Categories Мавқеъ

Саҳюнизм- ваҳшигариву кудаккушӣ.

Асли амалиёти низомии режими ғосиби яҳудӣ дар Ғаззаи озодихоҳ ба кудаккушӣ дар Шарқи наздик ба кудакушӣ равона мебошад. Хонандаи гиромӣ, кудаке, ки аксашро мебиниӣ фарзанди Муҳаммад Зайф яке аз фармондеҳони гурӯҳи муқовамати ҲАМОС мебошад. Имрӯз саҳюнистҳо вақте тавонмандии зарар расонидан ба шахси Муҳаммад Зайф надоранд, кудаки ӯро ҳамроҳ бо модараш ба шоҳодат расониданд.
Ҳоло ин ҷо ҷои муқоиса аст, дирӯз ДИИШ-иҳои ифротӣ як хабарнигори амрикоиро ваҳшиёна куштанд, ки ба ҳеҷ унвон ин амалкарди онҳо қобили қабул нест. Тамоми расонаҳои дунё садо баланд карда, ин гуна амалро бо номи «исломгароҳои ифротӣ» маҳкум карданду мекунанд. Аммо ҷиноятҳои кудаккушии режими малъун ва таҷовузгарро гуё намебинанду намешунаванд.
Амрикоие барои онҳо инсон асту боарзиш, вале беш аз 200 кудаки бегуноҳи фаластини чӣ?
Ман ҳамчун як мусалмон куштори хабарнигори амрикоиро шадидан маҳкум мекунам, вале Амрико ҷиноятҳои кудаккушони исроилиро маҳкум ҳам намекунад, чаро?
Пас кист ифротӣ?
Кист чинояткор?
Куҷост адолату ҳақиқат?
Оё ин гуна хомушӣ ва муносибати номатлуби қудратҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар баробари куштори ошкори кудакон мардумро ифротӣ намесозад?

More From Author

You May Also Like