Хушунат ва зӯроварӣ аз дидгоҳи Ислом

Ислом амалан ва қадам ба қадам хушунат ва ҳар гуна эътиқодоти нодуруст, боварҳои хурофӣ ва андешаи ғайри солими ҷомеа, ба хусус қишри занонро, аз фазои эътиқодӣ ва муҳити иҷтимоии мардум бартараф намудааст. Мардум пеш аз зуҳури дини ислом то ҷое вуҷуди духтарро дар хонаводаи худ боиси нанг ва беобрӯии худ медони-станд, ки ӯро зинда ба гӯр мекарданд. Ислом ин рафтори хушунатомез ва андешаи ваҳшиёнаро амалан аз тафаккури инсон зудуд.

Қуръони карим он вазъи асафбор ва фар­ҳанги хушунатро чунин баён медорад:
«Ҳангоме ба яке аз онҳо муждаи таваллуди духтар (дар оилааш) дода мешуд, (аз шиддати нороҳатӣ чеҳра¬аш дигаргун ва) рӯяш сиёҳ мегашт ва (вуҷудаш) аз хаш¬му андӯҳ пур мешуд ва ба хотири ин муждаи баде, ки ба вай дода шудааст, худро аз қавму қабилааш (мардум) пинҳон медошт. (Вай дар худ меандешид, ки) оё ин нангро бипазирад (ва духтарро нигаҳ дорад) ва ё ӯро зинда ба гӯр созад. Ростӣ, (онҳо) қазоват ва тасмимгирии баде мекарданд».
Ислом ҳамин ҳолати равонӣ ва тарзи тафаккури мардумро марҳала ба марҳала тағйир дод ва андешаи ҷомеаро ба ҷое расонд, ки мард вақте занашро дӯст надорад ва барояш мақбул набошад ҳам, бо вай муносибати некро ба роҳ мемонд. Қуръони карим чунин бузурграфториеро ба пайравони худ тавсия менамояд, он ҷо, ки мефармояд:

«Бо занонатон муошират ва рафтори хуб намоед. Агар онҳоро бад бинед, мумкин аст шумо чизеро бад бинед ва Худованд хайри фаровонеро (барои шумо) дар он ниҳода бошад».

Барои манъи намунае аз хушунати иқтисодӣ, ки дар авҷи шиддати эҳсосот ва ба сарҳади ҷудоӣ расидани муносибатҳои марду зан мумкин аст онҳоро фаро гирад, Қуръони карим мефармояд:

«Вақте иваз кардани ҳамсареро ба ҷои ҳамсаре хостед ва (дар рафти зиндагонии муштарак ва ё ба сурати маҳр) моли фаровоне ба касе аз онҳо (ҳамсари қаблиа¬тон) дода бошед, ҳеҷ гоҳ чизе аз онро бозпас нагиред. Оё бо туҳмату гуноҳи ошкор мехоҳед онро бозпас гиред? Чӣ гуна онро мехоҳед бозпас гиред, дар ҳоле ки бо ҳам муошират (ва оме-зиши) наздик доштед ва (гузашта аз ин), онҳо (ҳангоми ақди издивоҷ) паймони муҳкаме аз шумо гирифта буданд?».

Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хушунати равонӣ, ҷис¬мо¬нӣ ва ғайра фақеҳони киром ва коршиносони соҳаи фиқҳи исломӣ бо баррасии арзишҳои олии дини ислом никоҳеро, ки мард ба риояи ҳуқуқҳои зан ва масъули¬ятҳои хонаво¬дагӣ итминони шахсӣ ва аз худ бовар надошта бошад, ҳа¬ром донистаанд. Зеро бунёди оила вақте идома меёбад, ки мард ба ислоҳоварӣ ва муоширати нек пойбанд ва аз худ боварӣ дошта бошад.

Расули Худо (с) дар ҳаҷҷатулвадоъ дар раванди баёни ҳуқуқҳои марду зан дар баробари якдигар дар бахше аз суханони худ фармуд: «Ва ҳаққи ҳамсарона¬тон бар шумо ин аст, ки бо беҳтарин шева ба онҳо муо¬шират намоед ва либосу ғизои онҳоро фароҳам созед».

Боз мефармояд: «Комилтарини мӯъминон аз рӯи имон хушрафтортарини онҳо мебошанд ва беҳтарини шумо онҳое мебошанд, ки беҳтарин рафторро бо ҳамса¬рони худ дошта бошанд».

Дар замони пеш аз ислом бар асоси одатҳои даврони ҷоҳилият занонро талоқ мекарданд ва ҳамин ки муддати иддаашон ба поёни худ наздик мерасид, боз ба онҳо руҷӯъ мекарданд. Яъне на бо онҳо ба таври дуруст ва одамгуна зиндагӣ мекарданд ва на мегузоштанд, ки иддаашон ба поён расад ва зиндагии худро бо шахси дигаре барқа¬рор намоянд, балки бо мақсади расонидани зарарҳои маънавӣ, фишорҳои равонӣ ва таҳдидҳои ҷисмӣ онҳоро дар он вазъи номуносиб нигаҳ медоштанд.

Ин вазъ то муддате дар ибтидои ислом низ идома дошт ва баъзе мусалмонон низ ба чунин хушунатҳое роҳ медоданд. Ин буд, ки Худованд дар бахши аввали ояти 231-уми сураи «Бақара» он рафтори ғайриинсонӣ ва корбасти хушунатро маҳкум карда, ба мусалмонон тавсия намуд:

«Вақте занон(-атон)-ро талоқ намудед ва ба поёни иддаи худ расиданд, ё онҳоро (дар сурати бозгашт) бо некӣ нигаҳ доред ва ё ба хубӣ раҳо созед. Вале (ҳаргиз) бо мақсади озор ва зиён додан онҳоро нигаҳ надоред, то мавриди зулму ситами шумо қарор гиранд ва ҳар касе чунин кунад, ҳатман, бар худ ситам кардааст».

Аз тарафи дигар, ба падарон ва бародарон тавсия менамояд, ки агар занон пас аз гузашти идда ҳам ба бозгашт ба сӯи шавҳарони пешинаашон изҳори омодагӣ намуданд, онҳоро барои пешгирӣ аз ин кор зери фишор қарор надиҳанд, балки баръакс, ба авотифи нек ва тасмимгириҳои озоди онҳо арҷ биниҳанд.

