nahzat.tj
Дирӯз дар шаҳри Қоҳира мурофиаи судӣ зидди роҳиби масеҳӣ аз иёлати Флорида Терри Ҷонс ва ҳафт масеҳии копти мисрӣ, ки барои сохтани филми «Бегуноҳии мусалмонон» айбдор мешаванд, сар шуд.
Онҳо ба он муттаҳам гардидаанд, ки тавассути ин филм беэҳтиромӣ ба дини мубини Ислом нишон дода номи паёмбар, Муҳаммад (САВ)-ро таҳқир карданд ва миёни намояндагони адёни гуногун дар Миср низоъ андохтанд.
Прокурори генералии Миср, Абдулмаҷид Маҳмуд барои боздошти ин ҷинояткорон ба Интерпол ва Ҳукумати ИМА талабнома ирсол кард.