Соли 2013 дар ҳудуди кишвар 83 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст, ки дар натичаи он 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфта шуд.
Чи тавре масъулони кумита иброз доштанд, хисорот бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2013 ба маблағи 63 миллиону 950 ҳазору 800 сомониро ташкил дод. Ба гуфтаи Хайриддин Абдураҳимов, раиси кумитаи мазкур дар соли гузашта 124 нафар ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд, ки синни 41 нафари онҳо то синни 17 сола буда, 6 нафарашон духтар будааст. Аз 18 –сола боло 83 нафар буда, 15 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ва дар маҷмӯъ 103 мард ва 21 зан дар соли 2013 ғарқ шудаанд.
Сабаби фавти ноболиғонро ҷаноби Абдураҳимов дар беаҳмиятии волидайн донист, чун “ҳар вақте мо бо волидайн дар мавриди ғарқ шудани фарзандон гап мезанем, онҳо мегӯянд, фарзандонашон бемории асаб доштанд”.
Ҳамчунин Абдураҳимов гуфт, волидайн фарзандони худро барои обу ҳезум равон мекунанд ё назди кадом хешу табор ба минтақаи дигаре равон месозанд, ки дар натиҷа дар об ғарқ мешаванд.
Масъулини кумита ба ин андешанд, ки имрӯз дар мактабҳо ҳавзҳои шиноварӣ нестанд ва аз тарафи дигар ҳавзҳое хусусӣ шудаанд. Шояд бештари ноболиғон маблағ барои рафтан ба чунин ҷойҳоро надошта бошанд. Пас ҳукуматро зарур аст, ки сари ин масъала чорандешӣ кунад.
Тавре номбурда тазаккур дод: Онҳо аз ҳозир пеш аз саршавии мавсими оббозӣ омодагӣ гирифта истодаанд ва аз тариқи ВАО мардумро барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ гузоришҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд: “Мо харита ташкил кардем ва масъулон мавзеъҳои хатарзоро дида, ба мардум оқибати онҳоро мефаҳмонанд. Мо ба масъулон таъкид кардем, ки рафта кор кунанд, на фақат барои ғарқ шудан, балки барои тарма, селу ярч фаромадан низ марумро огоҳ кунанд”.