Бархеҳо решаи ин хезишҳоро дар бекории густардаи ҷавонон ва фақри густардаи мардум медонанд. Гурӯҳи дигар бошад, нобоварии нухбагон ва оммаи мардумро нисбат ба ваъдаҳои амалиношудаи фаровони ҳокимон дар арсаи сиёсӣ ва иқтисдиро иллати ҳаводис медонанд. Иддаи дигаре бошад омили онро шикасти мактаби секуляристӣ ва либералистӣ дар баробари ниёзҳои ҷомеаи исломӣ унвон мекунанд. Гурӯҳи дигар бошад нотавонии давлатҳои арабиро дар баробари ғоратгарӣ ва худсариҳои кишварҳои ғарбиву Амрико ва ҷиноятҳои Исроил дар баробари мардуми минтақа медонанд. Баъзеҳои дигар бошад ин хезишҳоро амали тарҳрезишуда аз суи давлатҳои ғарбӣ медонанд.
Ҳарчанд агар дуруст диққат намоем, дар ҳар як аз ин иллатҳо ҳақиқати торике вуҷуд дорад. Яъне шояд ҳамаи ин иллатҳо ба гунае дар ин хезишҳо дахил бошанд, аммо ба назар мерасад ҳеҷ як аз инҳо ба танҳоӣ омили аслӣ нестанд.
Мардуми ҷаҳони севвум шоҳиданд, ки солҳост ғарб худро пешгоми озодӣ ва демократия дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст ва иддао дорад, ки барои густариши ин арзишҳо дар ҷаҳон фаъолият мекунад. Аммо ҳосили ин иддао барои кишварҳои исломӣ танҳо ишғоли Ироқ ва Афғонистон аз сӯи ин кишварҳо ва кушта шудани ҳазорон мардуми бегуноҳ дар онҳо будааст. Онҳо дар ҳоле аз демократия ва ҳуқӯқи башар дам мезананд, ки ошкоро аз диктаторҳои худкомаи кишварҳои исломӣ ҳимоят менамоянд. Диктаторҳое, ки танҳо дар чорчубаи манофеъи ин кишварҳо ҳаракат мекунанд, вале парвои демократия ва озодӣ надоштанд ва надоранд.
Ҳамаи далоил ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир ҳам муддаиёни озодӣ ва ҳуқӯқи башар то охирин лаҳзаҳо пуштибонии ошкори худро аз ормонҳои озодихоҳии мардуми минтақа эълон накарданд ва талош дар ҳифзи диктаторҳо ба хотири манофеи худ доштанд. Баъзе ҳукуматҳо, гурӯҳҳо ва ашхос аз давлатҳои худкома ва дар ҳоли суқут ҳимоят карданд. Теъдоде аз руҳониҳои Сурия ва Арабистони Саудӣ роҳпаймоиҳои мардумро бар алайҳи ҳокимони худкома «Бидъат» донистанд ва фарохонӣ ба руёруӣ бо (улиламрро) фитнаангезӣ ба ҳисоб оварданд.
Хостаҳо ва ҳадафҳо
Аммо дар ин хезишҳо ду нукта муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ аст.
Аввал ширкати гурӯҳҳои мухталиф дар канори ҳам ва ин баёнгари ба вуҷуд омадани як навъ ҳамгароӣ дар ҷавомеаи исломӣ аст. Яъне дар ин ҳаводис гурӯҳҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар канори ҳам қарор доштанд.
Нуктаи дуввум хостаҳо ва ҳадафҳои муштараки ин гурӯҳҳо буд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо хостори озодиҳои маданӣ, интихоботи озод бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва даст ба даст шудани қудрат бар пояи қоидаҳои пазируфташудаи демократӣ, ҷавобгӯ будани давлатҳо дар баробари аъмоли худ ва эҷоди ҷомеаи касратгаро, мардуммеҳвар ва шистасолор ва нафии ҳукумати теократӣ буданд. Масалан ҳаракати ҷавонони инқилобӣ дар Тунис ва Мсир, ҳаракати миллии Ислоҳ дар Яман, ҳаракати Ихвонулмуслимин дар Мисру Урдуну Сурия, аҳзоби миллигарои кишварҳои арабҳама бо ҳам ин хостаҳоро пайгирӣ намуданд ва ҳадафи муштараке доштанд.
Агарчӣ ин хостаҳо ва ҳадафҳо чизи нав набуданд ва солҳо аст, ки дар китобҳои донишмандони кишварҳои исломӣ монанди Рашид Ризо, Ҳасанул Банно, Абдураҳмон Кавокибӣ, доктор Юсуф Қарзовӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Муҳаммад Аммора, Абдулкарим Зайдон ва дигарон ба гунае матраҳ шудаанд ва ба мардум пешниҳод мешаванд, вале пайдо шудани як навъ эътимод ва ҳамгароӣ дар миёни ҳаракатҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварҳо қобили тааммул ва таваҷҷӯҳ аст.
