АбдулатифиҲаммод
nahzat.tj
Баъд аз 90 сол аз фатвои ал-Азҳар, ки дар мавриди манъи филмбардорӣ дар нақши паёмбарон (а) ва асҳоби киром (р) дар синамо дар соли 1926 содир шуда буд ва бардоштани ин маҳрумият дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз наворҳои телевизёнӣ, силсила филми ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р), саҳобии машҳур ва халифаи дуюми мусалмонон, ки дар он нақши шахсиятҳои саҳобагони гиромӣ бозида шудааст ва дар он алоқаи дромаи таърихӣ бо хусисиятҳои динӣ тақдим мегардад.
Ин силсилафилм боиси сару садоҳои зиёд шуда, бархе аз уламо онро дуруст шуморида ва бархе дигар бо он мухолифати шадид нишон доданд.
Ин бори аввал аст, ки дар кишварҳои арабӣ дар навори телевизионӣ нақши асҳоби киром (р)- ро меофаранд. Баъд аз силсила филмҳои Иронӣ, ки чанд сол қабл ҳамаи кишварҳои арабӣ ва исломиро фаро гирифта буд, аз ин лиҳоз фикрҳои ҷадиде дар мавриди ингуна филмҳо пайдо гардид.
Ҷанҷоли қадим
Филми «Рисола», ки соли 1977 бо ташаббуси коргардон, Мустафо ал-Аққод ба навор гирифта шуда буд, аввалин иқдоме буд, ки дар мавриди нақшофарии асҳоби киром (р) ихтилофи бузургро ба вуҷуд оварда буд ва яке аз бузургтарин амали синамоӣ дар он солҳо ба шумор мерафт, ки дар қисми ангилисии он ҳунарманди ҷаҳонӣ Антони Квин ва Ирин Бобос ва дар қисми арабии он як қатор ҳунармандони машҳури араб иштирок варзида буданд.
Нақшофаринии шахсияти саҳобии ҷалилулқадр Ҳамза ибни Абдулмутталиб (р) ва Билол ибни Рабоҳ (р) дар ин филм «Рисола» боис гардид, ки муассисаи Азҳар ва чанде аз марҷеъҳои динӣ онро қабул накунанд ва бархе аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ тақдими онро дар кишварҳои худ манъ карданд. Ҳарчанде, ки дар нақши хулафои рошидин (ҳазрати Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (р) касе набозида буд ва ҳатто садову сояи онҳо намоён намешуд, аммо ин филм дар ғарб бисёр муваффақ гашт ва ба 12 забон тарҷума гардид.
Драмаи иронӣ ба ин ҳама маҳрумият нигоҳ накарда, як қатор силсила филмҳоро ба навор гирифт, аз ҷумла силсила филме аз Юсуф (а) ва дигаре аз Марям бинти Имрон (а) ва дигаре аз Ҳасану Ҳусайн фарзандони ҳазрати Алӣ (р) ва ҳоло бошад синамои Ирон омодагӣ мебинад, ки соли оянда филме аз паёмбари Ислом, Муҳаммад (с) тақдим намояд.
Силсила филми Умар ибни Хаттоб (р) бо як қатор интиқодот рӯ ба рӯ гашта аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки матни таърихии онро чанд уламои ҷаҳони Ислом аз назар гузарондаанд аз ҷумла доктор Юсуф Қарзовӣ, яке аз бузургтарин уламои аҳли суннат дар қарни 21, шайх Салмон ал-Авдаҳ, Абдулваҳҳоб ал-Тарирӣ, Алӣ ас-Саллобӣ ва дигарон, ки ин дар пешгуфтори филм ҳам зикр шуда аст.
Ҳамла барои манъ кардани филм
Барои манъ кардани ин филм дар бисёре аз сомонаҳои интернетӣ ҳамлаҳои гуногун ба вуҷуд омада аст, аз ҷумла дар Твиттер зери гурупи «Аттааҳҳаду» (яъне аҳд мебандам) ва дигаре ба номи «Силсила филми Умар (р)- ро манъ кунед» ва даҳҳо гуруҳҳои дигар дар шабакаи «фейсбук», ки ҳама хостори манъи тақдими онро баён кардаанд.
Ҳамчунин ду адвокат, яке мисрӣ ба номи Ҳомид Солим ва дигарре аз Баҳрайн ба номи Дувим ал-Мувизрӣ ба додгоҳ муроҷиъат кардаанд, ки тақдими ин филм дар ин кишварҳо манъ карда шавад, зеро ин филм ҳайбати асҳоби киром (р)- ро аз байн мебарад.
Ин дар ҳолест, ки коргардони ин филм кушишҳои зиёд карда аст, ки як ҷавонеро дар нақши Умар ибни Хаттоб (р) пайдо кунад, ки шахсияти намунавӣ ва аз нигоҳи нақшофаринӣ пок бошад. Дар охир, ихтиёри ӯ бар як ҷавоне аз Сурия ба номи Сомир Исмоъил афтод ва дар ин нақши бисёр муҳим бозида аст. Аксари коршиносон мегуянд, ки бузургтарин нақш дар таърихи драма ва синамои араб бар души ин ҷавони суриягӣ гузошта шуда аст.
Мавқеъгирии Азҳар
Хонум Сано Ҳошим, устод дар Маъҳади олии синамо мегӯяд: «Ингуна сисилафилмҳо қадосатро аз он шахсиятҳо мебардорад ва дар дини мубини Ислом башар наметавонад, ки муқаддас бошад. Дар ин ҳолат, мо метавонем, ки амалкарди динӣ ва таърихии онҳоро пешкаш намоем.»
Аммо муассисаи динии ҷаҳони Ислом, Азҳари шариф то ба ҳол дар фатвои худ устувор буда ва нақшофаринии асҳоби киром (р)- ро манъ мекунад ва даъват ба амал овард, ки тақдими ин филм манъ карда шавад, чуноне ки соли гузашта тақдими филми «Ҳасану Ҳусайн (р) »- ро манъ ва нодуруст хонда буд.
Муфтии Арабистони Саъудӣ, шайх Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ин филмро ба шиддат интиқод карда, гуфт: «Касоне ки ин филмро ба навор гирифтаанд иштибоҳ мекунанд. Агар онҳо дар ҳақиқат бихоҳанд, ки хидмат ба дин кунанд, сирати ҳазрати Умар (р)- ро тарҷума ва нашр кунанд.»
Ҳамчунин имом хатиби Каъбаи мушаррафа, доктор Абдурраҳмон Судайс зимни хутбаи намози ҷумъа аз расонаҳо хоҳиш кард, ки ҳурмати моҳи шарифи Рамазонро нигоҳ доранд ва ингуна силсила филмҳоро тақдим накунанд.
Дар муқобил коршиноси мисрӣ, Ториқ Шинновӣ мегуяд: «Муассисаҳои динӣ бояд дар ин маврид таҷдиди назар кунанд, зеро барои бори аввал як ширкати Арабистони Саъудӣ ингуна филмро ба навор мегирад ва бархе аз уламо иҷозат додаанд. Мавқеъгирии Азҳар ва муфтиёти Арабистони Саъудӣ, ки назари худро дар ин маврид то ба ҳол иваз накардаанд, дар ҳақиқат барои муассисаҳои динӣ шикаст мебошад.»