«Онҳоро аз (бозгашт ва) издивоҷ бо ҳамсаронашон, агар бо хайру хушӣ ба тавофуқ расиданд, бо фишор боз надоред…».

Шоҳкориҳои дигари Ислом дар ин ҷода
Ислом дар баробари хушунатҳои рафторӣ ва ноа¬до¬латиҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ аз худ созиш нишон надодааст. Инак, боз чанд намунаи дигареро аз муборизоти дини ислом бар зидди чунин падидаҳои манфӣ ва роҳу рафтори номатлуб дар ҷомеа ва рашодатҳо (корнамои¬ҳо)-и онро дар ҳифзи арзишҳои башарӣ ва ҳуқуқҳои та¬биии мардум, ба хусус ҳимояи каромати инсонии қиш¬ри занон, зикр менамоем.
Вале манзур аз он танҳо зикри рӯйдодҳои муҳим¬ми таърихи ислом дар гузашта нест, балки тақдими на¬му¬наҳои бемонанде аз корномаҳои бошукӯҳи ислом ба¬рои занон дар ҳаёти бӯҳронзадаи имрӯз мебошад. Ҳаё¬те, ки зан дар он ба ҳазорон иҳонат, хушу-нат, пастии сатҳи маъ¬рифати ҳуқуқӣ ва шинохтҳои динӣ ва ноадо¬латиҳои иҷти¬моӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Гузашта аз ин, бо номи ҳимояи озодиҳо ва ҳуқуқи зан имрӯз вай ба сурати бозичае рӯи саҳна бароварда шуда, аз каромати инсонии худ ҷудо сохта шудааст.

Яке аз одатҳои бад ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ нисбат ба занон он буд, ки пас аз марги шавҳараш яке аз писарони он мард, ки аз зани дигараш бошад, ё яке аз наздикони вай, ба монанди бародар, амак ва ғайра ҷомаи худро бар вай меафканд ва бо ҳамин соҳиб ва меросбари он зан мегашт. Яъне занонро пас аз марги шавҳаронашон бо зӯрӣ ва ба унвони моли ба меросгузошта аз худ мекарданд.
Худованд ин одати иҷтимоиро қотеъона маҳкум ва мусалмононро аз чунин рафторе бо занон боз дошт, он ҷо, ки мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест, ки занонро бо зӯр мерос баред ва онҳоро маҷбуран нигоҳ доред, то қисмате аз он чизеро, ки (қаблан) ба он¬ҳо додаед, ба даст оваред».
Бухорӣ дар бораи сабаби нузули ин оят мефармояд: «Чунин буданд, ки вақте марде мемурд, наздикони вай ба занаш (аз дигарон) ҳақдортар буданд. Агар касе аз онҳо мехост (ва он зан ба вай маъқул мешуд), ӯро ба занӣ мегирифт, ва(-ле агар аз вай хушашон намеомад) ё ӯро ба шахси дигаре ба занӣ медоданд ва ё (то фаро расидани маргаш) вайро ба ҳамон ҳол нигоҳ медоштанд. Онҳо ба он зан аз аҳ¬ли хонаводааш ҳакдортар буданд».
Онҳо ба зан ҳамчун мол ва чиз муносибат мекарданд ва нисбати ӯ ҳар гуна фишор, зӯроварӣ ва хушунатҳои равонӣ, ҷисмонӣ, иқтисодӣ ва ҳатто шаҳвониашонро раво медиданд. Зан ҳаргиз ҳаққи тасмимгирӣ ва ҳатто бозгашт ба хонаводаи худро надошт.

Бахши дуюми ҳамин оят дар бораи хушунати иқтисодӣ нисбат ба занон равшанӣ меандозад. Онҳо занро пас аз марги шавҳараш маҷбу¬ран дар он ҳолат нигоҳ медоштанд, то пас аз марги вай ба молу дороияш соҳиб гарданд ва ё он молеро, ки шавҳараш ба вай дода буд, ба онҳо боз гардонад.

Масъули ҳифзи ҳуқуқи занон
Дар оятҳои гузашта тамоми навъҳои хушунат: иқ¬ти¬содӣ, равонӣ, ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ нисбат ба занон ба таври қатъӣ манъ шудааст. Ҳуқуқҳои табиӣ ва каромати инсонии онҳо дар ҳар мақом ва ҳолате бояд риоя ва ҳифз шаванд.

Пас бадоҳатан мантиқи ақл тақозо менамояд, ки барои ҳифзи ин ҳуқуқҳо ва ҳимояи каромати инсонии занон бояд шахсе масъул бошад ва онҳоро дар паноҳи худ сарварӣ намояд, шахсе, ки аз ӯҳдаи ин масъулияти сангини илоҳӣ ба хубӣ барояд. Худованд масъулияти ҳифзи ин ҳуқуқҳоро бар зиммаи мардон ниҳодааст, ба хусус, вақте сарвари оила мешаванд. Қуръони карим дар ин бора мефармояд:

«Мардон бинобар бартарие, ки Худо (дар сохтори ҷис¬монӣ ва ғайраи онҳо) ниҳодааст ва бинобар инфоқ (ва хар¬ҷе, ки дар роҳи бунёд, барқарорӣ, нигаҳдошт ва пешбурди оила) менамоянд, бар занон қаввом (ва сарпараст) мебошанд. Пас занони нек (ва беҳтарин ба-рои низоми биноёфтаи оилавӣ) фармонбар мебошанд (ва онҳо) дар паноҳи ҳифзу ҳимояи Худованд ҳифзкунандаи ғай¬би (шавҳаронашон) мебошанд…».

Бубинед, чӣ зебо! Бори масъулияти сарпарастӣ, нигаҳдошт ва пешбурди оила бар ӯҳдаи мардон ниҳода шудааст ва аз занони неке, ки қадри ин ҳама заҳамоти мард ва таҳаммули ин ҳама бори сангини масъулиятро медонанд, бо зеботарин ва боарзиштарин сурат ситоиш ба амал омадааст.

Қуръони карим масъулияти сарпарастӣ, нигоҳубин, пешбурд ва ба танзим даровардани умури хонаводаро бар зиммаи мард ниҳода, занони некро ба унвони тарафдо-рони назму қонуни хонавода дар ин иҷтимои кӯчак, вале муҳим ва ба унвони татбиқкунандагони он назму қонун мавриди қадрдонӣ қарор додааст.

