Categories Uncategorized

Шуъбаи ҲНИТ дар Бадахшон ба мақомот: Ба фишорҳо хотима диҳед!

Изҳороти шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ

Вақтҳои охир болои масъулин, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ мақомоти ҳукуматӣ бо ҳар роҳу васила фишороварӣ намуда, барои хориҷ шудан аз сафи ҳизб кушиш карда истодаанд. Ба хусус бо наздик шудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ чунин фишорҳо дар тамоми манотиқи кишвар, бахусус дар ВМКБ рӯз ба рӯз авҷ гирифтааст.

Ба хусус мақомоти амният масъулин ва аъзои ҲНИТ- ро даъват намуда, онҳоро маҷбур менамоянд, ки матни омода намудаи мақомотро дар назди ВАО қироъат намоянд ва наворҳои сабтшуда аз тариқи барномаҳои телевизион ба намоиш гузошта мешаванд.

Рӯзи 15.08.2013, ҳайати кории ҲНИТ, ки барои боздид аз фаъолият ва баргузор намудани конфаронси шуъбаи вилоятӣ озими шаҳри Хоруғ шуданд, баъди ворид шудан ба ноҳияи Шуғнон мавриди ҳамлаи гуруҳи номаълум қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин ҳамла муовини онвақтаи раиси шуъбаи вилоятии ҲНИТ Саодатшоҳ Адолатов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва ҳайат бо мушкилоти зиёд аз дасти ҷинояткорон раҳо шуда, то шаҳри Хоруғ аз ҷониби онҳо таъқиб шуданд.

Мутаасифона, бо вуҷуди ин, ки ҳайат ба сардори РВКД-и ВМКБ, Тоҷиддин Назришоев муроҷиат карда, ӯ шикояти онҳоро шунида буд, рӯзи дигар ӯ тавасссути радиои «Озодӣ» ҳамлаи ҷинояткорон болои ҳайати ҲНИТ-ро беасос хонда, онро амали аз ҷониби масъулини ҲНИТ тарҳрезишуда номид, ки инро конфаронс ба ғайр аз шонахоликунӣ ва хунукназарӣ нисбат ба масъулияти хеш чизи дигаре намешуморад.

Шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ ҳамаи ин амалҳоро маҳкум намуда, онро муғойир ба созишномаи сулҳ, сарқонун, қонунҳои дигари ҶТ ва таҳдид ба амнияти миллӣ медонад.

Шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ аз ҳамаи мақомот қотеъона талаб менамояд, ки ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амнияти сартосарӣ ба чунин амалҳои нангин хотима диҳанд.

More From Author

You May Also Like