Бо гузашти 24 сол аз воқеоти хунини баҳман, ба назар мерасад, то ҳол ин фоҷеа аз лавҳи хотири мардум зудуда нашуда ва печидагии ин ҳосидот, ки муҷиби рехтани хуни аввалин шуҳадо дар кишвар гашт, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ будааст.
22-юми майи соли ҷорӣ дар маҳфили навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», ки Қаҳҳор Маҳкамов, муншии аввали вақти Кумитаи Марказии Ҳизби куммунистии Тоҷикистон ҳузур дошт, бинобар суолҳои соири иштирокдорон варақ бар суҳуфи хотироташ зад. Ӯ гуфт, «мо ҳеҷ шубҳае надоштем, ки дар ҷумҳурии мо ҳамин ҳодиса мешавад. Медонем, ки дар Гурҷистон, Озарбойҷон чунин ҳодисаҳо шуданд, аммо аз они мо ором буд».
Қаблан бояд гуфт, вақоеи февларии соли 1990 дар РСС Тоҷикистон, ки дар таърихи халқи тоҷик бо номи «Баҳмани хунин» бо хуни шуҳадо навишта шудааст, дар пайи овозаи омадани арманиҳои гуреза ба Тоҷикистон ва бенавбат ба онҳо манзил додан шуруъ шуд. Авоили моҳи феврали соли 1990, замоне ин гуна овозаҳо доман паҳн намуданд, ки дар пойтахтҳои ҷамоҳири минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Душанбе 22, Фрунзе (собиқ пойтахти Қирғизистон) 17, Алмаато 15, Ашқобод 15 ва Тошканд 12 дарсад оилаҳо ба хона ниёз доштанд. Дар чунин ҳол, мардум бо шунидани ин овоза ба майдон рехтанд.
Шарҳи ҳодиса аз забони муншии аввал
Қаҳҳор Маҳкамов шурӯи ҳодисаро ин гуна шарҳ медиҳад: «Рӯзи 10 феврал якшанбе буд. Ман дар кобинет коғазҳоро омӯхта истода будам. Навбатчӣ даромада гуфт, Қаҳҳор Маҳкамович, дар пеши бинои Комитети Марказӣ бисёр мактаббачаҳо ҷамъ шудагӣ. Шуморо пурсида истодаанд. Баромада бинам, ки асосан талабаҳои мактабҳое, ки ҳунар меомӯзанд, аз ҳама мактабҳо 200-300 кас ҷамъ шудагӣ. Ман гуфтам, хӯш, фарзандон, чӣ гап худаш? Панҷ-шаш кас якбора бо овози баланд пурсиданд: «барои чӣ Шумо хонаҳои моро ба арманиҳо дода истодаед?». Ман аввал ҳайрон шудам, ки ин гап аз куҷо пайдо шуд. Гуфтам: шуморо кӣ гуфт? Гуфтанд, мо медонем, одамони бообрӯ моро гуфтанд… Рӯзи 11 аллакай одамони калонсол омаданд. Ҳамон рӯзҳо аз қӯшунҳои дохилӣ ягон кас ин ҷо набуд. Ҳамаи онҳоро ба Озарбойҷон фиристода буданд. Ғайр аз гаишникҳо 47-48 милитсионер дар шаҳри Душанбе монда буд».
Гузашта аз ин Қаҳҳор Маҳкамов афзуд, «коргарони бехатарии мо ягон маротиба ба ман на ҳамчун раиси Совети Вазирон, на ҳамчун котиби якуми Комитети Марказӣ мактуб нанавишта буданд». Ба қавли ӯ, шифоҳӣ ҳам ӯро огаҳ накарда будаанд, ки «бетаратибиҳое, ки дар Озарбойҷону Гурҷистон шуда истодааст, мумкин, ки дар ҳамин ҷо ҳам шавад. Агар мегуфтанд, мо бисёртар аҳамият медодем, бисёртар вохӯрӣ мегузаронидем».
