Ҷалолиддини Маҳмуд, мушовири раҳбари ҲНИТ
Интихоботе, ки дар кишвари Афғонистон ҳамсоя доир гардид, бешак барои худи Афғонистон як ҳодисаи наву нодир ва тақдисоз ҳам ҳаст, чунки кондидҳои гуногуне дар он ширкат пайдо карданд. Афғонистоне, ки дар он мавҷуд будани ниҳодҳои демократиро касе қабул надорад, вале бо як шуру шавқ мардум дар рафтанд сӯи марокизи раъйдиҳӣ ва ин дар маркази диққати тамоми таҳлилгарон қарор гирифт.
Масоили сиёсиро пешгӯӣ кардан мушкил аст, чунки таҳлилу равандҳо омилони зиёдеро дар Афғонистон ошкор месозанд ва медонем, ки ин кишвар тули беш аз даҳ сол зери тасаруфи ИМА ва НАТО мебошад. Гузашта аз ин, интихобот дар ҳоле доир гардид, ки мамлакат ишғолист ва силоҳ ҳоким. Пас дар ин ҳолатҳо банда касе метавонад бошад, ки ишғолгарон мехоҳанд. Дар тули солҳое, ки НАТО дар ин кишвар ҳузӯр дорад, бештар болои қавми пашту такя кард ва эътимод ҳам дорад.
Доктор Абдуллоҳ, намояндаи қавми тоҷик асту аз Панҷшер ва бо таваҷҷуҳ ба барномаи пешазинтихоботӣ ва мавқеъияти доштааш, маълум аст, ки пирӯзии мардумӣ дорад. Тули солҳои ишғоли НАТО, ягона ҷараёну қавмиятҳое, ки ба русҳо ҳамкорӣ ва гароиши русӣ ҳам доранд, қавми тоҷик аст. Доктор Абдуллоҳ ва чеҳраҳои пешини ӯ устоди марҳум Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд тавре имрӯзҳо таҳлилу тавзеҳ медиҳанд, дар блоки русҳо буданд. Шояд дар ҳамин замина, агар ба ишғолгарҳои имрӯза маъқул наояд, доктор Абдуллоҳро мағлуб эълон намоянд.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Мувофиқи омӯзиши назари интихобкунандагон, пештоз Абдуллоҳи Абдуллоҳ аст ва бо чанд асос:
1. Ин шахс бисёр маъруф аст ва ҳамкории зиёд дошт бо шодравон Масъуд;
2. Ӯ босавод аст ва корҳои дипломатӣ ҳам карда метавонад;
3. Абдуллоҳ ҳам хуни тоҷикӣ дораду ҳам аз пашту, яъне падари аз Қандаҳору модари аз Панҷшер. Аз лиҳози психологияи мардуми Афғонистон, аслан касе ҳамин хел бошад, мардуми ҳар ду тараф ӯро эътироф мекунанд. Агар марбути як минтақа бошаду бо қавмҳои дигар ба ӯ кадом рабте надошта бошанд, камтар эътибор пайдо мекунад.
Ин тарзи бархурди психологӣ дар мо, тоҷикҳо ҳам ҳаст.
Аммо доир ба тақаллуб, сар карда аз худи Амрико то кучактарин кишвар интихоботҳо бе тақаллуб буда наметавонанд, лекин тақаллуб ҳам ҳадду канор дорад. Дар интихоботи Афғонистон, фикр мекунам, ин маротиба назорат нисбат ба солҳои пеш хуб буд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо назорат карданд ҷараёни райъдиҳиро то ба ҳисобкуниву натиҷагириҳо.
Қиёмиддин Сатторӣ, корманди соҳаи маъориф
Аз асри XVIII то ба имрӯз, яъне аз давраи Аҳмадшоҳи Дуронӣ, Афғонистонро ҳамчун давлат паштуҳо сохтаанд ва қавмгароӣ дар Афғонистон хеле зиёд аст. Дар ҳамин муддати 200 сол фақат ду тоҷик сари қудрат омад ва онҳоро ҳам дар пай аз қудрат дур карданд. Яке Ҳабибуллохони Калаконӣ, ки соли 1929 раҳбарии ин кишварро ба душ гирифт ва дигар Бурҳониддин Раббонӣ.
Дар Афғонистон ба дигар халқиятҳо шонс ва имкони кору фаъолият намедиҳанд. Аз ин хотир, фикр мекунам, шонси бештар аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ мебошад, ки падараш пашту ва модараш тоҷик аст. Шояд ҳам аз ҷониби паштуҳо ва ҳам аз тамоми даризабонҳои Афғонистон дастгирӣ пайдо намояд.
Дар рӯзномаҳо ҷадвали шумораи райъҳоро дидам, ки дар аксари вилоятҳо ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ бештар аз 50 – 60%-ро ташкил медоданд ва овози зиёд гирифтани ӯ шояд ба ҳамин хотир бошад.
Интихоботҳо дар Афғонистон, нисбат ба Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат хубтару беҳтар мегузаранд, маҳз дар мавриди тақаллубу шаффофият миёни коргузориву назорат фарқ байни осмону замин аст. Вале дар Афғонистони имрӯз Амрико чизе хоҳад, 0 ҳамон мешавад. Масалан, Карзай ду маротиба барандаи интихобот эълон гардид, ки бештар аз 30-40% бештар овоз нагирифта буд. Дар ин маврид Амрико раъйи худро мегузаронад. Фикр мекунам, имкони тақаллуб ҳам ҷой дорад.
Ба ҳар сурат, номзади аз ҳама муносиб ба мақоми раёсатиҷумҳурӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ мебошад, чунки метавонад ҳам манфиъати шимоли Афғонистон ва ҳам ҷануби онро зери ҳимояи худ бигирад.