Яке аз эъҷозоти бадеӣ ва тавоноиҳои каломи Худо дар он аст, ки намои оддии зиндагиро нахуст тобиши маънавӣ ва пӯшиши инсонӣ бахшида, сипас марду занро ба ҳосил намудани ҳадафҳои асосии ин конуни бунёдгашта фаро хондааст. Ибораҳо ва калимоти қуръонӣ он чунон дақиқ ва фарогир ҳастанд, ки тамоми ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ, ҷисмонӣ ва ғайраро дар ҳар мавриде ифода менамоянд.

Масалан, калимаи қаввом, ки дар ин оят омадааст, бо зеботарин сурат маънои парасторӣ, нигоҳубин, пеш¬бурд, тарбия ва ба кор бурдани тамоми маҳоратҳо, ақлу хирад ва саъю талоши инсониро барои ҳусули оромиш ва саодати тарбиятгирандагон зери кафолати худ ифода менамояд. Аз мард мехоҳад, ки ба унвони бунёдгар, нигаҳбон ва пешбарандаи сохтори оила бо беҳта¬рин ваҷҳ ва дар ҳадди имкон ниёзҳои иҷтимоӣ ва равонии муҳити хонаводаро таъмин намояд ва барои ба танзим даровардани корҳои он ва пешбурди ҳамаҷо¬нибаи он барномаҳои дақиқи идо¬рӣ ва нақшаҳои пурбори иқтисодӣ ва ғайра дар назар би¬гирад.

Зан бошад, барои бароварда шудани ин ҳама ормон¬ҳои нек ва ҳадафҳои олии инсонӣ ба ҳамкории самарбахш ва ба нигоҳубин ва посдории натоиҷи ба дастомада фаро хонда шудааст. Оила бо ин таъбири қуръонӣ мактаби хонаводагист, ки мард парваришдиҳанда, парастор ва омӯзгори он ва зан ба ҳайси ёвар татбиқ¬кунандаи барномаҳои омӯзишӣ ва нақшаҳои парваришии хонавода мебошанд.

Дар ин ҷо ҳаргиз ҳокимияти мутлақ ва истибдоди мард ва ҳамчунин маҳкумият ва беҳуқуқии зан мавриди назар нест. Қисмати охири ин оят бо таъбири зебо ва равшане маънои болоро ифода менамояд. Илова бар ин, ин оят дуруст пас аз оятҳое меояд, ки пойгоҳи ҳуқуқии занро аз назари ислом ва ҷойгоҳи бузурги ӯро дар назди Худо баён намудаанд. Гузашта аз ин ҳама, Худо ин сураро бо номи «Занон» (Нисо) номидааст, дар ҳоле ки бо номи мардон дар Қуръони карим сурае вуҷуд надорад.

Вале мутаассифона, баъзе муғризон ва ё одамоне, ки шинохти дурусте аз арзишҳои олии ислом надоранд, бо таъбирҳои нодурусти худ аз оятҳои Қуръон ба паёмҳои ҷовидонаи он таън ворид менамоянд.

Оила ва хонавода пойгоҳи аввалин ва таҳдоби ҷо¬меа ва давлат ба шумор меравад ва аз хонаводаи солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд. Фарзандони барӯманди миллат ва бузургони ҷомеа аз хонаводаҳои ҳамаҷониба солиму устувор ва фикрану рӯҳан рушдёфта зуҳур менамоянд. Би¬нобар ин, ислом ба бунёд, сохтор ва ташаккули дурусти он аҳамияти ҷиддие додааст.

Бурузи ташаннуҷ дар хонавода ва назароти Қуръон дар ин замина

Имкон дорад, гоҳе дар миёни аъзои оила, аз ҷумла зану шавҳар, суитафоҳум ва носозгорие бамиён ояд. Ин ҳолат, ҳатман бо шеваи муносиб ва ҳарчи зудтар бояд ҳалли худро ёбад. Зеро идома ва шиддат гирифтани бӯҳронҳои оилавӣ дар муҳити хонавода, ба хусус дар рӯҳияи фарзандон, таассурот ва паёмадҳои номатлуби худро мегузорад.

Ислоҳи ин вазъ, пеш аз ҳама, ба мард ҳамчун сарпараст ва нигаҳ¬дори назми хонавода вобастагӣ дорад ва пас аз он ба ҳамкорӣ ва хайр¬хоҳии зан барои ҳифзи мавҷудият ва нигаҳдории ваҳдати оила ва фазои солими он вобаста мебошад. Хуб маълум аст, ки агар ҳар ду ҷониб барои рафъи бӯҳрони ба амаломада ва бартараф намудани паёмадҳои он ҳамфикр ва ҳамталош гарданд, он ба зудӣ ҳалли худро меёбад ва кор ба ҳеҷ ҷо намерасад.

Вале дар ғайри ин сурат, агар зан омили он бӯҳрон ва носозгорӣ бошад, ба мард ба унвони сарпараст ва нигаҳбони оила як миқдор салоҳиятҳо ва ихтиёроте барои ҷустуҷӯи роҳи ҳал ва пешгирӣ аз фурӯпошӣ ва заволи хонавода дода шудааст. Чи тавре дар ҳолатҳои фавқулодда қонуни ҳар кишвар барои роҳбари давлат баъзе ихтиёрот ва салоҳиятҳои иловагиеро пешбинӣ намудааст.

Роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи Қуръон ва доираи салоҳиятҳои мард дар ин маврид он аст, ки нахуст ӯро бо некӣ панд диҳад, насиҳат намояд ва аз паёмадҳои бад ва зиёнҳои ҷуброннопазири он носозгорӣ ва ғайра барҳазар дорад. Чӣ басо мушкилоте вобаста ба сатҳи маърифати инсонӣ ва наҷобати онҳо дар ҳамин зина ҳал мешаванд.

Вале агар панду насиҳат ба вай коргар наафтод, шеваи дигареро барои ислоҳи вазъ ба кор барад. Занро дар бистари хоб тарк намояд ва бо вай ҳамхобагӣ нанамояд. Ин равиш шеваи ислоҳи равонӣ (психологӣ) ба шумор меравад. Зеро баъзе занон аз ниёзи ғаризии мардон ба зан ва ҳамхобагӣ бардошти бад намуда, ба ғуруру ҳавобаландӣ ка-шида мешаванд.

Мард бо тарки ҳамхобагӣ занро аз олами эҳсосот ва авотиф ба қаламрави ақлу андеша бармегардонад ва ба ӯ мефаҳмонад, ки нигаҳ доштани конуни гарми хонавода, фазои беолоиш ва саодату оромиш дар муҳити солими он аз чунин каҷравиҳои фикрӣ ва беэътидолии рафтор беҳтар аст.

