Семинари илми дар бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи
“Зиндагонии ҳазрати Хадича (р)” баргузор гардид, ки дар ин семинар наздики
40 нафар иштирок доштанд-иброз дошт Сулаймон Қаландаров, масъули бахши фарҳангии
ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб.
Ба гуфтаи ӯ ният дорем бо мувофиқа бо маркази ҲНИТ сари
ҳар моҳ як семинар дар минтақа гузаронида шавад.
Хадиҷа (р), аввалин ҳамсари Паёмбар (с) буда, тамоми
бойгарии худро баҳри Исломи муқаддас бахшидааст. Он кас рисолати Паёмбари
гиромӣ Муҳаммад (с)-ро тасдиқ намудааст. Аз ибни Моҷар ривоят аст, ки Паёмабр
(с) гуфтанд: Рӯзҳое буд, ки мардум маро таҳдид мекарданд, аммо Хадича нафаре
буд, ки маро тасдиқ мекард. Мардум моли худро аз ман нигоҳ медоштанд ва Хадича аввалин
нафаре буд, ки моли худро дар роҳи Худованд ҳадя карда буд”.