Саркозӣ сафари Қарзовӣ ба Фаронсаро рад кард

Абдулатифи Ҳаммод

28.03.2012, 11:20


Раиси ҷумҳури Фаронса, Николай Саркозӣ дирӯз эълом намуд, ки сафари даъватгари исломии бузург ва раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон, доктор Юсуф Қарзовӣ ба Фаронса манъ карда шавад. Ӯ баён дошт, ки дар ин бора раиси давлати Қатарро ҳам хабардор карда аст.

Тибқи барнома, доктор Юсуф Қарзовӣ моҳи апрели соли равон дар ҳамоиши солонаи ҷамъиятҳои исломӣ дар Фаронса бояд иштирок мекард.

Ҷаноби Саркозӣ гӯфт, ин қазия печида аст, зеро Қарзовӣ соҳиби шиносномаи дипломатӣ мебошад ва ҳоҷат ба раводид надорад. Ӯ афзуд, ки дар ин ҳамоиш ашхосе даъват ҳастанд, ки онҳо набояд вориди Фаронса шаванд, чунки фикрҳои онҳо зидди арзишҳои ҷумҳурии Фаронса аст.

Дар муқобил, намояндаи Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон мегӯяд, ки доктор Юсуф Қарзовӣ раводидро талаб накардааст, балки омадани ӯ хоҳиш ва иқдоми ҷамъиятҳои исломӣ дар Фаронса мебошад

Барои маълуми бештар: Юсуф Қарзовӣ, даъватгар ва олими муосири Ислом

http://nahzat.tj/ilmu-din/farhang/item/4127

More From Author

You May Also Like