Categories ҶОМЕА

Сулҳ «мол»-и як тараф нест

Агарчи то 27-уми июн, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ чанд рӯзи дигаре боқӣ монда бошад ҳам, мисли ҳарвақта баъзе таблиғотҳои якҷониба оғоз ёфтаанду “ваҳдат”-сароӣ идома дорад.
Аммо раванди “ваҳдат”-сароиҳо дар ҳолест, ки агар 16-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ пур шавад ҳам, ҳанӯз баҳсе беш аз пеш шиддат мегирад, ки оё ду ҷониби ба сулҳ расида, ваҳдат доранд ё хайр?
Расонаҳои ҳукуматӣ аз ваҳдати миллӣ мегӯянду як тарафи сулҳро то ба ҷое ситоиш мекунанд, ки онро танҳо ифрот метавон гуфт, яъне ҳамон кореро, ки ҳарсол бо омадани ин санаи таърихӣ анҷом медиҳанд, имсол бо “мазмуну муҳтаво”-и нав. Албатта, аз сулҳу ваҳдат бояд гуфт ва ҷойгоҳи инсонҳоеро, ки тавонистанд субот ва амниятро ба ҷомеъа баргардонанд, пайваста ёд кард. Кучактарини онҳо сазовори қадршиносӣ ва эътибору эҳтиром аст ва саҳми таъинкунандаи ҷаноби Э.Раҳмонро дар ин раванд возеҳу рушан гуфтан мушкил надорад. Вале масъала боз ҳам ифрот аст ва адами ҷойгоҳ ӯ қимати мусолиҳаву баҳамоӣ бо ҷониби дигар, ки онро ҳеҷ нишон намедиҳем.
Дар ҷомеъаи имрӯзи мо дар зоҳир ҳам сулҳ ҳасту ҳам ваҳдат, яъне ҳамон таврест, ки расонаҳо нишон медиҳанд. Аммо воқеъият чизи дигар мебошад ва барои пай бурдан аз вақеъияти фарҳанги ваҳдат дур рафтан лозим несту анҷоми кадом кашфиётеро низ дар ин маврид лозим намебинем.
Бубинед, ҳар сол гӯё аз Ваҳдати миллӣ ҷашн мегирем, вале дар минбарҳо касонеро мебинем, ки заррае дар овардани сулҳ саҳм надоштаанд, ҳатто мухолифи созиши сулҳ ҳам буданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро то ба имрӯз аз собиқадорони ҷанги ҷаҳонӣ ёд мешавад, ҳатто сарони давлатҳо сари ҳар 5 сол дар Нормандияи Фаронса гирдиҳам меоянду рӯзи фуруд омадани иттифоқчиёнро дар ин макон ба хотири кушода шудани фронти дувум таҷлил мекунанд?
Наҳзати Исломии Тоҷикистонро, ки қишрҳое аз ҷомеъа ҳамчун вориси аслии як ҷониби сулҳи тоҷикон медонанд, вақте ҷойгоҳи онро дар минбарҳои ҳукуматӣ намебинанд, маҷбур месозанд, ки ба таври хос аз ин рӯзи тақдирсоз дар ҳаёти миллат бо даъвати намояндагоне аз ҳар қишри ҷомеъа онро таҷлил намоянд. Вале дар минбарҳои ин ҷониби сулҳ ҳам намояндагоне аз ҷониби ҳукумат ҳузур пайдо намекунанд. Чаро? Боз ҳам дар посух ба чаро суоле пеш меояд, ки агар ҷонибҳо ҳамдигарро бахшида бошанд, чаро дар таҷлилгирии ин рӯз ҳамоиши муштарак, ки ҳама шоҳид бошанд сурат намегирад? Ҳамин аст, ки ваҳдати воқеъиро дигаре аз қишрҳо эҳсос намекунанд, чизе ки бояд барои ҳамаи қишрҳои ҷомеъа возеҳу рушан бошад.