Вале муҳим он аст, ки мард ин корҳоро бо некӣ, бо беҳтарин шеваи амалӣ ва бо мақсади ислоҳи вазъ анҷом диҳад, на барои нишон додани зӯроварӣ ва исботи бартарияти худ, вагарна вай шаръан ҳеҷ гуна салоҳияте барои ин корҳо надорад. Барои андешаи солим ва аҳли фаҳм ин равиш аз ҳар чизе муассиртар воқеъ мешавад ва шояд бо ҳамин онҳо ба ҳам оянд.

Агар ин равиши амалӣ низ таъсире дар ҳалли мушкили онҳо нагузошт, пас дар марҳалаи сеюм ӯро бо шеваи муносибе таъдиб намояд, яъне барои ислоҳ ӯро ба таври нарм ва ба сурате ки ба ҷарҳу нақси ҷисмонӣ наанҷомад, бизанад. Барномаи пешниҳоднамудаи Қуръон дар ҳалли бӯҳронҳои хонаводагӣ, чӣ тавре мебинем, аз се зина иборат аст ва дар сурати зарурат бояд ба тартиб он се зина ва ё марҳаларо бигузарад ва онҳо дар ин муддат набояд ба чора ва роҳи ҳалли дигаре мутавассил шаванд. Қуръони карим дар ин замина мефармояд:

«Ва занонеро, ки аз носозгории онҳо хавф доред, (дар марҳалаи аввал) панд диҳед ва (дар марҳалаи дуюм) онҳоро дар ҷойҳои хоб тарк намоед ва (дар марҳалаи сеюм) онҳоро бизанед. Агар (бо корбурди яке ва ё ҳамаи ин чораҳо) аз шумо итоат намуданд, пас аз он бар онҳо роҳи дигаре наҷӯед. Худо, воқеан ҳам, баландмартаба (ва) бузург аст».

Ҳамон гуна ки мебинем, задан ва адаб намудан охирин илоҷи ин равиши ислоҳӣ ме-бошад ва бояд пеш аз он ду зинаи дигарро бигузарад. Задан дар забони арабӣ ба маънои ба таври муносиб адаб додан низ мебошад. Хӯи инсонӣ ва табиати ӯро зариба, ба маънои задашуда ва ё ниҳодашуда, мегӯянд. Яъне барои ислоҳ намудани роҳу рафтор ва хӯи бади онҳо эшонро адаб намоед, яъне бизанед.

Суннати Расули Худо (с) меъёру ҳудуд ва тарзи ин таъдибро баён намудааст. Аввал, он ки бо мақсади ис¬лоҳ бошад, дуюм, он ки ду-се бор ва ғайри мубарриҳ (пайгузор) бошад.

Дар «Саҳеҳи Муслим» аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) дар ҳаҷҷатулвадоъ дар зимни баёни ҳуқуқҳои зану шавҳар бар якдигар фармуд: «Дар бораи занон тақвои Худоро дошта бошед. Зеро онҳо амонатҳое (аз ҷониби Худо) дар назди шу-мо мебошанд. (Шумо ва онҳо ҳуқуқҳое бар якдигар доред). Ҳаққи шумо бар онҳо ин аст, ки касеро (аз наздиконаш), ки дӯст намедоред, ба хонаи шумо ворид насозанд. Агар чунин карданд, онҳоро ба сурати ғайри мубарриҳ (пайгузор ва сиёҳсозанда) бизанед. Ва ҳаққи онҳо бар шумо он аст, ки ба онҳо бо некӣ (муошират намоед), яъне ниёзҳои зин-дагониашонро, аз қабили хӯроку пӯ¬шок таъмин намоед».

Аз Ибни Аббос (р) ва дигар муфассирони Қуръон дар тафсири ояти боло задани ғайри мубарриҳ омадааст ва Ҳасани Басрӣ (рҳ) ғайри мубарриҳро ғайри муассир (бо таъсироти ҷисмӣ) маънидод намудааст.

Соҳиби тафсири «Ал-мунир» ва «Ал-васит», доктор Ваҳба Зуҳайлӣ дар шарҳи задани ғайри мубарриҳ овардааст, ки он ба маънои ғайри азиятовар мебошад ва бояд бо даст ба сурати нарме се бор бар китфи вай ва ё бо чӯби мисвок ва ё бо чӯбчаи сабуки дигаре анҷом гирад, на бо кафи даст (ва бо мушт бар рӯй ва ё бо калтаку шатта ва ғайра), ки боиси осебҳои ҷисмӣ мегарданд. Зеро ҳадаф аз ин иқдом ислоҳи вазъ мебошад, на чизи дигаре. Пас задан як амр (ишора)-и рамзӣ аст.

Дар тафсири «Маорифу-л-Қуръон» дар ин бора омадааст, ки: «Ду равиши ислоҳоварии якум ва дуюм насиҳатҳо ва ислоҳовариҳои шарофатмандона мебошанд. Аз паёмбарони Худо (с) ба кор рафтани он ду равиши ислоҳӣ нисбат ба занон ба субут расидааст. Аммо равиши сеюм (задан), ҳарчанд дар ҳолатҳои ис¬тисноӣ ва дар доираи маҳдуде иҷозат бошад ҳам, Паёмбари ислом (с) иршод намудаанд, ки: «Мардони хубу (бонаҷобат) ҳаргиз занони худро намезананд».

Дар ин оят назокати қонуни илоҳиро ба хубӣ мушоҳида менамоем. Қуръони карим мехоҳад дар ибтидо марду зан аз нерӯи фикру андеша ва зарфиятҳои инсонии худ исти-фода намоянд ва худ чорасози мушкилоти дохили хеш бошанд. Дар айни ҳол асрори маҳрамонаи оилавиашон аз ифшо шудан ва ба даҳонҳо афтодан маҳфуз бимонад.

Зеро ифшои асрори маҳрамонаи хонаводагӣ имкон дорад ҳалли бӯҳрони ба вуҷудомадаро мушкилтар намояд ва аз тарафи дигар, он кор ба ҳайсияти иҷтимо¬ии онҳо латма мезанад. Нигоҳ доштани доманаи носоз¬горӣ дар доираи огоҳии худи зану шавҳар аз як сӯ, ҳалли онро барояшон осонтар месозад ва аз сӯи дигар, фарзандонро низ аз паёмадҳои бади равонии он эмин нигаҳ медорад.

