Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз 25 то 28 октябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар Шўрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус сафар мекунад.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иштирок дар ҷаласаи Шўрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Ба ҳайати парламентии мамлакат муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Саттор Холов шомил мебошад.
Categories
Ахбори рӯз