Гуфтаҳои муншии вақти КМ ҲКТ дар ҳолеанд, ки Владимир Петкел, раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон дар соли 1990 ҳанӯз ибтидои ҳамон сол аз омадани эмиссарҳои озарӣ ба Тоҷикистон хабар дошт ва ҳатто баъзе аз онҳоро низ дастгир карданд, ки алайҳи гурезаҳои арманӣ таблиғот мебуранд. Ӯ аз ин масъала дар китоби хотироташ ёдовар мешавад. Вале чаро ин нуқта ба Қаҳҳор Маҳкамов нарасидааст, муаммост.
Чаро озариҳо зиддӣ арманҳо буданд?
13-уми январи соли 1990 тазоҳуроти Фронти халқии Озарбойҷон дар Боку бадал ба қатлу ғорат ва саркӯбии арманҳои ин шаҳр шуд. Дар ин сана таҷаммӯи зиёди озариҳо бо бардоштани шиорҳое ба мисли «Шараф ба қаҳрамонони Сумгаит» ва «Зинда бод Бокуи бидуни арманӣ» ба майдони Ленин рехтанд ва бегоҳӣ тазоҳуроти эшон ба қатлу куштори арманиҳои муқими Боку мубаддал гашт. Тазоҳургарон ба арманҳо, ки бе пушту паноҳ монда буданд, ҳуҷум менамуданд. Онҳоро то ҷон доданашон мезаданд; таҷовуз намуда, аз болконҳои баландошёна мепартофтанд…
Албатта, иштибоҳ аст гуфтан, ки он воқеот имрӯз фаромӯш шуданд, зеро кадом тарҳи амалишуда фаромӯш хоҳад шуд? Оре, имрӯз иддае аз муҳаққиқин ба ин назаранд, ки амали онзамонаи озариҳо аз тарҳрезии вижае бархурдор буд, чунки тазоҳургарон манозили арманиҳои дар Боку сукунатдоштаро аниқ медонистанд ва зиёда аз ин ҳукумат ва соири ниҳодҳои зирабти он, аз қабили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба амали озариҳои ба ҷӯшомада бепарвоӣ зоҳир менамуданд. Ҳамзамон афзудан ба маврид аст, ки бинобар таҳлилҳои «Human Rights Watch», арманиҳои ба чунин ҳол мувоҷеҳгашта вақте ба масъулини ҳифзи тартибот муроҷиат мекарданд, онҳо мегуфтанд, ки «мо иҷозати ба қазия ҳамроҳ шуданро надорем». Бо такя ба ин ду далел – муайян будани амокини зисти арманиҳои Боку ва садди роҳи латукӯбу куштори арманиҳо нашудани масъулини мақомоти ҳифзи тартибот Роберт Кушен, як тан аз афроде, ки аз ҷониби «Human Rights Watch» ба омӯзиши ин масъала сафарбар шуда буд, ба хулосае меояд, ки воқеаи мазкур стихиявӣ набуда, балки пешакӣ барномарезӣ шуда будааст.
Чун кор дар Боку ба ин ҳад сурат гирифт, ҳанӯз дар авохири даҳаи дувуми моҳи январи соли 1990 Николай Рижков, раиси Шӯрои Вузарои ИҶШС қароре содир намуд, ки тибқи он, бояд арманҳои фирорӣ дар бӯстонсароҳои ҳукуматии соири ҷамоҳири иттиҳод ҷойгир карда мешуданд. Вале Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, аз омадани арманҳо бехабар буд. Ба гуфтаи ӯ, баъди чунин овозаҳо баромадан аз ронандааш, ки аз арманитаборҳои Душанбе будааст, шунидааст, баъзе арманиҳо омада будаанд, лекин дар манозили ақорибашон ҷойгир шуда. Ҳол он ки дар баъзе манобеи чопии соли 1990 омадани гурезаҳои арманӣ тасдиқ шудааст ва теъдоди онҳо дар баъзе манбаъҳо 29 ва дар бархеи дигар 47 оила гуфта мешавад.