Суннатҳо ва қавонини Худованд
Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки суннатҳо ва қонунҳои офаридгори тавоно дар ҳеҷ замоне, қобили тағйир ва дигаргунӣ нестанд. Агарчӣ дар ҳар замоне мутобиқ бо шароити замонӣ ва маконӣ тағйири шакл дода бошанд ҳам, асли ин суннатҳо бидуни тағйир боқӣ мондааст. Ин суннатҳо ва қавонинро метавон ба формулаҳои математикӣ ва физикӣ ташбеҳ кард. Масалан метавон ба муборизаи ҳақ ва ботил, имон ва куфр, адолат ва зулм ва ғайра ишора кард, ки дар тулии замонҳо агарчӣ шакли онҳо дигар шуда бошад ҳам аслашон ҳамчунон боқист.
Суннатҳои илоҳӣ дар баробари ситамгарон ва худкомагон
Агар мо ба суннатҳои илоҳӣ дар бораи худкомагон ва ба қавли Қуръон тоғутҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки омили либералӣ ва секулористӣ дар ин ҳаводис камрангтар мешаванд. Ё ҳадди ақал метавонем бигуем, ки ин омилҳо дар хидмати суннатҳои илоҳӣ даромадаанд.
Худованди доно дар сураи наҳл ояти 36 мефармояд: « Ба ростдар миёни ҳар уммате, аёмбареро фиристодем, то (ба онон бигӯяд) аллоҳро бандагӣ намоед ва аз бандагии тоғутҳо (худкомагон ва диктаторҳо) бипарҳезед, бархе аз онҳо (пазируфтанд ва дар натиҷа) аллоҳ ҳидояташон кард, аммо баъзе дигар напазируфтанду гумроҳ шуданд. Дар рӯи замин сайру сафар намоед, то бибинед, ки такзибкунандагони паёмбарон чӣ сарнавиште доштанд». Албатта набояд фаромуш кард, ки Худованд барои ислоҳ шояд ба ҳукуматҳо ва худкомагон фурсат дода бошад, вале умрашонро аз ончӣ ки ҳаст бештар намекунад ва дар ҳолати ислоҳ нашудан, васоили нобудиашонро ҳам фароҳам меоварад.
Намунаи муборизаи паёмбарони паёмовари озодии инсон аз бардагии диктаторҳо ва худкомагонро метавонем дар моҷарои Мусо ва Фиръавн мушоҳида намоем.
Мебинем, ки худованд ин ду тарафро ба унвони ду мактаб ва ду руйкард ба мусалмонон муаррифӣ менамояд. Мактаби ҳазрати Мусо мактаби илоҳӣ, арзишӣ, қонунманд, мардуммеҳвар, адолатгустар ва раҳоибахш аст ва дар муқобили мактаби Фиръавн ба унвони мактаби худкомагӣ, диктаторӣ, мардумситез, қонунгурез ва зулмхез қарор дорад. Бо нигоҳи дақиқтар ба мактаби Фиръавн аз нигоҳи Қуръон мебинем, ки шабоҳатҳои аҷибе байни боварҳо, арзишҳо ва амалҳои он мактаб бо низомҳои худкома ва диктатории муосир вуҷуд дорад.
Сохтори низомҳои фиръавнӣ
1- Секунҷаи Фиръавн, Қорун ва Ҳомон
«Фиръавн»- мазҳари худкомагӣ, диктаторӣ ва тамаркузи қудрат дар панҷаи шахси худхоҳу мутакаббир.
«Қорун» – мазҳари сармоядорӣ, инҳисори иқтисод дар дасти наздикон, ҳирс ва ришвахориву рибохорӣ.
«Ҳомон» – мазҳари назарияпардозон ва тавҷеҳкунандагони низомҳои диктаторӣ, фиребгарӣ ва найрангбозии ҳокимон.
Ин секунҷаи қудратро доктор Шариатӣ ба гунаи дигаре ва хеле зебо ба секунҷаи «зур – зар – тазвир» таъбир кардааст.
2- Рафтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ
А) дастабандии мардум ба худӣ ва ғайрихудӣ. Дар сураи Қасас ояти 4 мехонем, ки «Фиръавн мардуми Мисрро дастабандӣ намуд ва ба гурӯҳҳо тақсим намуд».
Диктаторҳои муосир мардуми кишварҳои худро ба дастаҳои «шиаву суннӣ, курду турку арабу форсу ғайра ва ҳатто онҳоро ба қавмҳо ва маҳалҳо тақсим мекунанд.