Марҳалаи дигари ҳалли бӯҳрон

Вале ҳангоме кор то ин марҳала ба таври дуруст ба поён нарасид ва он се равиши ислоҳӣ натиҷаи дилхоҳ набахшиданд, набояд бори дуюм ба истифодаи он ра¬вишҳо бар-гашт. Мард дигар набояд он шеваҳоро ба кор гирад. Зеро бо бакоргирии такрории онҳо оҳиста-оҳиста муҳити ороми хонавода барҳам мехӯрад ва он шеваҳои ислоҳӣ ба унсури фишору зӯроварӣ, ҷангу кашмакашҳои вайронгар ва лату кӯби доимӣ табдил меёбанд, ки ислом аз чунин коре безор мебошад.

Балки бояд роҳи ҳалли тозаеро дар пеш гиранд ва додгоҳи хонаводагие ташкил намоянд. Як довари хайр¬хоҳ, хирадманд ва ислоҳталаб аз ҷониби аҳли мард ва яке аз ҷониби хонаводаи зан пой дар миён ниҳанд ва ба¬рои ислоҳи онҳо аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузор нанамоянд.

Ҳанӯз ислом то ин марҳала намехоҳад кор ба додгоҳи қонун ва ба назди суду прокурор кашонида шавад, балки бояд боз дар роҳи ислоҳи онҳо ва бартараф намудани бӯҳрони хонаводагӣ қадами дигаре дар дохили хонавода бардошта шавад. Додгоҳи қонун то ин марҳала низ ҳаққи дахолат дар умури дохили хонаводагии онҳоро надорад. Баръакс, ҳамон додгоҳи хонаводагӣ шаръан салоҳияти баррасӣ ва ҳалли мушкили онҳоро доро мебошад.

Ояти 35-уми сураи «Нисо» ба ин марҳалаи низоъҳои оилавӣ ва ташкили ҳайати салоҳиятдори доварони ду тараф амр намуда, пойгоҳи ҳу¬қуқии додгоҳи хонаводагиро ба вуҷуд овардааст, он ҷо ки мефармояд:

«Ва агар аз низоъи байни онҳо хавф дошта бошед, пас доваре аз ҷониби хонаводаи мард ва доваре аз хонаводаи зан (барои ин кор) бифиристед. Агар он доварон (дар ҳақиқат) ислоҳро (дар байни онҳо) бихоҳанд, Худо дар миёни онҳо вифоқ (ва дӯстӣ)-ро ба вуҷуд меоварад. Худо, воқеан ҳам, донову огоҳ аст».

Ба ҳар ҳол, ин вазъият ҳолати истисноӣ дошта, баъзан рӯй меди¬ҳад ва дар чорчӯбаи маҳдуде ба шавҳар салоҳиятҳо ва ихтиёроте барои ислоҳи носозгории ба вуҷудомада дода мешавад. Ҳадафи асосии он дар бартараф намудани ташаннуҷ ва пешгирӣ аз ба хушунат гароидани мушкилӣ хулоса мешавад.

Агар мард омили носозгорӣ ва ошуфтани вазъи хонавода гашта бошад, дар тамоми мавридҳое, ки зан ҳаққи муроҷиат ба додгоҳро дошт, бояд пеш аз он ҳа¬мин равиши ташкили додгоҳи хонаводагиро ба кор гиранд ва барои ҳалли мушкили ба амаломада ҳайати доварони ду тарафро ташкил намоянд.

Хушунатҳо дар ҷомеа

Вақте бо падидаи хушунату зӯроварӣ ва дигар ноа¬долатиҳо ба таври умум ва дар сар то сари ҷомеа мубориза бурда нашавад ва дар мардум камарбанди амниятие аз маърифати динӣ ва имону тақво ба вуҷуд оварда нашавад, ҳолатҳои равонии мардум, тарзи тафаккури ҷомеа ва сохтори андешаи инсон андак-андак ба сӯи фарҳанги хушунат гароиш пайдо мекунад ва дар онҳо тундмизоҷӣ ва ду¬руштрафторӣ дар тамоми муносибатҳо реша мегирад.

Бинобар ин, тамоми муқаррароти иҷтимоии ислом ба сӯи пешгирӣ аз навъҳои гуногуни хушунат дар ҳаёти хонаводагӣ ва иҷтимоии мардум равона гардидаанд. Ба таври мисол, баъзе қонунҳои иқтисодӣ, назарияҳои иҷтимоӣ ва ғайраи исломро зикр менамоем, ки ин маъно дар онҳо ба хубӣ мушоҳида мегардад.

1. Қонуни манъи фасоди молӣ ва ришвахорӣ. Қуръони карим мефармояд:

«Амвол (ва дороиятон)-ро дар миёни худ ба ботил (ва беҳуда) нахӯред ва онро (ба унвони ришва) ба пеши ҳокимон (ва дигар одамони нуфузманди мақомоти давлатӣ) напартоед, то бахше аз молу дороии мардумро ба (ноҳақ ва) гуноҳ бихӯред, дар ҳоле ки худ (ноҳақ ва нодуруст будани ин рафторатон)-ро медонед».

2. Қонун дар бораи ҷинояти куштор, ки дар ояти 178 ва 179-уми сураи «Бақара» баён гардидааст.

3. Қонун дар бораи ҷинояти дуздӣ ва ғоратгарӣ, ки дар ояти 38-уми сураи «Моида» баён гардидааст.

Хулоса, тамоми оятҳои аҳком ба ҳолатҳои хушунат ва зӯроварӣ дар ҷомеа сахт алоқамандӣ доранд. Ислом тамоми ин аҳкоми тарбиявӣ ва қонунҳои пешгирикунандаи ҷиноиро барои ба танзим даровардани ҳаёти мардум, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хушунату зӯроварӣ ва таъмини оромишу саодати саросарӣ дар ҷомеа пешбинӣ намудааст.

Иффат ва покдоманӣ дар ҷомеа

Покӣ ва иффат яке аз муҳимтарин арзишҳои имо¬нӣ ва ахлоқии ислом мебошад. Ислом покизагиву иффат ва пок¬доманиро ҳам дар ҳаёти фардиву хонаводагии шахс ва ҳам дар муҳити ҷомеа дӯст дошта, барои бунёди ҷомеаи солим ва пок аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузор накардааст. Аз ба вуҷуд омадани муҳити носолими ах¬лоқӣ ва ривоҷ ёфтани бебан¬дубориҳо кӯшидааст, то ба ҳар василае пешгирӣ намояд.