Нуқтаи дигаре, ки то ҳанӯз муаммо буд, ин ҳамроҳ будани мансабдорони Тоҷикистон бо мубтакирини ин ҳодиса ба шумор меравад. Қаҳҳор Маҳкамов бошад, то ҷое ба ин нуқта рӯшанӣ андохт. Ҳарчанд аз ёддоштҳои Петкел маълум аст, ки КГБ аз ин кор хабар дошт, вале Қаҳҳор Маҳкамов гуфт: се рӯз пеш аз сар шудани ҳамин кор бе рухсати ман котиби дуюми Кумитаи Марказӣ Лучинский аз Душанбе ба Маскав парида меравад. Котибҳои СеКа намедонистанд, ки ӯ дар куҷост… Аз КГБ омада мегӯянд, ки ӯ дар Маскав аст. Баъд аз ин воқеаҳо маълум шуд, ки як сол пеш аз он гурӯҳе ин корро ташкил карданӣ будаанд. Маркази онҳо ҳаммоми автобазаи ҳарбӣ дар Кӯктош будааст. Директораш (Нарзулло Дӯстов дар назар аст. – Т.С.) муовини президент интихоб шуд. Котиби дуюм ҳам дар ин корҳо иштирок мекардааст.
Тазод
Ба ҳар роҳе, ки буд, майдондорӣ ташкил шуд ва мардум аз мақомдорони давр мехостанд пурсанд, ки овозаҳо ҳақиқат доранд ё на. Онҳо ҳамвора талаб менамуданд, ки Қаҳҳор Маҳкамов наздашон барояд. Вале ин мардуми ба шӯромадаро рӯзи 12 – уми феврал бо тиру тӯфанг пешвоз гирифтанд.
Кунун Қ. Маҳкамов мегӯяд, «рӯзи якуму панҷум ба назди одамон баромадам. Рӯзи якум гап задан намонданд. Рӯзи панҷум бори дигар баромадам. Вале ба он ҷои он ки маро гузоранд, то гап занам, маро бо калӯш заданд». Гузашта аз ин Қ. Маҳкамов афзуд, «моро гунаҳкор карданд, ки як ҷавонро куштед. Мана Худо дар сари мо, ман аз оинаи кобинет дидам, ки дар мошини «УАЗ – 462», болояш кушода аз пешини чойхонаи «Роҳат» ҳамон бачае, ки гӯё дар майдон кушта шуда буд, ҳамон мошин ба бор карда, ба пеши майдон оварданд. Ҳол он ки ӯ дар куҷо кушта шуда буд, намедонам. Телевизиону матбуот низ ҳамин суханро мегуфтанд, вале таҳқиқ накарданд, ки он аз куҷо оварда шуд. Рӯзҳои 11, 12-ум тиркушоӣ набуд. Баъд аз он ки дувум маротиба ман баромадаму бо калӯш маро заданд, солдатҳо ба ғазаб омаданду командирашон назди ман омад, ки «чӣ кор кунем?». Ман гуфтам, «агар ба якто одам тир расад, ҳамаатонро суд мекунем. Барои тиркушоӣ касеро рухсат надиҳед».
Дар ҳамин ҳол, Бӯрӣ Каримов менависад: «Соатҳои 15:30, 15:40 истифодаи аслиҳаи оташфишон оғоз гардид, ки чанд тан захмӣ ва шаҳид шуданд. Соати 16:00 Қаҳҳор Маҳкамов назди гирдиҳамомадагон баромад, вале дигар дер шуда буд. Соати 17:00 иштирокчиён боз ҳам тирборон шуданд. Дар натиҷа, шаш кас ҳалок, зиёда аз 70 кас захмӣ шуданд» («Фарёди солҳо», саҳ. 95).
Бояд гуфт, муаллиф рӯзи 12-умро дар назар дорад. Аммо ҷаноби Маҳкамов бо рад кардани ин нуқта гуфт, «тарпаронӣ рӯзҳои охир шуд, ҳамон ҳам ба осмон тир парониданд, нашунидам ва надидаам, ки касе ба майдон тир зада бошад. Рӯ ба рӯйи КМ бинои истиқоматӣ аст, дар даруни бино зане назди оина будааст. Вақте ба осмон тир мекушоянд, аз афти кор, як тир ҳамон занакро дар хонааш зада мекушад. Дигар кушташудагӣ одамҳо роҳ ба шудагӣ. Вақте ҳолати фавқулодда эълон карданд, қуюди шабгардӣ буд. Бе пропуск шаб баромадан мумкин набуд. Қоидаи «коммендатский час» ҳамин буд, шлагбаум маҳкам ва ҳар мошине, ки мегузашт, истоданаш лозим буд. Агар шлагбум ҳам набошад, вале одамони пост «исто» гӯянд, мошин истоданаш даркор. Агар наистода равад, онҳо ҳақ доранд, аз қафояш паронанд. Ана дар ҳамин ҳолат панҷ-шаш кас мурдагӣ, дигар ман намедонам».