Б) Куштан ва мунзавӣ кардани родмардони мубориз. Дар идомаи ҳамин оят мебинем, ки Худованд мефармояд «Фиръавн фарзандони ғаюри мухолифонашро мекушт».
Террор кардан, эъдом кардан, табъид ва зиндонкардани мухолифон равиши муштараки ҳамаи диктаторҳо аз гузашта то ҳол аст.
В) Ба бардагӣ гирифтани занон ва заифон. Фиръавн занон ва заифони мухолифонашро барои баҳракашӣ ва фишор овардан бар мухолифонаш зинда мегузошт.
Равище, ки ҳоло ҳам вуҷуд дорад ва аз суи низомҳои диктаторӣ фаровон истифода мешавад. Аз занон ва фарзандон ба унвони василаи гирифтани эътироф ва ворид кардани фишор ва ҳатто таҳмили баъзе масоил бар мухолифон истифода мекунанд.
Г) Ситамгарӣ ва зулм. Дар идомаи ҳамон оят худованд ба зери зулму ситам қарор додани мухолифон, аз тарафи Фиръавн мепардозад.
Дар низомҳои муосир бошад маҳрум кардани инсонҳо аз ҳуқӯқҳои шаҳрвандӣ ва маданиашон танҳо ба хотири дигарандешӣ, қавмгароӣ ва миллатгароӣ шеваи аксарияти онҳост.
Д) Фиреб ва саркуби мардум. Худованд дар ҷои дигар дар ояти 54 сураи «зухруф» сифати дигари фиръавниёнро ингуна баён мекунад: «Бо дуруғу фиреб қавмашро хор гардонид ва дар натиҷа аз ӯ итоат карданд».
Диктаторҳои муосир бошад мухолифони худро ба терроризм, алқоида, бегонапараст ва дар равишҳои нав кушташудани тазоҳургаронро ба афроди ношинос нисбат медиҳанд. Ҳамаи ин амалҳо барои таъсир гузоштан бар афкор ва боварҳои мардум сурат мегирад.
Е) Яккаҳукмронӣ ва адами таҳаммулпазирӣ. Сифати дигари диктаторҳоро худованд дар қуръон аз забони яке аз он диктаторҳо чунин матраҳ кардааст, ки: «Ҷуз назари худам назари дигареро барои шумо намеписандам».
Ин хусусияти ҳамаи ҳукуматҳои диктаторӣ аст, ки танҳо назари худро дуруст мепиндоранду бо роҳҳои мухталиф мехоҳанд назару андешаи худро бар мардум таҳмил кунанд. Ин кор ё аз тариқи ҳукумати подшоҳӣ ва ё аз тариқи ҳоким кардани як ҳизб дар ҷомеа сурат мегирад. Ҳукуматҳои худкомаи муосир ҳам назари мухолифро ҳатто агар ба нафъи миллат ва кишвар ҳам бошад таҳаммул кардан намехоҳанд ва таҳаммул намекунанд.
И) Таҳқири мухолифон. Сураи «Шуъаро» ояти 29 сифати дигари Фиръавнро ингуна баён мекунад, ки «Ба ростӣ Мусо ва пайравонаш гурӯҳи андак ва маҳдуде ҳастанд». Яъне ҳақир ва андак нишон додани мухолифон.
Аммо ин кор дар ҳукуматҳои худкома ба ин шакл сурат мегирад, ки интихоботҳо ҳамеша як натиҷа доранд. Яъне кам ва заиф нишон додани мухолифон дар интихобот ба василаи надодани овозҳояшон ба онҳо. Тақаллубҳои интихоботӣ комилан баёнгари ин сифати диктаторҳои муосир аст. Аз тарафи дигар террорист, ошубгар, фурсатталаб ва муздур номидани мухолифон аз тарафи ҳукуматҳои худкома ҳам бар ҳамин асос устувор аст.
Инчунин сифатҳои дигареро аз онҳо худованд баён кардааст ба унвони худро мудофеъи дину фарҳанги мардум нишон додан, худро мухолифи фасод баршумурдан ва иддаои барҳақ ва савоб шумурдани худ, ки ҳамаи ин сифатҳо дар худкомагони муаррифӣ кардаи Қуръон ва диктаторҳои муосир мушобеҳ ва монанданд.
3- Сарнавишти диктаторҳо
– Ғарқ шудан дар дарёи ситамгарӣ ва фиребкорӣ. «Фиръавн ба худкомагӣ идома дод то инки ғарқ шуд». Сураи Юнус ояти 90.
