Бибисоро Кабирова
Корманди шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ
06.03.2012, 23:16
«Худоё! Сабрам деҳ»
Аввалин шиносоӣ дар роҳ
«Илтимос, дар ҳаққи писарам дуо кунед»
Вазифаи хоҳари исломӣ дар рӯзи мусибат
Охирсухан
«Худоё! Сабрам деҳ»
Субҳи ҷумъаи 24-уми феврали соли ҷорӣ, сокинони деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод, меҳмони чандсоатае доштанд, ки 25- умин баҳори умрашро сипарӣ менамуд. Ҳаво софу беғубор ва шамолои Файзобод барфҳои чанд рӯз пешборидаро дар роҳҳо ва ба сару рӯи раҳгузарон бод медод. Апаи Гулбаҳор чанд рӯз боз на сардии ҳавои берунро дарк менамуду на ҳавои бо бухори гармшудаи дохили хонаро. Ҳама фикраш ба ёди Султонаш банд буд. Ҳар лаҳза худашро тасалло дода, умед дошт ки Султонаш зинда аст. «Худоё сабрам деҳ» гуфта, даст ба гиребон мегирифту пеши Худо тавба менамуд.
Ё Раб ба халқ нотавонам накунӣ,
Дар буттаи сабр имтиҳонам накунӣ.
Аммо тақдир кори худро карда буд. Гирди болине, ки лаҳзаи ахир аз тахти арусӣ келинаш гирифта андохта буд, менишаст ва ба ҳозирине ки барои видоъ омада буданд муроҷиаткунон мегуфт: «Бо садои баланд нола накунед то руҳи Султони ман нороҳат нашавад. Тиловати Қуроън кунед, зикру дуъо кунед то савобаш ба ин мухоҷирбачаи ман расад.»
Ин сабри модари фарзанд аз дастдода мояи таҳсин аст. Чун ӯ медонад, ки ҷуз қудрати Худо коре карда наметавонад. Ӯ бовар дорад, ки тақдири Худоро тадбир нашояд. Ҳар лаҳзае ки ба ҳамсари Султон ва ду набераи дуструяш менигарист, андомашро ларза фаро мегирифт ва садои «Худоё сабрам бидеҳ» гуфтанаш баланд мегашт. Барои ларзаи андомашро фуру нишондан духтарчаи дусолаи Султонро сахт ба оғуш мегирифт. Ва бинанда аз дидани ин рафтори модари дилреш наметавонист гиря накунад.
Султон моҳе қабл озими сафари Русия мешавад ва дар сохтмоне ҳамроҳи чанде аз пайвандонаш ба кор шуруъ мекунанд. Волидон мехостанд рӯзҳои гарми баҳор чун дигар муҳоҷирон Султонро гусел намоянд, аммо кор пайдо шуда буд дигар садди роҳаш нашуданд. Чун пайдо намудани кор осон нест. Як ҳафта қабл дар ҳамин рӯзи ҷумъа, Султон ҳангоми иҷрои кор аз ошёнаи 9-ум ба зер меафтаду субҳи ҷумъаи дигар ба ватан ҷасади беҷонашро меоранд.
Аввалин шиносоӣ дар роҳ
Мо бо апаи Гулбаҳор дар роҳи Душанбе – Файзобод шинос гаштем. Ману Сабринисо ва апаи Гулбаҳор дохили нақлиёти мусофир бар канори ҳам нишаста будем. Гулбаҳор гуфт, ки сокини Дубедаи ноҳияи Файзобод мебошад ва дар бораи зиндагии ва боду ҳавои ин минтақа чанде суҳбат намуд. «Оҳ Файзобода шамолош» чанд соле, ки ин ҷо зиндагӣ дорам фаромуш кардам гармиро ба хусус дар ин рӯзҳои сарду бебарқӣ.
Ӯ зодаи Шаҳринав буда, дар ноҳияи Файзобод келин шудааст ва аз муносибати шавҳару писаронаш суҳбат намуд. Аз ҳамсуҳбат шудан бо ин зани хушсухану хушрафтор ба деҳаи Меҳробод чи гуна расидамонро эҳсос накардем. Ба ӯ хайру хуш намудему аз мо шумораи телефонамонро гирифт.
«Илтимос, дар ҳаққи писарам дуо кунед»
Вақте ӯ ба манзилаш мерасад аҳли хонаводаро дар ҳолати ногувор мебинад ва ба хотири ошкор нашудани сирри марги писараш касе намехоҳад ба апаи Гулбаҳор ру ба ру шавад. Касе ҷуръати пурсидани уро надошт, ки таи ин чанд рӯз дар Душанбе буд чӣ кор карду хешу табор чӣ ҳол доранд. Ҳама худро ба коре андармон месохтанд, то чашмони варамидаашонро модари зор набинад.
