Categories Uncategorized

Сохтумони васеъ намудани масҷиди паёмбар (с) оғоз гардид

Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб

nahzat.tj

Бузургтарин лоиҳаи васеъ намудани масҷиди паёмбари акрам (с) дар Мадинаи мунаввара рӯзи душанбе 24. 09. 2012 бо иштироки шоҳи вақти ин кишвар Малик Абдуллоҳ ибн Абдулазиз оғоз гардид.

Бино ба навиштаи расонаи хабарии “alarabiya.net” пас аз поён ёфтани ин лоиҳа 2, 8 миллион нафар дар ин масҷид метавонанд намоз гузоранд.

Бояд гуфт,, ки тарҳи мазкур аз ҷумлаи силсила тарҳҳое ба шумор меравад, ки аз ҷониби Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз пешниҳод мешавад ба хотири осон намудани умури ҳаҷ ва умра барои зоирон пешбини шудааст.

Инчунин, манбаъ меафзояд, ки қарор аст байни фурӯдгоҳи Ҷидда ва Макка роҳи қатораи зудгард ё худ метро боз карда шавад.

More From Author

You May Also Like