Худованд дар канори қонунҳои муҷозотии сахте, ки барои ин падидаи хилофи иффати инсонӣ гузоштааст, паёмадҳои бади равонӣ, бемориҳои ҷисмӣ, олуда¬гиҳои иҷтимоӣ ва дигар зарарҳои онро дар дурнамои генофонди миллат баён доштааст, он ҷо ки мефармояд:

«Ба (муҳити олуда ба) зино наздик нашавед, ки он, дар воқеъ, амали зишт (ва бебандуборӣ) буда ва роҳи (ниҳоят) бад (ва зиёнборест)».

Боз мефармояд:

«Худо (шуморо) аз бебандуборӣ, бадӣ ва ситам наҳй менамояд (ва ба ин шева) шуморо панд медиҳад, то тазаккур намоед».

Ҳамчунин мефармояд:

«Бигӯ: Парвардигорам ҳама намуди бебанду­бориҳои ошкору ниҳон, гуноҳ ва зулму таҷовуз ба ноҳақро қатъан ҳаром гардонидааст…».

Боз мефармояд:

«Одамоне, ки мехоҳанд (ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки) дар миёни мардуми мӯъмин фаҳшову бебандуборӣ шуюъ (ва ривоҷ) пайдо намояд, барои онҳо дар дунёву охират азоби дардноке бошад…».

Ислом аслан фарҳанги (ба истилоҳ) бебандуборӣ, хушунат ва дағалгароиро намепазирад ва дӯст медорад, ки покиву иффат, муносибатҳои олии инсонӣ ва муҳаббату тасомуҳ дар ҷомеа ва дар андешаи мардум ҳукмфармо бошад.

Зино ва алоқаҳои номашрӯъи ҷинсӣ ба ҳар сурате ки бошанд, дар шаръи муқаддаси ислом маҳкум шудаанд ва барои он муҷозоте низ муқаррар гаштааст.

Ба ҷойгоҳ ва он арзиши волое, ки дини ислом дар маҷмӯаи қонунгузорӣ ва тарҳи муносибатҳои иҷтимоии худ барои зан муайян намудааст, донишмандони мунсиф ва пажӯҳишгарони воқеъбини Ғарб низ эътироф намудаанд. Густов Любен дар китоби «Тамаддуни ислом ва араб»-и худ дар ин бора мегӯяд:

«Ислом мақоми занро дар ҷомеа бисёр баланд бардошта, нисбат ба пешрафт ва саодати вай хадамоти шоистае анҷом додааст.

… Ислом аз ҳайсият ва арзиши зан чизе накоста, балки вайро ба мақоми баланд ва ар-зишманде расонидааст ва мо нахустин касе нестем, ки дар бораи ислом чунин ақида до-шта бошем, балки Косен Ду Персвол пеш аз мо ин андешаро изҳор дошта буд ва Бортелмӣ Сент Ҳилар низ ба ин ақида бо мо ҳамраъй мебошад.

Ислом аввалин дине мебошад, ки дар ислоҳи ҳоли занон ва пешрафти ҳамаҷонибаи онҳо қадамҳои густардае бардоштааст ва ин матлаб ба таври бадеҳӣ равшан аст, ки вазъ ва ҳоли занон дар динҳои пеш аз ислом бисёр зоеъ ва ошуфта буд».

Гузашта аз ин, он ҷойгоҳи боазамате, ки ислом ба¬рои зан ба вуҷуд оварда буд ва он рафтори олие, ки мусалмонон дар даврони шукӯҳ ва азамати ислом дар муошират бо занон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта буданд, дар ҳаёт ва зеҳнияти мардуми Аврупо таъсири худро гузошта буд. Бояд пазируфт, ки зан дар ҷомеаи мутамаддини имрӯз дар бобати ба даст овардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои худ мадюни арзишҳои волои ислом ва хадамоти баёдмондании мусалмонон барои ҷомеаи башарӣ мебошад. Густов Любен дар ин бора мегӯяд:

«Ахлоқи ҷавонмардонаи мардуми Аврупо, ки як бахши умдаи онро рафтор бо занон ташкил медиҳад, аз мусалмонон ба мо расидааст ва дар зери таъсири онҳо ба вуҷуд омадааст. Дине, ки тавонист занро аз он дараҷаи паст ва хориву зиллат наҷот бахшад ва ба авҷи иззату каромат бирасонад, дини ислом буд, на дини масеҳӣ, чунонки оммаи мардум хаёл мекунанд. Зеро амирон ва сарварони мо дар асрҳои миёна бо вуҷуди он ки насронӣ буданд, барои зан ҳеҷ гуна эҳтироме қоил набуданд ва дар китобҳои таърих омадааст, ки пеш аз он ки мусалмонон ба гузаштагони мо (аврупоиён) эҳтироми занро биомӯзанд, амирон ва сарварони мо бо камоли ваҳшоният ба онҳо рафтор мекарданд».

Тафовутҳои марду зан

Ислом тафовутҳои физиологӣ (ҷисмонӣ) ва равонии марду занро дар қонунгузории худ ба эътибор гирифта ва аҳкоми худро бар асоси воқеъиятҳои айнӣ поярезӣ намудааст.

Марду зан дар сохтори ҷисмӣ, хусусиятҳои физио¬логӣ, ҳолатҳои равонӣ ва дигар бахшҳои ҳастии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Зеро онҳо дар якҷоягӣ камоли инсониро ба вуҷуд овардаанд ва ҳар яке ба танҳои нисфи он ба шумор меравад. Пас он вазифаеро, ки ҳар яки онҳо барои ҳифз ва имтидоди ҳаёти инсонӣ анҷом медиҳад, ҳамин тафовутҳоро аз эшон талаб мекунад.

Рамзи муваффақияти қонунҳои ислом дар ташаккули шахсият ва худсозии инсон низ дар он аст, ки онҳо дар таносуб бо тафовутҳои мавҷуд дар ҳар ду қишр поягузорӣ шудаанд, ки бо тобу тавон, тафовутҳо ва маҳдудаи имкониятҳои вуҷудии ҳар қишре ҳамсозии комил доранд ва бе ҳеҷ тардиде, ин таносуб ва ҳамгунӣ яке аз вуҷуҳи эъҷози он ба шумор меравад.

