Categories Uncategorized

Сиёсати «давлатӣ»-кунонии моликият

Қодири Қосим, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо ифтихор эълон доштааст, ки ширкатҳои Зайдуллроҳ, ки имрӯз дар заминаи туҳмату фитнаи доираҳои манфиъатхоҳ паси панҷараи маҳбас нишастааст ва бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ рабт дорад, моли давлат қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин дур аз воқеъият изҳор дошта, ки ин корхонаҳо дар заминаи қонуншиканӣ хусусигардонида шудаанд ва ҳоло “ба ҳолати пешин баргардонида шудаанд”.
Ин мақомдори муҳофизи моли давлат рӯзи 29-ми июл дар нишасти хабарии хеш гуфта, ки ба истиснои номи корхонаҳои дар боло ишора шуда, гӯё ширкату корхонаҳои дигаре низ ҳастанд, ки бо сабаби ошкор шудани «камбудӣ»-ҳо дубора дар ихтиёри давлат гузаштанд. Аммо маълум нест, ки оё «суҳибмулокон»-и дигаре, ки дар солҳои 1992-97 бе пардохти тангае моли миллатро аз худ карданд, дар амалҳои ғайриқонунӣ шомиланд ё хайр?
Таври маълум, назокатҳои ғасби моликияти Зайдуллоҳ ва дигаре аз чеҳраҳои маълум дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон бо дасти ниҳоди «овозадор ва ҳамкора»-и мубориза алайҳи корупсия анҷом гирифтааст.

More From Author

You May Also Like