд ва агар дар маҷлис касе буд, ки эшон ӯро аз худ беҳтар медонист, дар раъй додан таъхир мекард, то ин ки он шахс раъйи худро баён кунад.

Ӯ парҳезгор ва худотарс буд ва Худованду Паёмбар (с) ва асҳоби бузургворашро бисёр дӯст медошт. Ҳамаи асҳоби Паёмбар (с)- ро эҳтиром мекард. Ҳатто дар нақле омадааст, ки ба баъзе аз афрод гуфта буд, ки шумо маро маҷбур мекунед, то ба ёронам бадгӯӣ кунам, дар ҳоле ки Худованд бар онҳо салоту салом фиристода ва онҳоро мавриди лутфу мағфирати хеш қарор додааст.

Мубориз ва ходими дини Ислом

Саъид даврони имтиҳонҳои сахтро пушти сар кардааст. Аз ҷумла даврони ибтидоии онро пеш аз ҳиҷрат ташкил медиҳад, ки Саъид (р) бо ҳамсари худ дар он даврон мавриди ранҷу шиканҷа қарор гирифта буданд. Саъид (р) дар солҳои муҳосира дар Шаъби Макка таъми талхи гуруснагӣ ва дарди ҷудоию фишор ва маҳрумиятро чашид. Бо ғаму андӯҳи Паёмбар (с) дар Омулҳузн ҳангоми аз даст додани ҳамсараш Хадиҷа (р) ва амӯяш Абӯтолиб шарик буд.

Саъид (р) дар тамоми маърака ва ғазваҳое ки Паёмбар (с) фармон дода буд, ширкат варзидааст, ба ҷуз аз ғазваи “Бадр”. Сабаби дар ин ғазва ширкат накарданаш он буд, ки Паёмбар (с) ӯ ва Талҳа (р) – ро барои маъмурияти муҳиме фиристода буд. Ҳамзамон дар замони хилофати хулафои рошидин Абубакр ва Умар (р) аз ҷумлаи содиқон дар роҳи Худо ва адолат буд. Дар даврони ҳамкорӣ бо хулафо низ Саъид (р) аз ҷумлаи бузургон дар кору фаъолият ба шумор мерафт.

Вафот

Дар рӯзи ҷумъаи соли 51- и ҳиҷрӣ Саъид даргузашт. Дар рӯзи ҷанозаи ӯ, бисёр аз саҳобаҳое, ки ёрон ва ҳамроҳони ӯ буданд, иштирок карданд. Бар марги ӯ мегиристанд ва дар ҳаққаш дуъои нек мекарданд… Худованд Саъид (р) – ро ва ҳамаи асҳоби Паёбмар (с) – ро раҳмат кунад.

More From Author

You May Also Like