Зимнан аввалин президенти Тоҷикистон аз он ёдоварӣ намуд, ки Михаил Горбачев ҳамвора занг зада, аз ӯ вазъро мепурсид, вале ҳамзамон муншии аввали ҲКТ дар соли 1990 аз он гила кард, ки «Москав ба ин масъала ҳамроҳ нашуд, ёрдам ҳам накарданд барои хомӯш кардани он. Дар вақти суҳбат бо ман Горбачев мегуфт, ки мардумро озор надиҳед. Касоне, ки баромад мекарданд, намегузоштанд, чораи ҷиддӣ бинем, то онҳоро фардо Кумитаи бехатарӣ даъват накунад. Партия интизоми сахт дошт.
Бояд гуфт, замоне ки издиҳом ба иборае бо ҳукумат дар «мулоқот» буд, Петкел ҳузури худро дар КМ ҲКТ қайд кардааст. Ин ҳангом Петкел тавассути телефонии кории котиби аввали КМ ҲКТ бо А. В. Крючков, раиси вақти КДБ-и ИҶШС (КГБ-и СССР) иртибот мегирад ва аз ҷараёни кор ӯро огоҳ месозад. Дар навбати худ В. Крючков зердасти худро маслиҳат медиҳад, ки вазъро аз даст надода, бо муътаризон гуфтушунидро идома диҳанду вақтро ба дарозо кашанд. Ба таъкиди Петкел, В. Крючков ҳамчунин бригадаеро аз гурӯҳи таъйиноти махсуси «Алфа», ки онро ҷонишини шуъбаи 5-уми КГБ-и ИҶШС сарварӣ мекард, ба ёрии ҳамкасбонаш фиристодааст. Шояд дар суҳбат сабаби тӯл кашонидани эътирози мардум аз ҷониби В. Крючков ташреҳ шуда бошад, аммо дар робита ба ин масъала раиси КГБ – и Тоҷикистон чизе рӯйи сафҳаи он китоби хотироташ наовардааст. Ҳамзамон бояд гуфт, дар бораи таърихи рӯзи тамоси худ бо В. Крючков ва фиристодани бригадае аз «Алфа» ҳам чизе ишора накардааст, вале аз мантиқи нигориши ӯ бармеояд, ки шояд тамоси ҳамкасбон рӯзи 11-уми феврал сурат гирифта бошад.
Хулоса
Ҳамин тариқ, тибқи манобеъ ва навиштаҳои ҳамон солҳо, 25 нафар аз одамони мулкӣ ба шаҳодат расиданд. Аз суҳбати ахири Қаҳҳор Маҳкамов, ҳарчанд ошкор гашт, ки Петр Лучинский, котиби дуюми КМ ҲКТ бевосита дар созмон додани воқеоти февралӣ даст дошт ва ҳамчунин ишорае ба Нарзулло Дӯстов, ноиби раисҷумҳури кишвар дар соли 1992 шуд, вале то ҳол номаълум аст, ки фармони тиркушоиро ба сўйи мардуми ба майдономада кӣ додааст. Ҳол он ки дар солҳои 90-ум дар аксар маврид Қаҳҳор Маҳкамовро гунаҳкор мекарданд, ки ӯ чунин як фамрон додааст. Вале дар робита ба ин масъала мавқеи муншии вақти ҲКТ-ро дар боло овардем. Ҳамзамон гуфтан зарур аст, ки ба андешаи инҷониб, фармони тиркушоӣ на аз ҷониби Маҳкамов, балки шояд аз ҷониби Петкел, раиси вақти КГБ РСС Тоҷикистон содир шуда бошад.
Талабшоҳи Салом