“Ҳаргиз Фаластинро аз ман гирифта наметавонанд, магар дар сурате, ки ҷуссаи маро пора-пора кунанд. Фақат дар ҳамин ҳолат онҳо Фаластинро бе музд мегиранд.”
Султон Абдулҳамид писари Абдулмаҷиди Аввал сию чаҳорумин султони Хилофати Усмонӣ дониста мешавад. Номбурда рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми моҳи Шаъбони соли 1258-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 21-уми сентябри соли 1842-и мелодӣ ба дунё омад. Вай дар дору-л-хилофати Усмонӣ, ки он замон мавриди таваҷҷӯҳи тамоми мусулмонон буда, барояшон такягоҳи хеле қавӣ дониста мешуд, ки зери парчами Хилофат ҷамъ меомаданд ва ба он аз шарри душманонашон паноҳ мебурданд, нашъу намо ёфта ва ба воя расид.
Рӯзгор ба ҳамин тартиб мегузашт, то ин ки замони ба ӯҳда гирифтани масъулияти хилофат ба Абдулҳамиди Сонӣ фаро расид, дар ҳоле, ки Хилофат аз чаҳор тараф гирифтори хатарҳои зиёде буд. Ба дӯш гирифтани масъулияти Хилофат баъд аз оне сурат гирифт, ки шайху-л-Ислом фатвои таърихии худро оид ба аз вазифа сабукдӯш кардани Султон Муроди Панҷум ва ҷойгузин гаштани бародари хурдиаш, Абдулҳамиди Сонӣ содир намуд.
Султон Абдулҳамид пеш аз ин ки ба кори нави худ шурӯъ намояд, дар масҷиди ҷомеи “Абӯаюби Ансорӣ” ду ракъат намози шукрона хонда ва аз дасти Шайху-л-ислом шамшери Умар ибни Хаттобро, ки рамзи хилофат буд, ба даст гирифт.
Қофилаи Султони ҷадид дар кӯчаҳои Истанбул ҳаракат мекард ва мардум аз манзилоҳояшон гулафшонӣ карда, хушҳолии худро аз султони нав изҳор менамуданд. Вақте корвони Султон ба назди мақбараи падар ва аҷдодаш гузашт, султон Абдулҳамид аз маркаб пойин омад ва барои вафодорӣ дар аҳду паймон дар ҳаққашон дуои мағфират хонд.
Султон Абдулҳамид кори худро бо содир намудани фармонҳое шурӯъ кард, ки далолат ба ифтихор доштанаш бо Ислом ва таълимоти он менамуд.
Аввалин фармони содирнамудааш аз он иборат буд, ки тариқи маҷолиси шаръӣ дастуру-л-амалеро оид ба баробарии тамоми мардум дар назди қонун ба тасвиб расонид. Инчунин фармон содир намуд, ки бахши судӣ ва қазоват билкул мутақил бошад, то ҳама қарорҳои судӣ тариқи низоми исломии давлат амалӣ гардад. Ислом дар даврони султон Абдулҳамид сарчашма ва дастури тамоми қонунҳо ба ҳисоб мерафт.
Султон Абулҳамид донишмандонро хеле қадрдонӣ мекард ва одат дошт, ки бидуни раъйи онҳо ва гирифтани машвараташон ҳеҷ кореро амалӣ намекард.
Яҳудиҳо аз тариқи пешвои маккорашон Теодор Ҳертзел хостанд, ки султон Абдулҳамидро ба худ моил гардонанд, то ин ки барояшон рухсат бидиҳад, то дар Фаластин барои худ ватан бигиранд. Онҳо ба Султон маблағи зиёдеро пешкаш карданд, илова ба ин ваъда доданд, ки солона ба Хилофати Усмонӣ маблағи хеле зиёд пардохт мекунанд ва дар иваз як чиз мехоҳанд, Абдулҳамид барояшон рухсат бидиҳад, ки яҳудиҳо ба Фаластин ворид бишаванд ва онҷо барои худ ватан бигиранд. Дар ҳамин ҳолат султон Абдулҳамид ҷумлаи ҷовидонаи худро гуфт, ки минбаъд таърих онро бо оби тиллр сабт кард: “Ман омода нестам, ки ҳатто аз як ваҷаби сарзаминҳо исломӣ даст бикашам. Зеро ин сарзаминҳо аз ман нестанд, балки моли мардум ҳастанд, хоки онро бо хунҳояшон сероб кардаанд. Бигузор, моли яҳудиҳо ба худашон бимонад ва мо ба он ниёз надорем. Онҳо Фаластинро танҳо баъди пора-пора кардани ҷуссаи ман гирифта метавонанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат онро бе музд мегиранд. Аммо то он вақте ман дар қайди ҳаётам, пас ҳаргиз хоки Фаластинро намегиранд.”
