Бино ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ки барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ ба шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус рафта буд, дирӯз 25 – октябри соли равон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иштирок ва суханронӣ намудааст.
“Барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон Белорус ҷамъ омаданд. Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.” – мегӯяд манбаъ.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгироии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардида, соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гардидааст.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.