Categories СИЁСАТ

Зафар Саидзода: Ба худамон дурӯғ нагӯем!

Дар воқеъ, дӯсти мо, Зафар Саидзода, дар ин чанд соли мушоҳидаву бархурдҳои зиёд ба масоили мухталиф дар сатҳи мухталиф ва дар заминаи фарҳанги зотии хеш ба ин натиҷа расидааст, ки бояд ҳарфи ҳақро гуфт, новобаста ба пайёмади эҳтимолияти оқибати номатлуб пайдо кардани он.
Бале, ошкор гуфтани масоили доғ беҳтарин иқдом аз сӯи як рушанфикр аст, вале ошкор гуфтани омилони он, бахусус ангушт гузоштан болои ҳар омили бад, ки кадом ниҳоду мақомдор ё шахси мушаххасе боиси пайдо шудани он қарор гирифтааст, чеҳраи рушанфикри асилро рушантар гардонида, маҳбубияти ӯро дар ҷомеъа аз беҳтар ба беҳтарин табдил месозад.
Ба ҳар ҳол, дар китоби навбатии дӯсти гиромӣ, Зафар Сайидзода, мушовири калон дар бахши ёрдамчиёни президент, ки дар гузашта тавре дар боло ишора рафт, ходими илмӣ, собиқ сухангӯи президенти ҶТ ва раҳбари Оҷонси иттилоотии “Ховар” буд, то ҷое ишораҳои ҷиддӣ ва нишонрас ҷо пайдо кардаанд, албатта бо чизе ки аз саҳифаи «Озодагон» хондаем.
Аз номи китоб, “Густариши ахлоқи миллӣ – посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ”, ки дар худ бобҳоеро аз қабили “Тарбияи ахлоқӣ – меҳвари ғояи миллӣ”, “Таъсирҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ ва осебҳои падидаи истеъмолгароӣ”, “Асари манфии ҷаҳонишавии арзишҳои оилавӣ”, “Вазифаҳо, нақшҳо ва масъулиятҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ”, “Тарбияи фарзанди нек”, “Нақши оила дар тарбияи ахлоқии фарзандон”, “Нақши мактаб дар шахсиятсозӣ”, “Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ”, “Нақши таълиму тарбия дар рушди ахлоқии фарзандон” ва “Чанд сухан дар бораи усулҳои тарбияи фарзанд” ҷо додааст, маълум мегардад, ки муаллиф дар навиштаи хеш кадом ҷанбаи муҳими зиндагиро дар меҳварияти баҳс қарор додааст ва аз ҷомеъа чиро интизор дорад.
Умед аст, ки Зафар Саидзода бо қалами хеш нуқоти доғи масоили рӯзро бо таваҷҷуҳ аз мушоҳидаҳояш рушанфикрона боз ҳам ошкортару шаффофтар рӯи саҳифа мерезад, то зимомдорони давлат ҷиддан рӯ биёранд ба ислоҳоти чашмгир дар низоми зиндагии кишвари азиз, ки номи он Тоҷикистон аст.
Ин буд, назари мо аз матлаби кӯтоҳе, ки аз саҳифаи «Озодагон» бардошт кардем ва зарурати бознашри онро дар саҳифаи «Наҳзат» лозим дидем.
Ҳоло порае аз китоби нави ин донишмандро аз боби “Ба худамон дурӯғ нагӯем!” пешкаши хонандаи хеш мегардонем:
– Яке аз хусусиёти ҷомеаҳои дар масири тараққӣ ақибмонда худситоиву худтаърифкунӣ ва ба иғроқ кашондани дастовардҳои кӯчакашон дар ин ё он ҷанбаҳои зиндагӣ мебошад.
Масалан, мо одат дорем, ки худамонро боахлоқтарин ва бофарҳангтарин миллати дунё номем. Чаро ба иғроқ роҳ медиҳем? Чаро намехоҳем воқеъбинона иқрор кунем, ки кишвари мо ва ҷомеаи мо дар бархе аз бахшҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба сарҳади буҳрон расидааст? Чаро худамон худамонро бо хаёлбофиҳо хушҳолу хотирҷамъ мекунем?
Вақте дар кӯчаҳои шаҳр наврасону ҷавонон бо садои баланд ба якдигар суханони қабеҳу фаҳш мезананд ва дар ин маврид вуҷуди калонсолонро умуман нодида мегиранд; вақте тамошочиёни бозиҳои варзишӣ ба мухлисони тарафи муқобил дармеафтанд; вақте ронандагони нақлиёти мусофиркаш ҳатто ба мусофирони куҳансол дағалона рафтор мекунанд…, мо мегӯем, ки инҳо “баъзе аз ҷавонон” ҳастанд ва чунин ҳодисаҳо “баъзан” рух медиҳанд. Дар сурате ки чунин ҳодисаҳоро дар ҳар сари қадам мушоҳида мекунем.
Чаро вақте занҳо ва духтарҳои авон бо шармовартарин либосҳову ороиш дар хиёбонҳо гаштугузор мекунанд ва дар тарабхонаҳову дигар маконҳои саргармӣ бо тани тақрибан нимурён ҳозир мешаванд ва рафторҳои қабеҳу зишт аз худ нишон медиҳанд, мо инро “таъсири фарҳанги бегона” меномем? Чаро вақте медонем, ки донишгоҳҳо ва ҳатто мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои духтарони наврасу ҷавон ба макони мусобиқаи либоспӯшиву зебу зинат табдил шудаанд ва фасоди молӣ – бадтарин бемории имрӯзаи ҷомеаи мо –дар ин қонунҳои ахлоқӣ низ дар ҳоли шукуфтан аст, ин ҳамаро нодида мегирем?
То замоне ки бемор напазирад, ки бемор аст, ҳеч табибе наметавонад ӯро табобат кунад. То вақте қабул накунем, ки ҷомеаи мо ба бемориҳои гуногуне дучор шудааст ва бемориҳои дигаре дар ҳоли таҳдид ба саломатии кишвар ҳастанд, ҳеч гоҳ ба ҳалли мушкилот нахоҳем расид.
Мо бояд бипазирем, ки бо тамоми пешрафтҳои дурахшону мусбате, ки дорем, дучори бемориҳои гуногуне шудаем. Ҷомеаи мо ниёз ба дармон ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ дорад. Бо худсензура ва пӯшондани ҳақиқати вазъи воқеӣ ҳар рӯз ҳоламон бадтар мешавад. Бо ҳарф задану таъкид кардан аз мушкилоти ахлоқиву иҷтимоии кишварҳои Ғарб ва бо ҷилва додани бартарии фарҳангу ахлоқи миллии худамон ҳеч мушкилоти фарҳангиамон аз байн намеравад. Рӯзе ҳазор бор ҳам бо таърихи чандҳазорсолаву миллати бофарҳангу дорои ахлоқи ҳамидаамон ифтихор кунем, дардҳои имрӯзи ҷомеа даво намеёбанд.
Камбудиҳои ҷомеаро пинҳон намудан хизмати хирсона кардан ба мардуми хеш аст. Бидуни ошкор кардани сабабҳо ва омилҳои бемориҳои иҷтимоӣ решакан кардани онҳо комилан ғайримумкин аст. Ватандӯст он касе нест, ки фақат сухан аз пешрафт мегӯяд, балки ватандӯсти ҳақиқӣ он касест, ки дардҳои ҷомеаро меёбад, меандешад, барояш посухе ҷустуҷӯ мекунад ва ин посухро ба баҳси иҷтимоӣ мегузорад ва аз ба чолиш кашидани камбудҳои ҷомеа ибое надорад.

More From Author

You May Also Like