Комиссияи тендерии ҳукумати шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 100 адад автобусҳо тасмим гирифтааст. Бино ба иттиллои Шавкат Саидов, котиби матбуотии ҳукумати пойтахт, ин нақлиёт барои корхонаҳои коммуналии шаҳр ва баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ нигаронида мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд, дархостҳои худро ҷиҳати иштирок дар тендери мазкур бо нишонии шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе то шашуми июн ирсол кунанд. Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ ҷиҳати иштирок дар ин тендер ин аснодро бояд пешниҳод кард.
-Оинномаи корхона;
-иҷозатнома (литцензия) барои иҷрои корҳои хариду фурўш;
-кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);
-гувоҳномаи нозироти андоз;
-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;
-маълумотнома оид ба таъмини корхонаю муассисаҳо бо нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар 2-3 соли охир;
-номгўи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;
-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.