Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи шанбе бори дигар таъкид кард, ки ҳеҷ як аз тарафҳои даргир дар Сурия наметавонанд бар дигаре пирӯз шавад.
Ба гузориши як хабаргузорӣ, ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Рейтерз”, вазири хориҷаи Русия ҳангоми бозгашт ба Маскав, пас аз дидор бо Иттиҳодияи Аврупо дар Брюксел дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, зимни таъкид бар ин ки Русия ва Чин дар мутақоид кардани Башор Асад ба канорагирӣ аз қудрат нотавон монданд гуфта, ки Башор Асад ба ҳеқ кадом аз кишварҳои Чин ва ё Русия паноҳ нахоҳад бурд.
Вай изҳор дошт, ки Русия бо пешниҳоди бархе аз кишварҳои минтақа мабнӣ бар фишори Маскав бар Башор Асад барои канорагирӣ аз қудрат мухолифат кардааст.
Вай афзуд, ки ин кишвар бар ин бовар аст, ки бо канорагирии Асад ҷанг дар Сурия шиддат мегирад.
Лавров бо ишора ба матраҳ кардани масъалаи хатароти ношӣ аз вуҷуди аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия тавассути расонаҳои хабарӣ гуфт, ки аслиҳа кимиёии Сурия танҳо дар як ё ду минтақа ҷогузорӣ шудааст ва дар ҳоли ҳозир ба шиддат аз он муроқибат мешавад.
Ҳамчунин ӯ иброз дошт, бузургтарин хатаре, ки дар оянда метавонад минтақаро таҳдид кунад, эҳтимоли дастрасии гурӯҳҳои низомии тундрав ба ин аслиҳа аст.
Вазири хориҷаи Русия дар идома изҳор дошт, ки пеш аз буҳрони Сурия ин аслиҳа дар ҷоҳҳои мухталифе дар Сурия нигоҳдорӣ мешуд, аммо акнун ҳамаи он як ҷо нигаҳдорӣ мешавад.