Эҳсос нашудани ваҳдати воқеъӣ
Фикр мекунем, таҷлилгирифтани ин рӯзи саид ба тарзе, ки анҷом мегирад, айб аст. Бояд ҷашни ваҳдатро ду ҷониби сулҳ дар як тарзу як рӯз ва бо ҳузури ҳамдигар баргузор кунанд, на нодидагирии ҷониби дигар сурат бигираду на «рӯгардонӣ» ба истилоҳ шакли анъанавӣ пайдо намояд.
Наҳзат ва дигаре аз намояндагони мухолиф доимо аз нақзи бандҳои созишномаи сулҳ интиқод гирифта, мегӯянд, ВАО- и ҳукуматӣ сулҳро ба як ҷониб нисбат медиҳанд, ҳол он ки он яктарафа буда наметавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот ҷониби дигарро ба “ношукрӣ” муттаҳам месозанд. Аммо маълум нест, ки ношукрӣ аз чӣ?
Коршиносон мӯътақиданд, ки асоси ҳар як ваҳдатро иқтисодиёт ташкил медиҳад ва иллати рух додани ҷанг дар кишвар ҳам, мустақим ба фақру беназмӣ рабт дошт. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки ҳар ду ҷониби сулҳ дар ин маврид масъулиятро ба дӯш бигиранду камбудии иқтисодиро эътироф намоянд, яъне масъулияти хешро то расидан ба як ҷомеъаи кудкифо идома диҳанд. Сулҳ миёни ду ҷониб сурат гирифтааст ва намешавад танҳо саҳми як ҷонибро дар ваҳдат муҳим донист, ҳарду ҷонибро қадр карда, бояд иқрор бошему масъулияти бешу ками ҳар ҷониберо барои ҷомеъа шаффоф созем.

Сатҳи зиндагии матлуб ҳифзи сулҳ аст
Сулҳ асоси якдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии қобили мулоҳизаи мардум аст, вале солҳо аз имзои созишномаи сулҳ бигузарад ҳам, сатҳи зиндагӣ ҳанӯз таври матлуби хешро пайдо накардааст. Гузашта аз ин, барои дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати комил бисёре аз мушкилот бояд ҳалли худро ёбанд, минҷумла мушкилоти рабт дошта ба кадру фасод ва маҳал.
Аммо Суҳроб Шарифов, вакили парлумон мегӯяд, “онҳое, ки ваҳдатро инкор мекунанд, курнамаканд ва некиву ободии миллати тоҷикро намехоҳанд. Дар созишномаи сулҳ гуфта шуда буд, ки дигар набояд ҳамдигарро кушт, баръакс бо якдигар муттаҳид буду давлати тоҷикро сохт. Дар ин санад дарҷ гашта буд, ки бародар бародарро ҳурмат мекунаду ба рӯи якдигар корд намекашад ва тирпаронӣ намекунад.
Зимни такмили давлати навин ва рушди он дар сиёсат норизоятиҳо ҳастанду мемонанд. Ҳатто давлатҳои зиёде буданд, ки пароканда гаштанд, аммо «мо бо рӯёдодҳои сангин тавонистем аз манофеъи танги гурӯҳӣ ба дарки манофеъи миллӣ бирасем. Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеъ ва ҳарфи худро дорад. Агарчи ба комёбиҳои чашмгир даст наёфта бошем ҳам, ба ҳар ҳол миллат дар ҳоли ташаккулёбисту давлат дар ҳоли инкишоф. Озодӣ ҳам ҳаст ва ба сӯи демокртия дар ҳоли ҳаракат ҳастем. Мо асоси пешрафту рушди кишварро дар созишномаи сулҳ тарроҳӣ кардем ва аз он доираҳое, ки сулҳу ваҳдати миллатро намехостанд, оҳиста – оҳиста раҳо ёфтем», афзуд Суҳроб Шарифов.
Дар ин миён, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ваҳдати миллиро бояд ба 3 марҳила тақсим кард. Ваҳдат аз марҳилаи парокандагӣ оғоз гардида, ба ризояти миллӣ расид. Акнун дар марҳилаи савум қарор дорем ва онро бояд то ба нуқтаи ниҳоӣ, ки иттиҳоди миллист, расонид. Сиёсат ба воситаи тарафдории аксарияти ҷомеъа амалӣ мешавад. Сухани мухолифинро, агар конструктивист, бояд шуниду аз пайи ислоҳи камбуд буд.
Суҳроб Шарифов бар ин бовар аст, ки дар дурнамо зимни баррасии сулҳ бояд ҷойгоҳи онро қадр ва ҳифз кард. Зеро то соли 1997 дар ҳолати аз байн рафтани Тоҷикистон ҳамчун кишвар қарор доштем. Худи Раҳмону Набиев ва таърихшиносону дигарон ҳам ба сулҳи мо ҳамин гуна баҳо додаанд. Ҳар касе ба ин ҳарфҳо розӣ нест, мушкили ӯст ва онро мушкили умумимилливу давлатӣ набояд донист.

