Бар асоси ташкили кобинаи нави Фаронса, 3 вазир аз шумори 34 вазири кобинаи Франсуа Олланд мусалмон ҳастанд.
Ба гузориши як манбаъи хабарӣ, ба нақл аз рӯзномаи “Сабоҳ” – и Туркия, аъзои кобинаи нави Фаронса ҳафтаи гузашта тавассути Жон Морк Орел, нахуствазири ин кишвар ба Франсуа Олланд, раисҷумҳури нави Фаронса муаррифӣ шуданд, ки аз миёни ин 34 вазир, 3 тан аз онҳо мусалмон ҳастанд.
Ба асоси ин гузориш, дар миёни номҳои вузарои муаррифишуда, ки шумори онҳо ба 34 нафар мерасад, 3 вазири мусалмон дар кобинаи Фаронса ба анҷом вазифа хоҳанд пардохт.
Нажо Волу Белкасми марокешитабор яке аз се вазири мусалмон буда, ки Вазорати ҳуқуқи занонро бар ӯҳда дорад ва илова бар пости вазорат, сухангӯи расмии давлати Фаронса низ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин Ямина Бенгуи алҷазоирӣ низ вазири мусалмонест, ки дар кобинаи нави кишвари Фаронса шомил буда, Вазорати фаронсавиёни муқиму хориҷи кишварро бар ӯҳда дорад.
Саввумин вазири мусалмон дар кобинаи Олланд, Қодир Арифи алҷазоиритабор аст, ки дар кобинаи Фаронса хидмати вазифа хоҳад кард. Бар асоси ин гузориш, нисф аз постҳои вазоратӣ дар кобинаи нави Фаронса тибқи ваъдаи интихоботии Олланд ба занон дода мешавад.