Ночор ба ӯ мегуянд, ки Султон аз ошёна афтида маҷруҳ шудааст. То рӯзи расидани ҷасад ва бо умеде, ки писарашро зинда мебинад, ҳамон рӯз ӯ ба мо занг зада гуфт: «Ман ҳамон зане ҳастам ки дар роҳ шинос шудем. Илтимос дар ҳаққи писарам дуоъ кунед ки Худованд уро шифо диҳад.» Ба дугонаам Савринисо гуфтам, ки ҳеҷ мункин нест, ки аз ошёнаи нуҳум афтида бошаду зинда монда бошад, ҷуз муъҷизаи Худованд. Ҳар субҳу шом бо ӯ суҳбат менамудаму дилбардориаш мекардам ва пеши Худо дуоъ менамудам, ки Худоё сабраш бидеҳ.
Вазифаи хоҳари исломӣ дар рӯзи мусибат
Рӯзи ҷумъа 24- уми феврал садои телефон баланд шуд ва зани ношиносе пурсид: «Шумо будед, ки дар роҳ бо апаи Гулбаҳор вохурдед?» Ҷавоб додам, бале. Он зани ношинос гуфт: «Апаҷон тобути писарашро овардаанд. Соати 6- и субҳ Гулбаҳор аз шумо хоҳиш дорад, ки биёянд». Ба Сабринисо тамос гирифтам ва гуфтам, ки медонам роҳҳо пурбарфанду ҳаво сард, аммо қалби ин модар сузиш дорад ва дар ин рӯзи мушкил моро мепурсад, магар беинсофӣ нест, ки мо наравем?!
Мо азми сафар кардему ба деҳаи Дубеда расидем. Роҳҳоро ҳар лаҳза бо барф шамол мепушонид ва нақлиётҳо аз ҳаракат мемонданд. Чанд километр бо пайраҳаи борике рӯй ба болои деҳа раҳсипор гаштему ба манзили акаи Ҳайдар, падари ғуррамарг расидем. Касе моро намешинохт. Чун ба хонаи майит наздик шудем ва хостем ба қатори дигар занҳо бинишинем. Ин лаҳза касе наметавонист чизе бигуяд, ҷуз нола намудан. Аммо апаи Гулбаҳор аз ҷой баланд шуду гуфт: «Меҳмонҳои азиз ин хоҳарони мананд, ман Султонамро аз даст додам, вале Худо инҳоро ба ман дод. Ӯ аз Худо буд, Худо худаш ӯро бурду дар ҷояш инҳоро ба ман дод. Ман инҳоро намешинохтам ва чизе дар бораашон намедонистам, аммо…» Хоҳиш намуд, ки Қуръон бихонем, то руҳи Султонаш ором шавад ва мардумро ба сабр намудан даъват намуд, то гирифтори ғазаби Худо нашаванд. Ростӣ ҳар бор дар бораи сабр намудан ва дараҷаҳои сабр ба ин модар ва оилаву наздиконаш чизе мегуфтам ва ба худ суол медодам, мо магар ин гуна сабр дорем? Сабр дорем, магар дар чунин мусибат худро нигоҳ дошта метавонем? Ба худ мегуфтам: «Хушо ба ҳолат, ай модари бузургвор!».
Охирсухан
Баъди бардоштани тобут аз замин, ҳама ҳозирин пеши модар ҷамъ шудем ва хоҳаре Қуръон тиловат менамуд, ӯ бошад ба андомаш нигириста меларзид ва мегуфт, Худоё сабрам бидеҳ. Ҳар вақт гиряи хоҳарон ва духтаронашро мешунид мегуфт: «Ман модарам, шукр мекунам ва ба садои баланд нола намекунам, шумо чаро чунин мекунед, магар намедонед ки ин тақдираст?!» Ба келинаш муроҷиат карда таъкид мекард: Агар Султонро дуст медорӣ, гиря накун. Хоҳиш мекунам, арӯсҷон! Ба оҳи баланд гиря макун, чун ту зани ҳомила ҳастӣ ба кӯдак зарба мерасад.»
Вақте ки аммаҳояш борҷомаи сафари Султонро оварданд хостанд, ки кушоянд ва либосҳояшро бишӯянд. Болои либосҳояш тасбеҳи муҳракалони қирмизранг меистод. Ин муҳраҳои тасбеҳанд, ки ҷавонони муҳоҷири имондоро дар дори ғурбат ором мекунанд. Ва дур аз меҳану зану фарзанд пайи ризқу рузии ҳалол барои пайвандонашон кор мекунанд.