Ваҳдати мо оё таҳкурсии қавӣ дорад?
Бале, сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон аз аҳаммияти фаровон бархурдор аст ва натиҷаи он озодиву оромӣ ва ободист. Дар сурате, ки дар Тоҷикистон якпорчагиву ваҳдат набошад, мо беш аз беш мутафарриқтар хоҳем гашт.
Дар ҳар сурат сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон бояд аз таҳкурсии қавие бархурдор бошад, то ҳар омиле онро таҳдид накунад. Аммо иддае аз коршиносон мӯътақиданд, ки сулҳ дар Тоҷикистон дорои ҳеҷ гуна таҳкурсӣ нест ва дар сурати пеш омадани кӯчактарин садама, бори дигар даргирӣ оғоз меёбад, ки касе онро намехоҳад.
Онҳо чунин мешуморанд, ки дар бисёре аз кишварҳо сатҳи таҳаммулпазирии ҳукумат дар баробари мухолифин хеле болост, ба истиснои бархе кишварҳо, ки Тоҷикистон шомили онҳост. Чун ҳанӯз ҳам дар мо таҷрубаи кофӣ аз ҳамзистӣ бо мухолифин ба чашм намерасад. Пас ҷуз ҳамзистӣ ва иттиҳод роҳи дигаре несту ба ин чиз бояд доираҳои тангназарро, ки дар сатҳи тасмимгирӣ ҳастанд, одат кунонид, вале инро боз ҳам танҳо сарвари давлат бо имкониятҳое, ки дорад, анҷом дода метавонад.
Дигар ин ки дар Тоҷикистон сулҳ ва суботу ваҳдат барои ҳамаи ҷонибҳо лозим аст, вале барои мухолифин ин масъалаи стротежӣ ва муҳим мебошад. Қаламрави Тоҷикистон моли истисноии аъзои ҳукумат ва ё доираҳои наздик ба он нест, ватани онҳое низ ҳаст, ки ақоиди мухолиф доранд ва талошашонро баҳри ҳифзи сулҳу ваҳдат ва ободии кишвар набояд нодида гирифт.
Ба ин хотир, танҳо дар заминаи фароҳам гаштани ҷойҳои корӣ ва рафъи мушкилоти муҳоҷират, сатҳи зиндагии мардум боло рафта метавонад.
Тавре дар боло ишора рафт, назари коршиносон дар бораи сулҳу ваҳдати тоҷикон гуногун аст. Агар иддае онро ба маънои поён додан ба даргириҳои низомӣ шарҳ медиҳанд, вале иддаи дигаре мӯътақиданд, ки агар сулҳ ба маънои созиш ва расидан ба ҳамкорӣ ҷиҳати сохтани давлати миллӣ ва рушди кишвар фаҳмида шавад, чунин чизе аслан амалӣ нашудааст.
Ба ҳар ҳол, бояд дар заминаи боварҳо эълон дошт, ки Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ мебошад ва дар радифи эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон қарор дошта, дар барқарорӣ ва ҳифзи истиқлолият ҷойгоҳи хос дорад. Пас бояд ба қадр ва мантиқи он расид!

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like