Шукрона Аҳмадова
Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар маркази ҲНИТ бо ибтикори Шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ семинаре ба номи “Ваҳдат дар Қуръон” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар ҷавондухтарон ва бонувон иштирок доштанд.
Ин чорабинӣ бо тиловати ояте аз Қуръон оғоз гардид. Саҳначаҳои ҷолибе, ки аз ҷониби ҷавондухтарон пешкаш гардид, хеле таъсирбахш ва пандомез буд.
Ҳамчунин суханрониҳо ва қироати Қуръон аз ҷониби ҳофизони ин каломи Пок хеле ҷолиб буд ва таъсири хубе барои иштирокчиёни ин чорабинӣ гузошт.
Дар ин семинар Рӯқияи Нурӣ оиди фазилати Қуръон суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: “Ин қаламҳои шикаста ва калимоти бисёр маҳдуде, ки обзори андешаҳои нотавони мост, навиштан ва сухан гуфтан перомуни Қуръон, ҳассосии Қуръон, фазилати Қуръон мисли баҳри паҳноварро ба кузаи кучак ва борик ҷой кардан аст, ки ин амр на сахт ва душвор балки амри маҳол ва нашуданӣ аст.”
Руқияи Нурӣ ки хеле ҷаззоб ҳарф мезад гуфт: “Касе ки Қуръонро шиъор ва шеваи худ қарор диҳад Худо ӯро саодатманд хоҳад кард ва касе ки Қуръонро муҳтадову раҳбар ва нуқтаи интиҳоии худ қарор диҳад, Худвоанд ӯро дар биҳишти наъим манзил хоҳад дод.”
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки агар мехоҳед, ки ҳамчун саодатмандон зиндагӣ кунед, ҳамчун шаҳидон аз дунё биравед, дар рӯзи ҳасрат наҷот ёбед, дар рузи гармои сахт соябоне дошта бошед, дар рузи гумроҳӣ ба роҳи рост биравед, Қуръон бихонед, ки каломи Раҳмон аст.
Ин бону аз ҳадисе ёдовар шуда гуфт: “Аз пёмбар (с) пурсиданд; дар назди Худо кадом амал болотар аст? Паёмбар (с) фармуданд: қироъати Қуръон ва ин ки ту дар ҳоле бимири ки забонат ба зикри Худо машғул бошад.”
Ҳамчунин саҳначаи имон овардани ҳазрати Умар (р) ба намоиш гузошта шуда буд, ки хел олӣ иҷро гардид. Ҳаминтавр яке аз иштирокдорони ин семенар бо номи Марям чӣ тавр ба ин чорабинӣ омаданашро нақл кард, ки ҳамаи иштирокдорон аз шунидани ҳарфҳои ӯ ашк мерехтанд.
Марям гуфт: “Шаб ба модарам гуфтам, ки модарҷон ман пагоҳ дар маҳфиле дар Наҳзат иштирок карданиям ва мехоҳам ки Шумо низ дар онҷо ҳузур дошта бошед. Вале модарам гуфт, ки “мутаассифона наметавонам. Чун ки вақте дар чилсолагии ин ҳизб иштирок кардам корхонаи моро кофту коб карданд аз ҳамин хотир дигар ба Наҳзат рафта наметавонам.”
– Ман аз ин ҳарфҳои модарам озурда шудам ва тасмим гирифтам, ки ман ҳам намеравам, вале хеле нороҳат шудаму хобам бурд. Дар хобам дидам, ки падарам мегуфт “Бирав духтарам, зиқ нашав ман меоям!”. Намедонам ин чӣ маҳфиле буд, ки падарамро бореҳам дар хоб намедидам, вале барои омаданам ба ин маҳфил ӯ ба хобам даромаду маро ба инҷо даъват кард.
– Падарҷонам ана ман омадам маро мебинӣ?, падари шаҳидам куҷоӣ? Падарҷон!!! бубин маро чӣ қадар иззату эҳтиром карданд…”
Дар охир ба ҳамаи ширкаткунандагон аз тарафи шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.