Алҷазира аз нашрияи «Вол стрит ҷорнал» нақли қавл карда, навиштааст, ки Вазорати дифоъи Амрико Конгресро иблоғ кардааст, ки он барнома барои тақвияти системҳои дифоъии низомӣ дар тангаи Ҳурмуз ва гирду атрофии он дар даст дорад. Ин дар ҳолест, ки танишҳо бо Ирон бар асари барномаи ҳастаияш афзоиш меёбад.
Ин нашрия нақл аз суханони масъулини низомии амрикоӣ дирӯз навиштааст, ки омодасозии ҷадид иборат аст аз коргирии таҷҳизот барои ташхис ва аз байн бурдани минаҳо ва таҷҳизоти назоратӣ, изофа бар нақшаи тағйири тарҳҳои таҷҳизоти назоратӣ, то қудрати мубориза бо киштиҳои ҷангии ирониро дошта бошанд.
Чанд бор аст, ки Ҷумҳурии исломии Ирон таҳдиди бастани тангаи Ҳурмузро кардааст, ки бахши бузурги нафти ҷаҳон аз тариқи баҳр аз ин танга мегузарад. Амрико бошад аз оқибати ин амал ба шиддат ҳушдор додааст.
Бино ба иттилои Алҷазира, моҳи гузашта киштии амрикоӣ Абраҳам Линколн, ки ҳомили ҳавопаймоҳо буд, пас аз таҳдиди ҷадиди Ирон аз ин танга убур кард. Барномаи тақвияти дифоъии Амрико дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки таниш байни Ирон ва Ғарб ба сабаби барномаи ҳастаии иронӣ афзоиш ёфтааст. Теҳрон иддаъо дорад, ки ин барнома сулҳомез буда, аммо ғарбиҳо ба иддаъои Теҳрон шак доранд.