Ин тафовутҳо албатта, ба асли инсонии онҳо дахле надоранд, балки он дар чорчӯбаи офариниши илоҳӣ ва бар асари иқтизои вазифаи онҳо дар ҳаёт ба вуҷуд омадааст. Тафовутҳои мазкур аз фарқият¬ҳои ҷисмӣ (физиологӣ) ва равонӣ (психологӣ)-и марду зан аз якдигар иборатанд, ки дар таносуб бо онҳо баъзе тафовутҳои фиқҳӣ барои ҳар қишре пешбинӣ шудааст.

1. Тафовутҳои ҷисмӣ. Зан дар нармии ҷисм, латофати бадан, отифаи рақиқ, узубати сухан ва ғайра аз мард фарқ мекунад.

Дар таҳқиқотҳои илми зистшиносӣ (биология) ба исбот расидааст, ки зан дар тамоми чиз: аз сурат ва узвҳои беруна сар карда, то зарраҳои ҷисмӣ ва ҷавҳари протеинии таркиби ҳуҷайраҳо дар бофтаҳояш аз мард фарқ мекунад. Аз ҳамон ибтидои муайян шудани ҷинси ҷанин рушди таркиби ҷисмонии ҳар ду ҷинс ба шакли мутафовит пеш мера-вад ва ҳайкали ҷисмонии зан дар ниҳоят ба сурате инкишоф меёбад, ки барои анҷоми вазифааш дар ҳаёт омода ме¬гардад ва ҳамин чиз роҳи ӯро дар оянда муайян месозад.

Пас аз расидан ба синни булуғ, вақте ҷараёни табиии ҳайз (хунби¬нии моҳона) барои зан шурӯъ мегардад, фаъо¬лият ва ҳаракоти тамоми аъзои баданаш дар он асно аз он мутаассир мегарданд. Пажӯҳишҳо ва мушоҳидоти илми зистшиносӣ ва илми анатомия ба он далолат мекунанд, ки дар аснои ҳайз тағйироти зерин дар вуҷуди зан ба му-шоҳида мерасанд:

1. Қувваи нигаҳдории ҳарорати бадан дар ҷисми зан кам мегардад ва дар натиҷаи берун шудани гармии зиёд аз бадан дараҷаи ҳарорати он паст мешавад;

2. Тапиши набз суст ва фишори хун паст мешавад ва дар натиҷа интиқоли ҳуҷайраҳои он кам мегардад;

3. Дар ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ (эндокринӣ), ға¬дудҳои гулӯ ва ғадуди савдоӣ (лимфовӣ) тағйироте ба му¬шоҳида мерасад;

4. Коркард, фаъолияти метаболистӣ ва мубодилаи моддаҳо дар дохили ҳуҷайраҳо кам мегардад;

5. Қобилияти ихроҷи таркиботи химиявӣ (намак¬ҳо)-и фосфат ва хлорид аз бадан паст мегардад ва мубодилаи ғазӣ хеле поин меравад;

6. Раванди ҳазм халалдор мегардад ва часпоиши чарбу ва дигар маводи протеиние, ки дар таркиби хур¬даниҳо вуҷуд доранд, бо бофтаҳои бадан кам мешавад;

7. Ҳолати афсурдагӣ бар зан ғолиб мегардад ва қобилияти идрок дар вай суст мешавад;

8. Ҳушёрии зеҳнӣ ва ҷамъияти хотирро аз даст медиҳад.

Ин ҳама тағйирот дар маҷмӯъ зани ҳоизро ба ҳолате шабеҳи бемор наздик месозад.

Устод Карше Шекфеский дар зимни озмоишҳои равон¬шиносии худ ба ин натиҷа расидааст, ки маҷмӯаи асабӣ дар вуҷуди зан дар айёми ҳайз ба ҷӯш меояд ва дучори ихтилол ва заъфи идрок мегардад ва қобилияти ҷисмиаш низ дар он муддат суст мегардад. Он гоҳ меафзояд: Аз ин ҳама дар аснои ҳайз замони бордорӣ боз ҳам сангинтар аст.

Зан ба таври табиӣ моҳе як бор ҳайз мебинад ва ба он тағйироти физиологӣ ва равонӣ дучор мегардад, ба ин маъно, ки моҳе як бор ба афсурдагии ҷисмӣ, тирагии хотир ва парешонии равонӣ гирифтор мешавад. Илова бар ин, дар ҳар давраи бордорӣ то вазъи ҳамл тақрибан бештар аз нуҳ моҳ ба сахтиҳои ҳамлу вилодат рӯ ба рӯ мегардад, ки ҳа¬маи ин рӯи ҳам рафта дар вазъи ибодат, барномаи рушди зеҳнӣ ва раванди такомули шахсияти иҷтимоии вай таъсир мегузоранд.

Мағзи сари зан ба таври мутавассит ҳудудан сад грамм аз мағзи сари мард камтар мебошад, шиканҳо, печу тобҳо ва ҷавҳари санҷобшакли он, ки маркази нуқтаи идрок аст, нисбат ба ҳамин чизҳо дар мағзи сари мард хеле кам ва дорои тафовут аст. Вале бо ин вуҷуд маркази эҳсос ва фаъолиятҳои отифӣ дар он нисбат ба мард бештар инкишоф ёфтааст.

Ҳатто дили зан аз дили мард хурдтар буда, набз ва та¬пиши он дар ҳар дақиқа тақрибан 10-14 бор аз дили мард бештар ва сареътар аст.

Ин тафовутҳо илова бар он фарқиятҳои мутлақи физиологие ҳастанд, ки дар ҷисми зан вуҷуд доранд, ба монанди сина, бачадон, тухмдон, ғадудҳои коркарди шир ва ғайра, ки дар мард чизе аз онҳо вуҷуд надорад.

2. Тафовутҳои равонӣ. Ҳолатҳои нафсӣ ва раванд¬ҳои равонӣ дар зан ба таври умумӣ аз мард фарқ мекунанд. Аз ҷумла, нерӯи отифаи зан аз мард қавитар аст, вале нерӯи ирода дар мард пойдортар аст, зан тез ва бо сабабҳои ночизе ба ғазаб меояд ва идораи асабҳо ва эҳсосоти худро аз даст медиҳад.

