colorstart:#000000
Таваккул Карман, дувумин зани мусалмони яманӣ ва ҷавонтарин дарёфткунандаи ҷоизаи Нобел дар конфронси байналмилалии оид ба сулҳ дар Сеул, пойтахти Куриёи ҷанубӣ гуфтааст: Мутаассифона бисёре аз уламо дар ҷаҳони Ислом ба арзишҳои озодӣ, зиндагии хуб, демократия, баробарҳуқуқӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд, балки мухолифи чунин арзишҳоянд.
Хонуми яманӣ кишвари Мисрро мисол оварда, шадидан чунин як мавқеъгирии уламоро маҳкум карда гуфтааст: онҳое, ки аз тариқи интихобот қудрати сиёсиро ба даст оварданд, феълан саркӯбу паси панҷараи зиндон қарор доранд. Аммо дар ин маврид бадтарин аъмол он аст, ки бархе аз уламо ин раванди ғайридемократиро дастгирӣ мекунанд ва ба кӯчаҳо рехтани мардумро барои дарёфти озодӣ, зиндагии хуб ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ҳаром ҳукм мекунанд, ки комилан иштибоҳ аст.
/colorend