Categories Uncategorized

Таъсиси бахши кор бо занони муҳоҷир дар Русия

nahzat.tj

Хадамоти муҳоҷирати назди президент ва Кумитаи кор бо занон тасмим гирфитанд, ки дар назди диfспораҳои тоҷикон дар Русия бахшҳои алоҳидаи кор бо занонро ташкил кунанд. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷират иттилоъ дод.

Айни ҳол беш аз 10 бахши мазкур дар назди ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон таъсис ёфта ва шахсони масъули ин ташкилотҳо аз тарафи занони муқими шаҳру навоҳии Русия таъйин шудаанд.

Ба гуфти Хадамоти муҳоҷират, ҳадаф аз таъсис додани ин бахшҳо расидагӣ ба мушкилоти занони муҳоҷир, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳврандии онҳо, мусоидат ба ёфтани шуғл ва ғайра мебошад, зеро солҳои охир раванди муҳоҷиршавии занони тоҷик ба Русия ҳам шиддат гирифитааст ва ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо зиёд рух медиҳад.

Ба ақидаи барзе аз коршиносон, Тоҷикистон дар русия ҳудуди 2 миллион муҳоҷир дорад, ки 17% инро дар соли 2011 занон ташкил мекарданд.

Занон дар Русия асосан ба корҳои сабук, дар бозор ва тарабхонаҳо ва фаррошӣ машғул буда, дар вазъияти аксарашон бад ва нигаронкунанда мебошад.

More From Author

You May Also Like