Дирӯз, 16 июн дар қароргоҳи бахши ҳизб дар ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи ваҳдат нишасте баргузор гардид, ки дар он Саидиброҳими Назар, мушовири раиси ҲНИТ, Қиёмиддини Аваз, раиси шуъбаи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Абдуллоҳ Оқилзода, корманди шуъбаи кор бо илм ва уламо, ҷамъан беш аз 30 нафар аз ҷонибдорону аъзои ҳизб ширкат варзиданд.
Қиёмиддини Аваз дар ибтидо ин рӯзро тақдирсоз гуфта, ҳуззорро ба муносибати фарорарии ҷашни Ваҳдат табрик кард.
Абдуллоҳ Оқилзода, ки зери унвони “Сулҳу ваҳдат дар партави Қуръону суннат” суханронӣ менамуд, гуфт, «агарчи иддае нагузоштанд, ки музокироти дуҷонибаи мусолиҳа ва оштии миллӣ тамоми дастовардҳои худро татбиқ намояд, вале ягона ормони миллӣ ва ҳадафи илоҳии устодони марҳум ва роҳбарону аъзои ҲНИТ, ки барқарор намудани сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллат буд, таҳаққуқ пайдо кард».
Ба гуфтаи А. Оқилзода, баҳодиҳии якҷонибаи раванди сулҳу оштӣ дар кишвар ҳеҷ гоҳ ба нафъи миллату Ватан нахоҳад буд ва ҳеҷ гоҳ як ҷониб ва ё як гурӯҳ наметавонад ба танҳоӣ сулҳро ба даст биёрад.
Categories
Ахбори рӯз