Дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба пости марзӣ дар саҳрои Сино ва куштаву захмӣ шудани чанд тан аз марзбонони мисрӣ раёсати ҷумҳурии Миср ба мақсади бузургдошти кушташудагон се рӯз азои умӯмӣ эълом кард.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Ёсир Алӣ, сухангӯи ҷумҳурии Миср изҳор дошт, ки Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср се рӯз азои умӯмӣ барои гиромидошти сарбозоне, ки дар иқдомоти террористии ахир дар саҳрои Сино кушта шуданд, эълом кард.
Ёсир Алӣ баён дошт, ки Муҳаммад Мурсӣ дастур дода, то кушташудагон ё маҷрӯҳони ҳодисаи саҳрои Сино монанди кушташудагони инқилоби 25 январ эҳтиром ва мақоми онҳо бузург дониста шавад.
Алӣ дар хусуси омилони ин ҳодиса эълом кард, ки тамоми дастгоҳҳои амниятӣ ба сурати шабонарӯзӣ дар робита ба ин масъала таҳқиқ ва баррасӣ мекунанд, то дар ояндаи наздик омилони ин ҷиноятро дастгир кунанд.