Categories Uncategorized

«Анҷумани ҷавонони рақамӣ» дар Душанбе баргузор мешавад

Қарор аст, ки 22-юм апрел анҷумани навбатии «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» баргузор гардад. Тавре дастандаркорони ин анҷуман мегӯянд, ҷаласа дар факултаи муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Талъат Нуъмонов, директори иҷроияи Созмони ҷамъиятии «Маркази технолигияҳои иттилоотию мухобиротӣ» мегӯяд: «Ҳадаф аз баргузории ин анҷуман оммавӣ кардани технологияҳои иттилоотию мухобиротӣ (ТИК) дар байни ҷавонону донишҷӯён барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аст».

Ӯ мегӯяд, дар назар аст, ки дар кори анҷумани мазкур беш аз 100 нафар ҷавонони шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ ширкат варзанд.

Ба гуфтаи Нумонов, феълан бархе аз ҷавононе, ки шинохти васеъ аз ин технологияҳоро доранд, мехоҳанд донишҳои худро бо дигар ҳамсолонашон қисмат кунанд. Мавсуф меафзояд, ширкатдорон имкон пайдо мекунанд, ки идеяҳои худро дар мавриди истифода аз ТИК барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба миён гузоранд.

Ин дар ҳолест, ба гуфтаи Мирзо Юсупов, декани факултаи муштараки тоҷикию украинӣ: «Аз ҳамаи талошҳои ҷавонон дар ин маврид ҷонибдорӣ карда, омодаам, ки дар кори баргузории анҷуман кумак расонам.»

Анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» аз 4 сол инҷониб фаъолият дорад ва ахиран дар чанд навоҳии дурдасти кишвар низ бо ҷавонон мулоқот доир намудааст.

More From Author

You May Also Like