Categories Uncategorized

Ба асорат афтодани ду афсари баландпояи режими Сурия

Телевизиони “Аларабия” рӯзи ҷумъа ба нақл аз инқилобчиёни Сурия гузориш дод, ки артиши озоди ин кишвар ду афсари баландпояи режими Димишқро ба асорат даровардааст.

Бар асоси ин гузориш ду тан, ки тасвири видеоии онҳо бар рӯи шабаки иҷтимоии “Ютуб” ба намоиш даромадааст, худро аз шахсиятҳои барҷастаи артиши Сурия эълом кардаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъҳои мухолифон эълом карданд, ки нерӯҳои низомии Сурия 44 нафар аз ҷумлаи занон ва кӯдаконро дар шаҳри Думо дар наздикии Димишқ ба қатл расонидаанд.

Дафтари расонаҳои Шӯрои миллӣ ва Маркази расонаии Сурия бо интишори баёнияҳое эълом карданд, ки қурбониён дар шаҳри Думо бо бамборон ё тавассути тирандозӣ ва ё тариқи эъдом ҷони худро за даст додаанд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки кадом гурӯҳ ба ин куштор иқдом кардаанд, аммо мухолифони Сурия артиши давлатии Сурияро масъули чунин ҷиноёте медонанд.

More From Author

You May Also Like