Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Ахиран Фаттоҳ Саидов, роҳбари Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки судяи Суди олии кишвар ва айбдоркунандаи давлатӣ дар рафти парвандаи маъруф ба «парвандаи Исфараги»-ҳо бо 350 ҳазор доллар пора айбдор дониста мешаванд. Ҳарчанд ҷаноби Саидов мушахасан аз исми он судя ва айбдоркунадаи давлатӣ ном нагирифт, аммо дар парвандаи Исафарагиҳо як нафар судяи Суди олӣ Нур Нуров ном бурда мешавад. Хабаре, ки то ба имрӯз барои хабарнигорон дақиқ набуд, ки Н. Нуров бо чи кирдоре айбдор дониста мешуд.
Ба гуфти Фаттоҳ Саидов, дар вақте ки парвандаи Низомхон Ҷӯраев соли 2008 баррасӣ мешуд, «он вақт ҳар кас роҳбари худро дошт ва ҳар кас бо хоҳиши худ кор мекард. Имрӯз омада ҷавоб дода истодаанд. Агар ҳамаи ҳамин гурӯҳро дар якҷо муттаҳид мекарданд, идоракуниашонро як нафар ба ӯҳда мегирифт, мумкин чунин камбудиҳо рӯх намедод. Омада омада бинед, ки cудяи Суди Олӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ маблағи гушношунид талаб карданд то 350 ҳазор доллар.»
«Яке айбдоркунандаи давлати буд ва дигаре судяи Суди Олӣ, ки мурофиаи судиро медид. Ман ваъда медиҳам, ки парвандаи Исфарагиҳоро аз рӯи ҳақиқат ва адолат мебарем.»- ӯ идома дод.
Бо вуҷуди он ки Ф. Саидов ваъдаи мутантан дод, аммо хабарнигорон суол накарданд, ки айбдоркунанди давлатӣ нафари дигар аст?
Барои ҳабси судяи сули Олӣ иҷозат аст
Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта, Прокуратураи генералӣ иброз дошта буд, ки барои ба ҳабс гирифтани Нур Нуров иҷозат вуҷуд дорад. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидов, муовини прокурори генералӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти мавсуф бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ ҳаққи дахлнопазирии Нур Нуров, судяи Суди олии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ бекор карда шуд.
Ба таъкиди муовини прокурори генералӣ, кирдори ҷиноят дар ҳаракатҳои судии Нуров ҷой дорад ва тасдиқи худро ёфтааст. Кирдорҳои ҷиноятро ба ҳангоми фаъолияти судяи Суди Олӣ содир кардааст. Ҳукм барои ба ҳабс гирифтани Нур Нуров аст, аммо ҳоло тафтишот рафта истодааст. Ва ҳар вақте, ки тафтишот хост вайро ба ҳабс мегирад. Айни ҳол бо назардошти рафти тафтишот Нур Нуров пурра боздошт нашудааст, аммо вай аз ҳудуди Душанбе берун рафта наметавонад.
Нур Нуров, дар парвандаи «Исфарагиҳо» бо содир кардани ҳаракати ҷиноятие гумонбар дониста мешавад. Ҳафтаи гузашта Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ гуфта буд: «Нуров бо гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста мешавад.»
Сақфи (потолок) фасод дар мансабдорони давлатӣ 350.000$ будааст?
Барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон як мақомдори аршад бо гумони даст доштан дар фасод муттаҳам мешавад. Соли гузашта, Агентии назорати молиявӣ 350 ҳазор доларро дар яке аз мактаб – интернатҳои ноҳияи Рудакӣ ҳам ошкор кард, ки ба истилоҳ тӯъмаи фасод шуда буд. Аммо, танҳо сармусоҳиби ин муасисаи таълимӣ муттаҳам дониста шуд. Ҳол он ки ҳеҷ як корманди зертобеъ бе имзо ва беиҷозаи роҳбарони боло иқдомеро амалӣ карда наметавонад.
Аммо он чӣ ҳоло таваҷҷӯҳи ҷомеаро ҷалб кардааст то ҳанӯз дар озоди қарор доштани Нур Нуров аст. Ҳамчун собиқ мансабдори давлатӣ. Прокуратураи генералӣ иддаъо дорад, ки озоди вай ба рафти тафтишот рабт дорад ва тафтишот ҳар вақте иқдом кард, вайро ба ҳабс мегирад.
Суоли матраҳ ин аст, ки сақфи фасод дар Тоҷикистон 350 000 ҳазор доллар будааст ё болотар аз он?