– пушаймонии дерҳангом. Дар идомаи ҳамон оят худованд мефармояд: «ҳангоме, ки ғарқ мешуд, гӯфт, имон овардам, ки ҳеҷ худое ва фарёдрасе ҷуз худои бани исроил нест ва манн аз ҷумлаи мусалмонон ҳастам».
Дар ҳоле, ки диктаторҳои муосир фурсат доштанд, ки ислоҳотро оғоз кунанд, аммо чунин накарданд ва замоне, ки кор аз дасташон хориҷ шуд ба ҳама шартҳои мухолифон розӣ мешуданд. Аммо дигар дер шуда буд.
Аммо бештари коршиносон ва муҳаққиқон вижагиҳои аслии хезишҳои ахирро ба таври мухтасар чунин табақабандӣ намудаанд, ки дар навъи худ ҷолиби диққат аст.
1- Мардумӣ ва ҳамагонӣ будан.
2- Пешқадам ва муҳим будани нақши ҷавонон.
3- Зидди истеъморӣ будан.
4- Зидди истибдод будан.
5- Зидди инҳисорталабӣ ва тамомиятхоҳи будан.
6- Зидди фасоди сиёсӣ ва молӣ будан.
7- Зидди вобаста ба бегонагон будан.
8- Мусолиматомез будан.
9- Озодихоҳӣ ва бозгашт ба ҳуввият ва арзишҳои пазируфта шуда аз тарафи аксарияти мардум.
Раҳбарӣ ва мудирият
-раҳбарии ҷамъӣ, муташаккил аз тамомии гуруҳҳои фикрӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ҳизбӣ.
– созмондиҳии санҷидаи тазоҳурот ва мудирияти дурусти буҳрон.
– иттилоърасонии илмӣ ва саривақтӣ аз тариқи шабакаҳои «Фейсбук, твитер» ва пушиши бетарафонаи руйдодҳо аз тариқи шабакаи «Алҷазира».
– тавҷеҳоти олимона ва ҳакимонаи «Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ» ва раиси он. Ҳамчунин ҳузури хуби шахсиятҳо ва ҳаракатҳои мустақил монанди Албародаӣ, Амр Мусо, шайх Қарзовӣ Воил Ғаним ва дигарон дар саҳна.
– ирода ва имони пойдор ва муқовимати қаҳрамонона дар баробари хушунатҳои неруҳои амниятии кишварҳо.
Бинобарин метавон гӯфт, ки таҳаввулоти ахир дар минтақа нашъатгирифта аз таҳаввулоти шахсиятии аксарияти мардуми минтақа мебошад. Мардум ва созмону ҳаракатҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки бидуни ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам наметавонанд дар муқобили мавҷи ҷаҳонӣ шудан аз худ дифоъ кунанд. Онҳо дарк намуданд, ки дар ҳолати вуҷуд надоштани ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ онҳо маҳкум ба нобудӣ ва шикаст ҳастанд. Бинобарин яке аз сабабҳои аслӣ, ҳамгароӣ дар атрофи арзишҳои инсонии муштарак дар миёни созмону ҳаракатҳои мавҷуд мебошад.
Хулоса
Таҳаввулоти ахир дар кишварҳои арабӣ ин умедвориро дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд овардааст, ки бистарҳои лозим барои ҳамгароии сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии кишварҳои минтақа фароҳам шавад ва ин кишварҳо мавқеияти шоистаи худро дар ҷаҳони муосир пайдо кунанд.
Аз тарафи дигар улгуҳое аз ҷомеаи маданӣ, озод, мардуммеҳвар ва шоистасолор дар кишварҳои исломӣ ироя гардад. Улгуҳое, ки каромати инсонро ҳифз намояд ва арзишҳои навинро бо фарҳанги исломӣ татбиқ созад.
Интизор меравад кишварҳои исломӣ аз узвияти расмӣ ва ҳақи «ВЕТО» дар Шурои Амнияти СММ бархурдор шаванд.
Инсонҳо дар фикри онанд, ки оммаи мардум ва пайравони ҳамаи динҳо аз неъмати озодӣ, адолат, ҳуқӯқҳои шаҳрвандии худ бархурдор шаванд.
Аз ҳама умедвории мухим он аст, ки равиши мусолиматомези ислоҳот аз суи раҳбарон дар пеш гирифта шавад ва дигар мардум бо хушунат ва зулми диктаторҳо рубарӯ нашаванд. Ҳукуматҳои дигар фурсатро ғанимат шуморанд ва пеш аз онки мардум ба хиёбон бароянд, садои онҳоро бишнаванд. Зеро мавҷи ин сунамӣ ҳоло маълум нест то куҷо идома пайдо мекунад.
Бобоҷони Қаюмзод