Роҳбари маккори яҳудиҳо хост аз роҳи дигар ворид шавад ва ба Султон пешниҳод кард, ки мо тамоми қарзҳои Хилофати Усмониро пардохт мекунем, шумо танҳо дархости моро бипазиред. Султон Абдулҳамид гуфт: “Қарздор будан нангу ор нест, балки нанг он аст, ки ман сарзамини исломиро ба яҳудиҳо бифурӯшам. Яҳудиҳо молҳояшонро ба худашон нигоҳ доранд. Хилофати Усмонӣ ҳаргиз паси қалъаҳое паноҳ намебарад, ки бо моли душманони мусулмонон бино шудааст.”
Вақте яҳудиҳо аз қонеъсозии Султон ноумед гаштанд, аз даромадгоҳи дигар ворид шуданд. Аврупо ва Русияро алайҳи Султон ба шӯр оварданд. Аллакай андак-андак дар марзҳои Хилофати усмонӣ шӯришҳои мардумӣ сар зад, Русия алайҳи Хилофат ҷанг эълон намуд ва Аврупо тамоми созишномаҳои тарафайнро инкор намуд ва дар мубориза бар зидди он бо Русия ҳампаҳлӯ гардид. Масеҳиҳо бо таҳрики падари рӯҳонияшон ба шӯр омаданд. Султон Абдулҳамид ҳам дар роҳи муборизаи худ устувор буд, мусулмонон кӯмакаш мекарданд ва ҳамеша дуогӯи пирӯзии вай буданд. Роҳбарон ва афсарони Усмонӣ дар майдони мубориза аз худ корнамоиҳои бузурге нишон доданд, ки ҳатто худи аврупоиҳо ба он шаҳодат медиҳанд.
Тамоми ин мушкилот натавонист, ки Султонро аз иҷро ва амалисозии ислоҳоти дохилии Хилофат машғул бисозад. Вай махсусан дар соҳаи таълим навовариҳои зиёде намуд ва соли 1885-и мелодӣ донишгоҳи Истанбулро, ки қаблан бо номи “Дору-лфунун” маъруф буд, таъсис дод. Ғайр аз ин якчанд институтҳои илмии тахассусӣ, макотиби ибтидоӣ, чандин китобхонаҳо бино сохта ва ба таълими ҳарбӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуд, барои омодасозии даъватгарон мадрасаи махсус бунёд намуд.
Султон Абдулҳамид ба тавсиа додани роҳҳои оҳан шурӯъ намуд, то сафари ҳоҷиҳо барои зиёрати хонаи Худо осон гардад ва ин роҳ дастраси ҳамагон бигардад. Номбурда лоиҳаи бинои Донишгоҳи исломиро ба роҳ монд ва дар ин самт чанд қадами муборак бардошт. Султон ҳамеша мусулмононро ба муттаҳид гаштан даъват мекард ва кӯшиш мекард, то ҳамин андешаи иттиҳод дар тамоми кишварҳои исломӣ нашр гардад. Аммо дар муқобил яҳудиҳо макрҳои паси пардагии худро идома медоданд. Онҳо ВАО-и худро ба пуррагӣ ба тарафи Султон баргардониданд, ҳамеша ӯро саркӯб мекарданд, тариқи ВАО ба ҳаёти шахсиаш дахолат карда ва ӯро дар чандин иттиҳомоти бофта муттаҳам медонистанд. Билохира, ҷамъиятеро бо номи “Иттиҳод ва тараққии усмонӣ” таъсис доданд. Ин Ҷамъият як соли комил, дақиқан аз соли 1908 то соли 1909 даст ба табаддулоти ҳарбӣ зада ва ахиран хилофатро аз дасти султон Абдулҳамид рабуданд ва худашро моҳи апрели соли 1909 ба Салоникии Юнон бадарға намуданд. Султон дар ҳамин макон қарор дошт, то ин ки 10-уми феврали соли 1918-и мелодӣ, баъд аз сиву чаҳор соли идораи давлат дар асари хунравии дарунӣ дори фониро тарк гуфта ва ба лиқои Парваридигор шитофт.
Китоби “Донишмандони маъруфи исломӣ”, таълифи муҳаққиқ Алӣ ибни Нойиф Шаҳуд
Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода