«Дар интихоботҳо интихобкунандагон бо шуру шавқ ширкат менамоянд, вале шафофият дар он участка ва ҳавзае ба даст меояд, ки дар он назорат аз тарафи аҳзоби сиёсии кишвар сурат гирад.», чунин гуфт Раҳматуллои Раҷаб, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ дар як семинари омузишӣ дар ҷамъи фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар маркази иттилоотии «Диалог» ҳафтаи гузашта барпо гардид.
Ин семинар бо ибтикори масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шералии Саидов, Камолиддин Ниёзов ва Рустам Эмомов баргузор шуд.
Раҳматуллои Раҷаб дар бораи «Қонуни ҶТ дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омӯзиши сиёсӣ гузаронида, аз ҷумла қайд намуд,ки мӯҳтавои «протоколи32-20» аз ибтидо то интиҳо мухолифи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад.