Рӯзи 24-уми март дар шаҳри Маскав миёни Муҳиддин Кабирӣ ва Евгений Примаков, собиқ сарвазири Русия ва яке аз ташаббускорони музокироти сулҳи тоҷикон мулоқот баргузор гардид.
Раҳбари ҲНИТ аз ҷаноби Примаков барои талошҳои пурсамараш баҳри расидан ба сулҳи тоҷикон изҳори миннатдорӣ карда, ба он таъкид доштааст , ки миллати тоҷик заҳматҳои ӯро фаромӯш нахоҳад кард.
Ҷаноби Примаков дар зимн гуфтааст, равандҳои дохилии Тоҷикистонро пайваста пайгирӣ мекунад ва сиёсатҳои мантиқиву воқеъбинонаи ҲНИТ-ро яке аз омилҳои муҳими ҳифзи суботу амният меҳисобад. Ҳамчунин ӯ ишора ба он карда, ки дар гузашта иштибоҳҳое дар муносибат бо Наҳзати Исломии Тоҷикистон рух дода буданд, аз ҷумла ҳабси роҳбари он дар замони шӯравӣ, вале мутаассифона имрӯзҳо ҳам гоҳо ин гуна иштибоҳҳо такрор мешавад, ки ба нафъи кор нестанд.
Ҷонибҳо вазъи имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Украинаро низ баррасӣ кардаанд ва дар ин маврид ҷаноби Примаков изҳор дошта, ки аз дидгоҳи роҳбарияти ҲНИТ дар бораи буҳрони Украина ва чигунагии таъсири он ба Осиёи Марказӣ огоҳ аст. Ӯ дар ин росто ишора ба суханронии ахири М. Кабирӣ бо ҷавонон дар дафтари ҳизб кардааст, ки раҳбари ҲНИТ сабаби аслии сар задани ҳодисаҳоро дар мавҷудияти ҳукуматҳои коррупсионӣ ва худкома дида буд.
Дипломати баландмақоми собиқи рус ва чеҳраи шинохтаи ҷаҳони сиёсат таҳлилҳои М.Кабириро воқеъбинона арзёбӣ карда, бо ишора ба вазъи печидаи ҷаҳони Ислом, ихтилофоти мазҳабӣ, рушди ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он, муколама ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои мардумро дар ин марҳалаи ҳассос ҷиддӣ ва муҳим дониста, гуфтааст:. ҷанг ва сулҳи тоҷикон намунаи возеҳи иштибоҳҳоест, ки Ба ҷанг бурданд ВА Дар ислоҳи Ин иштибоҳҳо корҳои зиёде анҷом гирифтанд
Ҳамсуҳбатҳо дурнамои муносибатҳои Русия ВА кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид бар зарурати ҳифзи ҳамкориҳои стротежӣ ва дӯстона миёни ду кишвар кардаанд.
Раҳбари ҲНИТ ишора ба он карда, ки миллатҳо Русияро шарики стратегӣ медонанд ва аксари нерӯҳои сиёсии Осиёи Марказӣ, новобаста аз ҳузури худ дар ҳукумат ё оппозитсия дидгоҳи муштарак доранд. Вале ҳамчунин раҳбари ҲНИТ илова кардааст, миллатҳо бояд натиҷаи ин шарикиро эҳсос кунанд ва таъсири ин ҳамкориҳо ба зиндагии миллатҳо ошкор бошад, на ба гурӯҳҳои алоҳида ё мансабдороне, ки аз ин ҳамкориҳо сӯистифода мекунанд.
М. Кабирӣ ва ҷаноби Е. Примаков дар тавофуқ бо ҳамдигар идома ёфтани чунин мулоқотҳоро ба нафъи ду миллат ва кишвари дӯст арзёбӣ кардаанд.