«Вести.ру» менависад, қурбониҳои ҳодисаи даҳшатбори рӯзи 2-юми май дар Одесса дастикам ба 116 нафар расидаанд. Гуфта мешавад, онҳо дар бинои Иттифоқи касабаи Одесса ба коми оташ кашида шудаанд ва қисмате сӯхта, бархе аз заҳри дуд, иддае зимни аз оташ берун кашидани худ фавтидаанд. Бинобар ин имрӯзро дар Украина рӯзи дафн ва мотам эълон кардаанд.
Чунончи, Юрий, яке аз нафарҳои ҷон ба саломатбурда аз сӯхтор гуфтааст: мо, ҳама мардонро болои фарш хобониданд ва ба сару пуштамон бо чавгончӯб буд ё дубинка, мезаданд. Мо чӣ кор карданро намедонистем….
Ин ҳам дар ҳолест, ба навиштаи «vеsti.ru», онҳоро ҷангҷӯёни “Правий сектор” гуфтаанд.
Дар ҳоле ки гуфта мешавад, дар Одесса танҳо 46 нафар қурбон шуда, мардуми маҳал ба ин бовар надоранд, балки теъдоди фавтидагонро беш аз ин шумор мегӯянд.
Categories
Uncategorized