Ҳамчунин отифаи раҳмдилӣ, дилсӯзӣ ва шафқат дар зан ниҳоят қавӣ аст ва ба андозаи тафовути ҳар ду ҷинс аз якдигар аз ин ҳолатҳо дар мард фарқ дорад. Қобилияти ҳифзи хотираи дарозмуддат ва захираи он дар зан заъифтар ва раванди фаромӯшсозӣ дар вай сареътар аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин падида дар нерӯи ҳофизаи қишри занон дини ислом шаҳодат ва гувоҳии ду занро баробари шаҳодати як мард донистааст, то ба ин восита нақси зарфиятҳои зеҳнӣ дар онҳо ҷуброн шавад. Қуръони карим дар ояти «дайн» ме-фармояд:

«Ва аз миёни мардони худ (бар китобати он) ду шоҳид баргиред. Агар ду мард набошад, пас як мард ва ду зан аз он шоҳидоне (баргиред), ки (ба шаҳодати онҳо) розӣ ҳас¬тед, то агар яке аз онҳо (дар чизе худро) гум созад, яке аз онҳо дигарашро ба ёд оварад».

Албатта, инҳо намунаҳое аз тафовутҳои ҷисмонӣ ва равонии зан аз мард буданд, вале фарқияти онҳо ба ин намунаҳо маҳдуд намегардад. Худованди ҳаким ба таври дақиқ ба ин тафовутҳо ишора менамояд, он ҷо ки мефармояд: «Ва мард мисли зан нест».

Ҳамчунин гуфтанист, ки ин тафовутҳо бо меъ­ёри миёна ва дар ҳадди мутавассит дар назар гирифта шудаанд. Аммо ба таври инфиродӣ имкон дорад, ки зане дар баъзе хусусиятҳо ба мардон наздик бошад ва ё марде дар порае аз тарҳҳои ҷисмонӣ ва ё хислатҳои нафсо¬нӣ ба занон монанд ва ё умуман, зансифат бошад.

Вақте зан ба таври куллӣ дар сохтори ҷисмонӣ ва хусусиятҳои равонии худ аз мард фарқ кунад, пас аз ҳикмат нест, ки барои вай ҳамон қонунҳои фиқҳӣ ва аҳкоми иҷтимоие пешбинӣ шаванд ва ё шаръан аз вай аъмоле таклиф (талаб карда) шавад, ки барои мардон муайян шудаанд ва аз тобу тавон ва имконоти вуҷудии ӯ болотаранд. Балки дар ҳавзаи қонунгузории ислом чунин чизе аслан вуҷуд надорад.

Бинобар ин, тамоми тафовутҳои фиқҳӣ ва аҳкоми мутафовити ибодатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайрае, ки дар қонунгузории ислом дар байни занон ва мардон мушоҳида мешаванд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин тафовутҳои ҷисмонӣ ва равонии онҳо пешбинӣ шудаанд ва уҳдадории баъзе масъулиятҳо ва идораи баъзе умур ба мардон ихтисос ёфтааст.

Инқилоби фикрӣ ва иҷтимоӣ

Вақте ба вазъи зан дар ҷаҳони онрӯз аз назари бархӯрди манфии иҷтимоӣ ва дар андешаи ғайривоқеъбинонаи миллатҳои куҳан менигарем, ба хубӣ ба ин воқеъият пай мебарем, ки ислом таҳаввули азиме дар ин замина ба вуҷуд овардааст. Аз як сӯ, вазъи иҷтимоии зан¬ро дар қа¬ламрави ҷаҳони ислом ба эътидол даровард ва барои вай ҷойгоҳи муносиби ҳуқуқие ба вуҷуд овард ва аз сӯи дигар, андешаи ҷомеаи ҷаҳониро нис-бат ба вай дигар намуд ва ин корномаи азим дурнамои ҳаёти занро барои оянда дар саросари ҷаҳон муайян сохт.

Дар назди коршиносони масоили иҷтимоӣ ва ҷомеашиносон ба хубӣ равшан аст, ки эҷоди чунин таҳав¬вуле дар миқёси ҷаҳонӣ ба дигаргунии куллӣ дар анде¬шаи мардум ва инқилоби фикрӣ ниёз дорад ва ин амр бо пешни¬ҳоди як назария, нашри китобу мақола ва ё доир намудани конфронси илмӣ ҳал намешавад.

Корномаи бузурги ислом дар ин замина он аст, ки тавонист барои зан каромати инсонӣ ва ҷойгоҳи муно¬сиби иҷтимоиеро дар ҷаҳон барқарор намояд ва ҳам назар ва андешаи мардумро нисбат ба вай дигар созад.

Аз назари тамоми динҳои пешин ва аксари мактабҳои фалсафӣ дар он рӯзгор зан унсури бадӣ ва сарчашмаи тамоми мусибатҳо ва гуноҳон ба шумор мерафт. Ин тарзи тафаккур ва нигоҳи манфӣ ба зан боис шуда, ки ҳаёти безанӣ ва рӯйтофтан аз издивоҷ дар байни мардум, ба хусус мардони дин, ба гунае шоеъ шавад ва он роҳи халосӣ аз ба-диҳо ва расидан ба камолоти инсонӣ дониста шавад. Шахсе, ки аз барпо намудани оила худдорӣ меварзид ва дар танҳоӣ ба сар мебурд, беҳта¬рин инсон ва одами му¬қаддас ба шумор мерафт.

Дар «Доиратул маориф»-и Бритониё дар ин бора омадааст: «Безанӣ ва танҳо зистан дар ҳаёти динии башарият ба гунае (ба шакле аз шаклҳо) дар имтидоди асрҳо вуҷуд дошта ва ин падида тақрибан дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ ба зуҳур расидааст».

Дар ҷои дигар мегӯяд: «Ҳадаф аз андешаи безанӣ пӯ¬шидани симои қадосат ба мардони дин буд. Марди дин мебоист дар олами рӯҳии худ ба зоти хеш иктифо кунад, дар ҳоле ки барпо намудани пайванди издивоҷ бо зан дар такомули шахсияти вай эътимод ба сарчашмаи хориҷӣ ба шумор меравад. Омӯзиши динҳои ибтидоӣ ин нуктаро равшан месозад, ки барпо намудани пайвандҳои заношав¬ҳарӣ барои мардони дин мамнӯъ буда-аст. …Одоб ва анъанаҳои диние, ки дар асрҳои баъ¬дӣ ба зуҳур расиданд, ҳамеша таъкид дошта, ки ҳаёти безанӣ муставои ахлоқӣ ва рӯҳии инсонро баланд мебардорад. Бинобар ин, касе ба ахлоқ ва рӯҳиёти баланд чашм дӯзад, бояд аз издивоҷ ва агар оиладор бошад,

More From Author

You May Also Like