Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, ки дар осоишгоҳи табобатии “Баҳористон” табобат мегирифт, ҳамзамон ба ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамен ва шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо аъзову масъулини ҳизб мулоқот анҷом дод.
Муллоаббос Раҷабзоза, муовини раиси шуъбаи вилоятии Суғд ба торнамои “Наҳзат” гуфт, ки бародар Саидумар Ҳусайнӣ барои табобат омада буд, вале мо пешниҳод кардем, ки бо масъулони вилоятии мо ҳам як мулоқоти дӯстона анҷом диҳад ва пешниҳоди мо ҳам рад нагардид.
Ӯ гуфт, Саидумар Ҳ. сараввал ба ноҳияи Мастчоҳ ва баъдан ба ноҳияи Спитамен сафар намуда, бо масъулон мулоқот анҷом дод. Сипас вакили парлумон ба шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо масъулони вилоятӣ суҳбате бобати фаъолияти ҲНИТ дар вилоят оростанд. Ҳамакнун муовини аввали раиси ҲНИТ тасмим дорад, ки бо наҳзатиҳои шаҳри Конибодом мулоқоте анҷом диҳад, афзуд М. Раҷабзода.